Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 13.02.2023

Консулгарии Тоҷикистон бӯсаи "духтари тоҷик" ва ҳамла ба блогери русро иғво номид. ВИДЕО

Ozodi.org 

Кумитаи тафтишоти Русия ҳамлаи эҳтимолии гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба як блогери рус дар шаҳри Санкт-Петербургро таҳқиқ мекунад. Як муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст. Дипломатҳои тоҷик ин ҳодисаро иғво меноманд.

Ахбори Озодӣ аз 13-уми феврали соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ширкати "Барқи тоҷик" сабаби мавҷудияти "лимити барқ"-ро шарҳ дод, вазорати меҳнат мегӯяд, муҳоҷирати корӣ ба Британия идома меёбад, консулгарии Тоҷикистон таҳқиқи ҳамла ба блогери русро пайгирӣ мекунад ва видоъ бо зардуштии тоҷик дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.

Додситонии Хатлон дар миёни сарбозон чор ҳолати "дедовшина"-ро тафтиш кардааст

Ozodi.org 

Дар як соли ахир дар қисмҳои низомии вилояти Хатлон чор мавриди “меҳтарсолорӣ” ё “дедовшина” сабт шудааст. Наврӯз Тоҳирзода, додситони ҳарбии вилояти Хатлон мегӯяд, нисбат ба ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, афроде, ки дар “дедовшина” даст доштаанд, ҷазо гирифтаанд. “Дедовшина”, озору азияти навсарбозон аз ҷониби сарбозони бузургсолтарро мегӯянд. Тоҳирзода, меҳтарсолориро як доғ дар қувваҳои мусаллаҳ ном бурд, аммо иддао кард, ки ин ҳолат 60 дар сад коҳиш ёфтааст. Бадрафторӣ дар артиши... Читать дальше...

Бритониё маъшуқаи Путинро таҳрим кард

Ozodi.org 

Расонаҳо хабар додаанд, ки Бритониёи Кабир як маъшуқаи Владимир Путин, президенти Русияро, таҳрим кардааст. Бахши русии Радиои Озодӣ аз нақли расонаҳои мустақил навиштааст, ки ба истилоҳ "маъшуқаи Путин ва модари фарзанди ғайришаръии ӯ Светлана Кривоногих, мавриди таҳрими Британия қарор гирифтааст.  Расонае бо номи "Проект" таъкид мекунад, ки хонум Кривоногих яке аз саҳҳомони бонки "РОССИЯ" мебошад. Ҳамин манбаъ Кривоногихро дӯсти дерини Путин ва модари як духтаре меномад, ки аз Путин ба дунё овардааст. Читать дальше...

Мунтахаби ситораҳои Русия бори чордаҳум барандаи "Ҷоми афсонаҳо" гардид

Ozodi.org 

Мусобиқаи 15-уми ҷашнии “Ҷоми афсонаҳо-2023”, ки рӯзҳои 11-12-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Мегаспорт»-и шаҳри Маскав баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби ситораҳои футболи Русия ба анҷом расид.

Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, дақиқ намедонад лимит то кай давом мекунад

Ozodi.org 

Раҳбари ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, дақиқ намедонад, ки маҳдудият дар додани барқ ба сокинони минтақаҳои кишвар то кай давом мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки бебарқӣ дар ҳафтаҳои ахир боиси нигаронии сокинон шудааст. Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ин масъала ба вазъи обу ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об бастагӣ дорад". Ба таъкиди раиси ширкати "Барқи тоҷик", бо таваҷҷуҳ ба ин, феълан дақиқан гуфта наметавонад, ки лимити барқрасонӣ кай аз байн бардошта мешавад. Читать дальше...



Тоҷикистон ба Бритониё 383 муҳоҷир фиристодааст

Ozodi.org 

Соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар ин бора масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 13-уми феврал хабар доданд.   Ба гуфтаи масъулини вазорат, коргарони тоҷик дар асоси ду озмун ва аз тарафи ширкати бритонии "Про-форс” интихоб шудаанд.   Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират гуфт, коргарони тоҷик барои шаш моҳ ба Бритониё фиристода мешаванд. Муҳоҷирони тоҷик дар Бритониё асосан дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд. Читать дальше...

"Истиқлол" ба Туркия сафар кард

Ozodi.org 

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко имрӯз, 13-уми феврал, барои анҷом додани ҷамъомади таълимию тамринӣ ба шаҳри Анталияи Туркия сафар кард. Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи «Истиқлол», ҷамъомади даста дар Туркия то рӯзи 28-уми феврал идома меёбад. Дар доираи омодагӣ ба мавсими нав қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон дар Анталия бо дастаҳои хориҷӣ чаҳор бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Зимнан, «Истиқлол» ҳайаташро бо ду бозигари собиқаш - аъзои тими миллии... Читать дальше...

Қирғизистон ба Туркия 50 наҷотдиҳандаи дигар фиристодааст

Ozodi.org 

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон эълом кард, ки ба Туркия 50 корманди дигари наҷоти худро фиристодааст. Ба гуфтаи вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Бообек Ажикеев, 12 феврал 50 корманди наҷот, 6 табиб, 75 хайма ва шахсоне, ки онҳоро насб мекунанд, тавассути парвози махсус ба Туркия фиристода шудаанд. Вазири қирғиз афзудааст, ки давоми ҳафтаи оянда ба Туркия 50 корманди дигари наҷот ва хаймаҳо фиристода мешавад. Мақомоти Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, ки 12 феврал ба Туркия 100 корманди наҷоти дигар мефиристанд. Читать дальше...

Маршал Дӯстум аз Душанбе ва Тошканд хост, чархболҳои ҳукумати пешинро ба Ҷабҳа бидиҳанд

Ozodi.org 

Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии Афғонистон ва собиқи муовини аввали раиси ҷумҳури он кишвар аз Тоҷикистон ва Узбекистон хостааст, ки чархболҳои ҳукумати пешинро дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қарор диҳанд.

Созиши нави Тошканду Кобул барои истифодаи роҳи оҳани "Мазори Шариф-Ҳайратон"

Ozodi.org 

Узбекистон ва Афғонистон дар робита ба истифодаи қитъаи роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф дар давоми ду соли оянда созишномаи нав ба имзо расониданд. Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Ширкати давлатии “Ӯзбекистон темир йӯллари” хабар доданд, ки намояндагони Идораи роҳи оҳани Афғонистон ва “Суғдиён Транс” (ширкати фаръии “Ӯзбекистон темир йӯллари”) 12 феврал дар шаҳри Тирмиз созишномаро имзо карданд. Тибқи созишнома, “Суғдиён Транс” давоми ду соли оянда фаъолияти худро дар қитъаи роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф идома хоҳад дод. Читать дальше...

Шумори қурбониёни зилзила дар Туркияву Сурия ба 34000 расид

Ozodi.org 

Шумори қурбониёни заминларзаи рӯзи 6-уми феврал дар Туркия ба беш аз 29,5 ҳазор нафар ва тибқи иттилои "Al Jazeera", дар Сурия ба 4,5 ҳазор расидааст. Ҳамчунин дар ҳар ду кишвар зиёда аз 80 ҳазор кас захмӣ шуда, садҳо ҳазор нафари дигар бехона мондаанд. Корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд ва дар онҳо наҷотбахшон аз 70 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон ширкат доранд. Мақомоти турк дар робита ба фурӯрезии баландошёнаҳои зист тафтишотро оғоз ва беш аз 100 касро дастгир кардаанд. Зиёда аз 50 кас ба ғоратгарӣ айбдор мешавад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Вероника Кудерметова завершила выступление на турнире WTA в Мадриде






Песков: Россия выступает за продолжение контактов Азербайджана и Армении

ЮМЗ поставит турбодетандерный агрегат на Обский СПГ-завод НОВАТЭКа к 2025 г.

Винер заявил о попытках уничтожить художественную гимнастику

Прокурор ЦВО возглавил надзорное ведомство воссозданного Московского военного округа