Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 27.02.2023

Аз зери тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ду ҷасади дигар пайдо кардаанд

Ozodi.org 

Рӯзи 27-уми феврал аз зери тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз ду ҷасади дигар пайдо шудааст. Масъулини идораи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Айнӣ мегӯянд, яке аз қурбониён писарбачаи тахминан 12 сола аст. Рӯзи 26-уми феврал як мошини сабукрав дар наздикии нақби Шаҳристон зери тарма монд ва аксари мусофиронаш фавтиданд. Як масъули бахши ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, кофтукоби боз як ҷасади дигар дар ҷойи ҳодиса идома дорад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар умум аз зери тармаҳо дар ду рӯзи охир 4 ҷасад берун оварда... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 27-уми феврали соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Гузориш аз мактаби торик дар маркази шаҳри Душанбе, дахолати Ӯзбекистон ба қазияи маошҳои пардохтнашудаи муҳоҷирон дар Русия, кӯшиши танзими тӯйу маросими анъанавӣ дар Қирғизистон ва матолиби дигар.

Эътирози муҳоҷирон. Узбекистон вокуниш кард, Тоҷикистон хомӯш аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Узбекистон аз бархӯрди як ширкати Русия бо муҳоҷиронаш эътироз баён кард. Кормандони он, ки шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистонанд, бо эътироз аз пардохт нашудани муздашон даст ба тазоҳурот заданд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин робита хомӯшӣ ихтиёр кардаанд.

“Бонуи шуҷоъ.” Тирандозии даҳҳо зану духтар дар Суғд

Ozodi.org 

Беш аз сад зану духтар дар вилояти Суғд  дар мусобиқаи тирандозӣ иштирок карданд. Созмондиҳандагони ин мусобиқаи варзишӣ гуфтанд, ки теъдоди занону духтарони ҳавасманд ба тирандозӣ бештар шудааст. Тирандозӣ ба хотири таҷлил аз “Рӯзи артиш” дар 23-юми феврал баргузор шуд. Занону духтарон бо тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ байни ҳам мусобиқа карданд.

Дар Тоҷикистон 12 нафарро барои никоҳи духтарони ноболиғ ҷавобгар кардаанд

Ozodi.org 

Дар чор соли ахир дар Тоҷикистон тақрибан 90 нафарро барои ба шавҳар додани ноболиғон ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Бино ба омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли гузашта 12 нафар барои издивоҷи ғайриқонунии духтароне, ки тибқи қонун ба синни оиладорӣ нарасидаанд, муҷозот шудаанд. Солҳои пештар ин рақам зиёдтар будааст. Дар гузориши ҳафтуми Тоҷикистон ба Кумита оид ба хатми нақзи ҳуқуқи занон дар СММ, ки моҳи декабр нашр шудааст, омадааст, аз соли 2017 то соли 2022 дар кишвар беш аз 100 ҳолати... Читать дальше...

Президенти UFC ҳаводории бесобиқа аз варзишгари тоҷикро ситоиш кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дана Вайт, президенти UFC (Ultimate Fighting Championship), аз дастгириву ҳаводории тоҷикистониён ҳангоми рақобати Нурулло Алиев, размикори тоҷик, ситоиш кард. Ӯ бо нашри наворе, ки дар он ҳазорон нафар дар нисфи шаби 25 ба 26- уми феврал барои мухлисӣ аз Нурулло Алиев дар варзишгоҳи Душанбе ҷамъ омада буданд, гуфт: “Бубинед, чӣ теъдод аз одамон барои дидани аввалин муҳорибаи Нурулло дар UFC ҷамъ омадаанд. Ин олӣ аст.” Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар аввалин... Читать дальше...



Идомаи ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Ozodi.org 

Ҷасади ду мусофири зери тармамонда дар роҳи Душанбе-Чаноқ то ҳол пайдо нашудааст. Мақомот мегӯянд, эҳтимол на як, балки ду мошин рӯзи 26-уми феврал дар наздикии нақби "Шаҳристон" зери тарма рафта бошанд.   Масъулини бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи гузашта ҷасади ду нафар як мард ва як занро пайдо карда, ба ноҳияи Шаҳристон фиристоданд. "Ҳозир кофтукоби ҷасадҳои дигар идома дорад, дар таги тарма маълум нест. Гуруҳи зудамал аз вилоят ҳам омадаанд",-афзуд ҳамсуҳбати мо. Читать дальше...

Иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Узбекистон доир мегардад, иштирок хоҳад кард. Футболбозони ҷавони тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассис аз Беларус, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2-юми март), Умон (5-уми март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-уми март) рақобат мекунанд. Дар мавриди ба 1/4 финал роҳ пайдо кардан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Чин ва Қирғизистон – бозӣ хоҳад кард. Читать дальше...

Қирғизистон содироти пиёзро дубора иҷозат дод

Ozodi.org 

Вазорати кишоварзии Қирғизистон қарори манъи содироти пиёз аз ин кишвар ба хориҷро бекор кард. Хадамоти матбуотии вазорат гуфтааст, ин тасмим ба хотири дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ ва афзоиши содирот гирифта шудааст. Девони вазирони Қирғизистон содироти пиёз ба хориҷро аз 1 феврал манъ карда буд. Он замон гуфта шуд, ки ин иқдом ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ ва пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозорҳои маҳаллӣ сурат мегирад. Қаблан Қазоқистон ҳам содироти пиёзро барои се моҳ манъ карда буд. Читать дальше...

Эрон сафорати Афғонистонро ба Толибон дод. Ҷабҳа "суолбарангез" хонд

Ozodi.org 

Эрон рӯзи якшанбеи 26-уми феврал сафорати Афғонистон дар Теҳронро ба Толибон супурд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд аз ин тасмими Теҳрон интиқод кард ва онро "суолбарангез" хонд.

Мирзиёев: "Пешниҳодҳо аст, ки расонаҳоро бандам, вале ман намебандам"

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, дар шароити озод будани расонаҳо кор кардан мушкилтар аст. Ба гуфтаи Мирзиёев, ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки расонаҳоро "бандад". Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов мегӯяд, Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни боздид аз мактаби рақами 71-и ноҳияи Қаршии ин кишвар бори дигар пуштибонии худро аз расонаҳо баён кардааст. “Мо садои одилонаи мардумро нашунидем, зеро кишвари пӯшида будем. Аз расонаҳо пуштибонӣ намекардем ва нашунидем. Ба шумо писанд аст, ки бӯйи озодӣ ба машоматон бирасад? Читать дальше...

Дар Туркия баъди заминларза зидди 600 кас тафтишот оғоз шуд

Ozodi.org 

Пулиси Туркия дар робита ба фурӯрезии биноҳо дар натиҷаи заминларзаи сахти 6 феврал 182 касро боздошт кардааст ва беш аз 400 тани дигар ҳамчун гумонбар дониста мешаванд. Бино ба хабари "Associated Press", боздоштшудаҳо асосан пудратчиёни сохтмони биноҳо, соҳибон ё мудирони биноҳо мебошанд. Ба гуфтаи вазири адлияи Туркия, далелҳо дар макони фурӯрезии биноҳо барои таҳқиқи ҷиноӣ асос шудааст. Коршиносон мегӯянд, бештари биноҳое, ки ба заминларза тоб наоварданд, эҳтимол бо маҳсулоти сохтмонии бесифат... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Как Рыбакиной стать второй ракеткой мира: расклад от WTA






Жители СНТ Новой Москвы получат консультации по вопросам оформления прав собственности на недвижимость

Дожди и грозы ждут Москву в субботу

Эксперты дали советы по выбору идеального района для семейной жизни в Москве

Москва готовится к майским праздникам: парковка будет бесплатной