Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 16.02.2023

"Абдуллоҳро баргардонед." Эътироз ба тарафдории паноҳҷӯи ихроҷшудаи тоҷик дар Олмон

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз тоҷикони муқими Олмон ҳамроҳ бо дӯстони олмониашон бо талаби пас гардондани Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, дар шаҳри Дортмунд эътироз карданд. Дар этирозе, ки нисфирӯзии 16-уми феврал дар назди Идораи кор бо хориҷиёни шаҳри Дортмунд баргузор шуд, беш аз 30 нафар тоҷикону олмониҳо ширкат карданд. Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18-уми январи имсол аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуд, вале наздиконаш мегӯянд, дар бораи макони будубоши ӯ хабар надоранд. Читать дальше...

Владимир Путин ба наздикони фавтидагон дар ВМКБ таслият гуфт

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия, ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба марги 16 сокини вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар зери тарма ҳамдардӣ баён кардааст. Рӯзи 15-уми феврал тарма чанд хонаро дар шаҳри Хоруғ зер кард. Дар шаҳри Хоруғ ҷасади 14 касро аз зери тарма берун карданд ва ҷустуҷӯи як нафари дигар давом дорад. Ду нафари дигар дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ зери тарма монданд. Владимир Путин дар номаи худ, ки онро сомонаи Кремл рӯзи 16-уми феврал нашр кардааст, ба наздикону... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 16-уми феврали соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Мубаллиғи ДОИШ ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба муддати 21 сол аз озодӣ маҳрум шуд, дар Бадахшон амалиёти ҷустуҷӯйи қурбониҳои тарма давом дорад, раҳбари нави вилояти Хатлон дар нишасти матбуотиаш ҳузур надошт ва матолиби дигар.

Тармаи маргбор дар Хоруғ ҷони чанд сокинро гирифт

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар шаҳри Хоруғ ҷустуҷуи ду фарде идома дорад, ки зоҳиран тармаи маргбор мондаанд. Дар натиҷаи фалокати табиӣ дар маркази маъмурии Вилояти Куҳистони Бадахшон дар рӯзи 15-уми феврал даҳҳо нафар кушта ва маҷруҳ шуданд.



Беш аз 80 дар сади андозро сокинон дар Тоҷикистон онлайнӣ супурдаанд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон дар соли гузашта сокинон бештар аз 80 дарсади андозро онлайнӣ супурдаанд. Масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, дар гузашта сокинон андози худро бештар бо пули нақд месупурданд. Бо пули нақд супурдани андозро коршиносон олуда ба фасод медонистанд. 50 дарсади пули буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андозест, ки сокинон месупоранд. Нусратулло Давлатзода раиси кумитаи андози Тоҷикистон рузи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "дар соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷаи давлат 15 миллиарду 387 миллион сомонӣ ворид шуд.

Кумитаи занон сабаби афзоиши талоқро шарҳ дод

Ozodi.org 

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, талоши дарёфти шаҳрвандии Русия тавассути никоҳҳои қалбакӣ як сабаби афзоиши омори талоқ дар кишвар шудааст. Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумита ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта беш аз 13 ҳазор хонавода аз ҳам пош хӯрдаанд, ки нисбат ба як соли пеш 162 адад бештар аст. Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии хонаводаҳои ҷудошуда дар Хатлон қариб 25 дарсад, Ванҷ 40 дарсад ва Рашт 21 дарсад афроде мебошанд, ки ба хотири душаҳрвандӣ расман аз ҳамсарони худ ҷудо шуда... Читать дальше...

Раҳмон ба наздикони фавтидагон дар ВМКБ таслият гуфт

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба пайвандону наздикони нафарони ҳалокшуда дар пайи тармафароӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори таслият кард. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал хабар дод, ки ҳамчунин бо супориши Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби идораҳои давлатӣ комиссия таъсис шуда масъулин вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳ оқибатҳои онро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддӣ, аз ҷумла маводи хӯрока... Читать дальше...

"Аз гиряи боздоштшудагон лаззат мебурд." Нақли бонувони тазоҳургар дар Эрон

Ozodi.org 

Чанде аз бонувони тазоҳургар, ки дар ҷараёни саркӯби тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ дар Эрон дастгир шуданд, бо Радиои Фардо дар бораи ранҷу азобе, ки кашидаанд, суҳбат карданд. Онҳо қисса карданд, ки чӣ гуна маъмурони амниятӣ дар боздоштгоҳ онҳоро латукӯб кардаву озор медоданд.

Шумораи қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 16 нафар расид

Ozodi.org 

Дар пайи фаромадаи баҳман ё тарма рӯзи 15-уми феврал, 16 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Мақомот мегӯянд, 13 нафар аз фавтидагон дар Хоруғ, ду нафар дар Ванҷ ва як нафари дигар дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҷони худро аз даст додаанд.

СММ: Гурӯҳҳои тундрав аз Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро таҳдид мекунанд

Ozodi.org 

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ДОИШ, "Ал-Қоида", Таҳрики Толибони Покистон, Ҳаракати исломии Узбекистон, Ҷамъияти "Ансоруллоҳ", гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" ва бисёре аз гурӯҳҳои тундгаро дар ҳоли ҳозир Афғонистон фаъоланд.

Зидди сиёсатмадори мухолифи қирғиз 12 парванда боз шудааст

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек муҳлати ҳабси пешакии сиёсатмадори мухолиф ва собиқ сафири ин кишвар дар Малайзия Азимбек Бекназаровро боз ду моҳи дигар, то 20 апрели имсол дароз кард. Азимбек Бекназаров баъди берун шудан аз додгоҳ ба рӯзноманигорон гуфт, зидди ӯ 12 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. "Ман намедонам, онҳо чи гуна парванда ҳастанд. Маро бо онҳо шинос накардаанд ва танҳо гуфтанд, ки 12 парванда ҳаст", - изҳор дошт Бекназаров. Вакили дифои сиёсатмадори қирғиз Эркин Булекбоев хабар дод... Читать дальше...

Як хабарнигор баъди навиштан дар бораи дороиҳои наздикони Тоқаев зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигори қазоқистонӣ Махамбет Абжан, ки ахиран 9 сол зиндонӣ гашт, 15 феврал дар шаҳри Остона тазоҳуроти инфиродӣ баргузор карда шуд. Ин тазоҳуротро бародари рӯзноманигор Мақсад Абжанов бо иҷозати мақомот дар кӯчаи Мангилики Остона баргузор кард ва дар даст лавҳаеро бо даъвати раҳоии рӯзноманигорони дигари зиндонии Қазоқистон дошт. Гулзира Дусембоева, ҳамсари Махамбет ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, Абжанов тасмим гирифтааст, ки давоми 15 рӯзи оянда бо талаби раҳоии бародараш тазоҳуроти инфиродӣ баргузор кунад. Читать дальше...

Порлумони Аврупо хостори озодии Саакашвилӣ шуд

Ozodi.org 

Порлумони Аврупо 15-уми феврал бо қабули як қатънома аз мақомоти Гурҷистон даъват кард, собиқ раҳбари зиндонии ин кишвар Михаил Саакашвилиро озод карда, иҷозат диҳанд, ки дар хориҷ табобат бигирад. Вакилони порлумон ҳамчунин тағйиротеро дар бораи зарурати эъломи таҳрим зидди сарвазири пешини Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ, ки ҳанӯз ҳам қудратмандтарин сиёсатмадор дар он кишвар маҳсуб мешавад, ҷонибдорӣ карданд. Дар қатънома гуфта шудааст, ки пушти таъқибҳои Саакашвилӣ олигарх Иванишвилӣ меистад ва ӯ мехоҳад... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Потапова проиграла Фернандес во втором круге турнира WTA в Мадриде






Победительницей Всероссийского конкурса красоты стала Светлана Сологуб из Магнитогорска

Главу Гагаузии после визита в Москву ждали в аэропорту Кишинева сотни встречающих и тщательный досмотр силовиков

«Второй рассвет счастья»: каким знакам зодиака повезет в любви в мае

В Чурапчинском районе вынесен приговор члену ОПГ за покушение на сбыт наркотиков