Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Новости за 15.02.2023

Мардеро барои таҳқири Лукашенко зиндон карданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар ғарби Беларус мардеро бо иттиҳоми таҳқири раҳбари ин кишвар Александр Лукашенко ба ду соли зиндон маҳкум кард. Маркази ҳуқуқи башари “Весна”, ки дар Минск қарор дорад, рӯзи 15-уми феврал гуфт, Максим Зайтсев барои нашри ду матлаби, ба қавли додгоҳ, таҳқиромез дар Телеграм канал дар солҳои 2021 ва 2022 дар бораи Лукашенко ва ҳам раиси шаҳри Брест айбдор дониста шуд. Соли 2020, баъди интихоботе, ки Лукашенко дар он худро ғолиб эълон кард, даст ба саркӯби шадиди гурӯҳҳои оппозитсионӣ... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 15-уми феврали соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Дар манотиқи офатзадаи Хоруғ амалиёти наҷот идома дорад, вазири умури дохилӣ мегӯяд, даҳ ҳамҷинсгаро барои сирояти бемориҳои гузаранда боздошт шудааст, нороҳатии хабарнигорони суғдӣ аз нишасти хадамоти муҳоҷират ва матолиби дигар.

Сарватманди рус таъсиси "Фабрикаи ҷавоб"-ро кори худ донист

Ozodi.org 

Евгений Пригожин, раҳбар ва ҳаммуассиси гурӯҳи тиҷоратии “Вагнер”, ки чун шахси бисёр наздик ба президенти Русия Владимир Путин шинохта шудааст, бори аввал эътироф кард, ки  бунёдгузор ва раҳбару ҳамоҳангсози фабрикаи ҷавоби ҳукумати Русия ё Оҷонсии таҳқиқоти интернетӣ будааст.

Отамбоев барои табобат ба Испания рафт

Ozodi.org 

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 15-уми феврал барои табобат ба Испания рафт. Дар ин бора Асел Кодуранова, вакили пешини порлумон хабар дод. Кодуранова гуфт, Отамбоев баъди муолиҷа ба Қирғизистон бармегардад. "Ҳоло намедонем, ки чанд муддат вай дар Испания хоҳад монд, зеро дар 3,5 соли зиндон вазъи сиҳатии вай бад шудааст. Эҳтимоли зиёд мавҷуд аст, ки ӯро ҷарроҳӣ кунанд. Аммо вай ҳатман ба Қирғизистон бармегардад", - афзуд Кодуранова. Пештар аз ин додгоҳи ноҳияи Якуми майи... Читать дальше...

Ду сокини Хоруғ зери тарма ҷон доданд. АКС

Ozodi.org 

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз зери тарма дар шаҳри Хоруғ ду ҷасад ва 5 нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсоларо берун оварданд. Субҳи рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ - маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан даҳ хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф мондаанд. Умеда Юсуфӣ сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 15- уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд. Читать дальше...



Дар Кӯлоб мошини додситони Восеъро оташ заданд

Ozodi.org 

Мақомот як сокини 50-солаи шаҳри Кӯлобро бо гумони оташ задани мошини Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони ноҳияи Восеъ, боздошт кардаанд. Шаби 12 ба 13-уми феврал мошини хидматии додситони Восеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб оташ гирифт. Мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, ки зоҳиран мошин қасдан оташ зада шудааст. Ду манбаъ дар додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сокини 50-солаи Кӯлоб бо гумони “қасдан оташ задани амволи давлатӣ” боздошт шудааст. Читать дальше...

Муҳлати бақайдгирии симкортҳо як соли дигар тамдид шуд

Ozodi.org 

Муҳлати бақайдгирии симкортҳо як соли дигар дароз карда шудааст. Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон иттилоъ дод.  Тибқи қарори қарори ҳукумат, муҳлати бо шиносномаи нав ба қайд гирифтани симкортҳо рӯзи 15-уми феврал ба анҷом мерасид. Ширкатҳои мобилӣ ҳушдор доданд, ки симкортҳоеро, ки аз қайд нагузаштаанд, хомӯш мекунанд.   Рамазон Раҳимзода гуфт, баъди дастгирӣ ёфтан аз сӯи раиси ҷумҳур, муҳлати бақайдгирии симкортҳо боз як соли дигар дароз карда шуд. Читать дальше...

ВКД гуфт, пас аз марги сокини Кӯлоб се милиса боздошт ва чанде аз кор ронда шуданд

Ozodi.org 

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба қазияи марги Абдуқаҳҳор Розиқов се корманди милиса боздошт ва "чанд нафари дигар аз мақомот озод шудаанд." Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ва соҳиби ду фарзанд шаби 2-юми январ аз тарафи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон дода буд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, се корманди милиса барои хунукназарӣ ҳангоми боздошти Абдуқаҳҳор Розиқов боздошт шудаанд ва чанд нафари дигар ҳам аз кор ронда шуданд. Читать дальше...

Вазир гуфт, дар бораи боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин хабар надорад

Ozodi.org 

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, хабар надорад. Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18-уми январи имсол аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуд, вале наздиконаш мегӯянд, дар бораи макони будубоши ӯ хабар надоранд.   Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин аз расонаҳо огоҳ шудаанд, "лекин дар мақомоти корҳои дохилӣ дастгир шудагӣ нест ва мо огоҳ нестем". Читать дальше...

Дар як сол ба Тоҷикистон 767 мошини барқӣ ворид шудааст

Ozodi.org 

Дар як соли гузашта ба Тоҷикистон 767 мошини барқӣ ё "электромобил" ворид шудааст. Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, маблағи ин теъдод мошинҳои воридшуда қариб 18 миллион доллар будааст. Аммо масъулини ин хадамот нагуфтанд, ки ин мошинхо аз кадом кишварҳо ворид шудааст.  Гуфта мешавад аксари мошинҳои барқие, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ба ширкати "Як таксӣ" рост меоянд. Баъзе ронандаҳо ва кормандони ширкат, гуфтанд, 3 нуқтаи таъминоти барқро барои мошинҳои барқӣ ташкил намудаанд. Ҳар... Читать дальше...

Бозии санҷишии футболбозони ҷавони тоҷик бо Узбекистон бидуни гол хотима ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии  сармураббӣ Олег Кубарев, мутахассиси беларусӣ, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия бозии охирини санҷишӣ баргузор кард.

Шумори қурбониёни зилзила дар Туркия ва Сурия аз 40 ҳазор нафар гузашт

Ozodi.org 

Шумори қурбониёи зилзила дар Туркия ва Сурия ба беш аз 40 ҳазор нафар расидааст. Телевизиони давлатии Туркия (TRT) рӯзи 15-уми феврал гузориш дод, ки то кунун марги беш аз 35 ҳазор дар Туркия ва наздик ба 6 ҳазор дар Сурия таъйид шудааст.

Отамбоев даъвоҳои додгоҳияшро алайҳи расонаҳо "иштибоҳ" номид

Ozodi.org 

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев баъди раҳоӣ аз зиндон ба рӯзноманигорон даъвоҳои додгоҳияшро алайҳи як қатор расонаҳои маҳаллӣ дар соли 2017 шарҳ дод. Ба гуфтаи Отамбоев, ӯ иштибоҳи худро баъдар дарк кард. "Озодии матбуот бояд бошад. Вақте ба додгоҳ шикоят кардам, як иштибоҳ роҳ додам. Инро ба назар нагирифтам, ки ман раисҷумҳур ҳастам ва додгоҳҳои мо ҳамеша ҷониби нерумандтаринҳоро мегиранд", - изҳор дошт вай. Додситони кулли Қирғизистон Индира Ҷолдубоева моҳҳои марту апрели соли 2017 ба додгоҳ 5 шикоят бурда... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Потапова проиграла Фернандес во втором круге турнира WTA в Мадриде






Стало известно о работе полиции в «Институте кроссовок и любви» в Москве

Врач Тяжельников рассказал о допустимой порции шашлыка

Улан-Удэнский ЛВРЗ подвел производственные итоги первого квартала 2024 года

Рубль на открытии торгов Московской биржи вырос к доллару