Шайх Салмон дигарбора президенти AFC интихоб шуд
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 57-сола аз Баҳрайн дигарбора президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) интихоб шуд ва ба муддати чаҳор сол дар ин мақоми худ боқӣ хоҳад монд.
Ӯ дар Конгресси 33-юми Конфедератсиони футболи Осиё, ки 1-уми феврал дар пойтахти Баҳрайн - шаҳри Манама баргузор шуд, дигарбора раҳбари AFC интихоб гардид. Инчунин ӯ ноиби президенти FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) аз қораи Осиё шуд.
"Мехоҳам аз ҳамаи шумо, ки барои чаҳор соли дигар ба ман бовар кардед, ташаккур гӯям. Футболи Осиё ба аҳди нав ворид мешавад", – гуфт Шайх Салмон бин Иброҳим Ал Халифа пас аз интихоб шуданаш ба вазифаи президенти AFC.
Дар конгресс ҳамчунин ноибони президент ва аъзои кумитаи иҷроияи AFC, инчунин шӯрои FIFA интихоб шуданд.
Дар кори конгресс роҳбарони федератсияҳои миллии футболи қораи Осиё, аз он ҷумла Тоҷикистон, ширкат карданд.
Зимнан, Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа, ки қаблан раиси Созмони футболи Баҳрайн буд, аз моҳи майи соли 2013 вазифаи раиси AFC-ро бар ӯҳда дорад. Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси собиқи AFC, соли 2011 ба иллати даст доштан дар фасод аз ҷониби FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) барканор шуда буд.
Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа борҳо бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст. Вай бори охирин моҳи майи соли 2022 ба Душанбе омада, бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ карданд.
Дар Конгресси 33-юми AFC Арабистони Саудӣ макони баргузории марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тасдиқ гардид. Ин кишвар бори аввал дар таърихи худ мизбони муҳимтарин мусобиқаи қораи Осиё оид ба футбол хоҳад шуд.