Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Додситонии Хатлон дар миёни сарбозон чор ҳолати "дедовшина"-ро тафтиш кардааст

0
Додситонии Хатлон дар миёни сарбозон чор ҳолати

Дар як соли ахир дар қисмҳои низомии вилояти Хатлон чор мавриди “меҳтарсолорӣ” ё “дедовшина” сабт шудааст.

Наврӯз Тоҳирзода, додситони ҳарбии вилояти Хатлон мегӯяд, нисбат ба ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, афроде, ки дар “дедовшина” даст доштаанд, ҷазо гирифтаанд.

“Дедовшина”, озору азияти навсарбозон аз ҷониби сарбозони бузургсолтарро мегӯянд.

Тоҳирзода, меҳтарсолориро як доғ дар қувваҳои мусаллаҳ ном бурд, аммо иддао кард, ки ин ҳолат 60 дар сад коҳиш ёфтааст.

Бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон ҳарфи нав нест ва ҳамасола хабарҳо аз зургӯйӣ ё “дедовшина” расонаӣ мешавад. Бадрафторӣ бо сарбозон, ки дар баъзе ҳолат ба маъюб ё марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ меанҷомад, ба гуфтаи огоҳон, яке аз сабабҳои аслии саркашии аксар намояндагони насли нав аз хизмат дар артиш шудааст.

Коршиносон мегӯянд, меҳтарсолорӣ ё бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон нисбати навсарбозон падидаи нав нест. Ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон мегӯянд, дар як сол аз 10 то 15 парвандаи ҷиддиро, ба мисли ба худкушӣ расондан ва куштори сарбозон, мақомот месанҷанд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Андрей Рублев поднялся на шестое место в рейтинге ATP






Лукашенко назвал победу в ВОВ связующей нитью между народами РФ и Белоруссии

Захарова сообщила о решении России не приглашать на парад Победы послов недружественных стран

СМИ узнали, что случилось с Суровикиным и где он сейчас

Ученые нашли способ предсказать тяжелую форму COVID-19