Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Муҳлати бақайдгирии симкортҳо як соли дигар тамдид шуд

0
Муҳлати бақайдгирии симкортҳо як соли дигар тамдид шуд

Муҳлати бақайдгирии симкортҳо як соли дигар дароз карда шудааст. Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон иттилоъ дод. 

Тибқи қарори қарори ҳукумат, муҳлати бо шиносномаи нав ба қайд гирифтани симкортҳо рӯзи 15-уми феврал ба анҷом мерасид. Ширкатҳои мобилӣ ҳушдор доданд, ки симкортҳоеро, ки аз қайд нагузаштаанд, хомӯш мекунанд.  

Рамазон Раҳимзода гуфт, баъди дастгирӣ ёфтан аз сӯи раиси ҷумҳур, муҳлати бақайдгирии симкортҳо боз як соли дигар дароз карда шуд. 

Масъулини Хадамоти алоқа 30-юми январи имсол гуфтанд, беш аз ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, "аз ду миллиону 15 ҳазор симкорте, ки соҳибонашон онҳоро аз нав сабти ном накардаанд, 882 ҳазораш фаъол ҳастанд". 

Дар Тоҷикистон соли 2014 шиносномаҳои кӯҳнаро ба шиносномаҳои пластикии шакли нав иваз карданд. Аз он сол то кунун борҳо мақомот ба шаҳрвандон мӯҳлат доданд, то ба шиносномаҳои шакли нав симкортҳояшонро сабт кунанд. Бар асоси омори расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шумораи умумии муштариёни ширкатҳо ба 8,3 млн баробар аст, ки аз ин 6,4 млн ададашон фаъоланд. 

Тасмими бо шиносномаи нав сабтином кардани симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бар асоси як қарори ҳукумат шуруъ шуд. Ин тасмим анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва танқидҳои зиёдеро дар пай дошт. 

Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, вале мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим шумурданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Саснович вышла в основную сетку турнира WTA-1000 в Риме






Грузовик насмерть сбил девочку на велосипеде в Подмосковье

Воробьёв возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата в Москве

Университет в Финляндии уволил профессора из-за связей с Россией

Митинг ко Дню Победы прошел на механическом заводе Солнечногорска