Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Дар сӯхтори бозори Панҷ соҳибкорон зиён диданд. ВИДЕО

0
Дар сӯхтори бозори Панҷ  соҳибкорон зиён диданд. ВИДЕО

Дар пайи сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чандин нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафтааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал дар хабарномае гуфт, сӯхтор шаби 18-уми феврал дар маркази савдои “Фархундаи Шӯҳрат” сар зад ва алангаи оташ дар масоҳати 240 метри мураббаъ паҳн шуда, 13 нуқтаи хизматрасониро фаро гирифтааст.

Барои хомӯш кардани сӯхтор 7 мошини оташнишонӣ ва беш аз 80 маъмури Идораи сӯхторхомушкунӣ сафарбар шудаанд. Зарари расида аз ин оташсӯзиро мақомот эълон накардаанд, аммо дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфта шудааст, ки ба маблағи 30 миллион сомонӣ молу амволи соҳибкоронро наҷот додаанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи ин сӯхтор беш аз 15 дӯкони молу маҳсулоти соҳибкорон ва ду мағозаи калони дуошёна пурра оташ гирифтааст. Сабаби сар задани сӯхтор расман расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар симчӯб гуфта шудааст.

Ду сол пеш низ дар моҳи январ дӯконҳои соҳибкорон дар ноҳияи Панҷ ба коми оташ рафта буд. Ҳамчунин моҳи июни соли гузашта дар оташсӯзие дар бозори “Фаровони” Бохтар як нафар ҷон бохта, соҳибкорони зиёде пулу моли худро аз даст доданд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад.

Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Свентек выиграла титул WTA в Мадриде






Лукашенко: Минск не будет рисовать никаких линий, мгновенно ответит на агрессию

Видели смерть, но не разучились смеяться. Советские режиссеры-фронтовики

В аэропортах Великобритании произошёл сбой в системе службы погранконтроля

СМИ: Россиян обяжут согласовывать банковские переводы с родственниками