Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2023

Шоҳин Саидзода, раҳбари пешинаи Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф бозпурсӣ шудааст 

0
Шоҳин Саидзода, раҳбари пешинаи Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф бозпурсӣ шудааст 

Шоҳин Саидзода, раҳбари пешинаи Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва писари Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон бозпурсӣ шудааст. 

Дар ин бора Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Дар гузашта бархе аз расонаҳо навишта буданд, ки Шоҳин Саидзода ба рабудани маблағҳо ва сӯиистифода аз мақом гумонбар мешавад. 

Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рузи 17-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт:

“нисбати сармуҳосиб ва ду нафар мутахассиси пешбари хазинадор парвандаи ҷиноятӣ боз кардем. Маблағ дар ҳаҷми 1 миллион 830 ҳазор сомонӣ ба пуррагӣ барқарор карда шуд ва парвандаи ҷиноятӣ ба додгоҳ ирсол гардид. Собиқ роҳбар, яъне Шоҳин Саидзода дар доираи парвандаи ҷиноятӣ ба сифати шоҳид мавриди пурсиш қарор гирифт”.  

Шоҳин Саидзодаро як сол пеш аз мансаб барканор кардаанд. Сабаби барканории ӯро “гузаштан ба кори дигар” гуфта, вале дар бораи мансаби наваш хабаре надоданд. Ӯ ду сол мудири Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент буд. Ба гуфтаи бунгоҳи зидди коррупсия худи вай дар ҷиноятҳои ниҳоди худ даст надоштааст.

Шоҳин Саидзодаи 39-сола, писари Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва вазири пешини маориф,  хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро гирифтааст.

Исми Саидзода, соли 2018 дар робита ба қазияи асардуздӣ расонаӣ шуда буд. Пойгоҳи "Диссернет" дар Русия ӯро ба асардуздӣ муттаҳам кард, вале соли 2019 намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, кори Шоҳин Саидзода бо иттиҳоми асардуздӣ бекор нашудааст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Саснович пробилась во второй раунд турнира WTA-1000 в Риме






Задымление произошло в ТЦ «Южные ворота» на юге Москвы, людей эвакуируют

На квадроциклах и мотобайках в память о дедушках и бабушках: в Подмосковье состоялся сельский автопробег в День Победы

В Милане и Неаполе прошли шествия «Бессмертного полка»

Минобороны показало работу летчиков пилотажных групп с парада Победы с высоты