"Дар масҷиди мо намоз мехонанд." Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад? ВИДЕО
Намояндагони чанд идораи давлатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз эҳтимоли боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон хабар доданд. Асосан ин нуктаро раҳбарони мақомоти интизомӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон охири ҳафтаи гузашта баён доштанд. Сарҳади ду кишвар тақрибан ду сол боз бастааст.