Муовини раиси як ноҳияро дар Хатлон боздошт карданд
Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ, ки масъули сохтмон ва тақсими замин буд, дастгир шудааст. Мақомот хабарро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёт надоданд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Худоёрзода ҳафтаи гузашта боздошт шуд.