"Рӯз ба кӯҳ мебароем." Мушкили сокинони як маҳалла дар сарҳад бо Қирғизистон. ВИДЕО
Сокинони маҳаллае дар ҷамоати Ворухи Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Қирғизистон, чанд сол боз аз фароҳам набудани иртиботи телефониву интернетӣ азият мекашанд. Онҳо мегӯянд, ин вазъ ҳангоми муноқишаҳои марзӣ ба онҳо душвориҳои зиёдро пеш меорад.