Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 10.05.2022

"Ҷиноҳи низомӣ". Кабирӣ баёнияи баҳсбарангезашро шарҳ дод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Раҳбари Паймони миллӣ ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкили "ҷиноҳи низомӣ"-и мухолифинро "як раванди табиӣ" дониста, иддао кардааст, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оппозитсияи бесилоҳро писанд намекунад.

Кабирӣ баёнияи баҳсбарангезашро шарҳ дод

Ozodi.org 

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва раиси Паймони миллии Тоҷикистон, ташкили ҷиноҳи низомии мухолифин дар Тоҷикистонро "як раванди табиӣ" донистааст. Радиои Озодӣ аз ӯ пурсид, ки ин гуфтаҳояш чӣ маънӣ доранд.

Шикояти низомиёни қирғиз, ки дар "посдории сулҳ" дар Қазоқистон иштирок доштанд

Ozodi.org 

Низомиёни Қирғизистон, ки дар маъмурияти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамӣ (СПАД) барои "пос доштани сулҳ" дар Қазоқистон иштирок карда буданд, аз раисҷумҳури кишвари худ дархости кумак кардаанд.

Баҳси чарогоҳ дар Рашт. Қарори раиси собиқро бекор карданд, вале мушкили мардум монд

Ozodi.org 

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарори Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини ноҳияи Раштро дар бораи ба шахсони наздикаш додани беш аз ҳазор гектар чарогоҳ бекор кардааст. Лоиқзода ду сол пеш аз мансаб барканор шуд.



Як роҳ доштанд, онро ҳам сел бурд

Ozodi.org 

Сокинони деҳаи Лолазор дар ноҳияи Вахш, ки солҳост аз набудани як роҳи дуруст азоб мекашанд, ҳафтаи гузашта аз ягона пуле ҳам маҳрум шуданд, ки онҳоро ба деҳа мерасонд. Сели вайронгар рӯзи 4-уми март кӯпруки хурдеро, ки сокинони Лолазор бо дасти худ сохта буданд, шуста бурд.

"Тоҷикистон бояд роҳи севумро интихоб кунад"

Ozodi.org 

Ширкати Moody's, ки тавоноии қарзгирии кишварҳоро арзёбӣ мекунад, гуфт, рутбаи эътибори қарзии Тоҷикистонро аз нав баррасӣ мекунад. Ҳадафаш ҳам маълум кардани он аст, ки тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар баргардонидани он суст шудааст ё не?

Каримҷон Аҳмадов: "Русия мисли "Титаник" аст, Тоҷикистон часпида ба он" ВИДЕО

Ozodi.org 

Ширкати Moody’s охири моҳи марти имсол гуфт, ки рутбаи эътибори қарзии Тоҷикистонро аз нав арзёбӣ мекунад. Ҳадафаш маълум кардани он аст, ки тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар қарз гирифтан ва баргардонидани он суст шудааст ё не.

Рақибони варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон муайян шуданд

Ozodi.org 

Рақибони варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия бо иштироки 310 муштзан аз 73 кишвар ҷараён дорад, маълум шуданд. Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар чаҳор варзишгар - Сумайя Қосимова (-48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63 кг) - дохиланд. Аз миёни варзишгарони тоҷик нахуст Сумайя Қосимова 10-уми май ба рақобат мепардозад. Рақибаш Севда Асенова аз Булғористон мебошад. Читать дальше...

"Паҳлавони ҳунар". Ҳошим Гадо 85-сола шуд

Ozodi.org 

Ҳошим Гадо, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ки бисёриҳо ӯро “паҳлавони ҳунар” меноманд, рӯзи 10-уми майи имсол 85-сола шуд.

Новости России
Москва

Владимир Брилёв: «Концерт, посвященный Великой Победе, стал доброй традицией для творческого объединения «Хрустальное соZVездие».


"Ҳафт сол пеш баромаду рафт." Зумрад Абдураҳимова бо кӯдаконаш куҷо шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Падару модаре дар Исфара духтар ва набераҳояшонро меҷӯянд. Зумрад Абдураҳимова соли 2015 бо шавҳар ва се фарзандаш ба Сурия рафтааст. Мақомот мегӯянд, дар бораи сарнавишти ӯ чизе намедонанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди UEFA дуюм шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди UEFA (Созмони футболи Аврупо) дар шаҳри Скопеи Македонияи Шимолӣ ҷои дуюмро азони худ кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқа се бозӣ анҷом доданд. Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бар дастаи Ҳондурас (U-16) бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, дар ду бозии дигар аз тимҳои Македонияи Шимолӣ (U-16, замони асосӣ – 3:3, аз рӯи пеналти ... Читать дальше...

"Одам"-и Пекин роҳбари Ҳонконг шуд

Ozodi.org 

Рӯзи якшанбеи 8 май Ҷон Лӣ - сардори хадамоти амнияти Ҳонконг роҳбари ин минтақаи худмухтор шуд. Вай ягона номзад ба мақоми роҳбарӣ буд ва бештар аз 99% раъй гирифт. "Ин нишондиҳандаи он аст, ки мақомот истибдодро нисбати Ҳонконг бештар мекунанд. Акнун сиёсати идории шаҳр амниятӣ мешавад", - чунин шарҳ дод натиҷаҳои раъйдиҳиро ҳомии ҳуқуқ ва вакили пешини Ҳонконг Натан Лоу. Дар Ҳонконг Ҷон Лӣ парокандасозии эътирозҳои зиддиҳукуматиро роҳбарӣ мекард ва ҷонибдори қонун дар бораи сиёсати амниятии Пекин буд. Читать дальше...

Суҳбати телефонии президентҳои Қазоқистону Узбекистон

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. "Ду президент ҳамдигарро бо Рӯзи ғалаба табрик ва ба мардуми ҳамдигар рушду шукуфоӣ таманно карданд. Қосимҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд", - хабар доданд аз дастгоҳи президенти Қазоқистон. Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин масоили ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла мулоқоти тобистонаи президентҳои кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Дар Қирғизистон 18 мактаби ронандагиро бастанд

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон дар як моҳи охир фаъолияти 142 мактаби ронандагиро санҷида, дари 18-тои онро бастанд. Дар ин бора аз вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар доданд. Ба илова, 47 мактаби дигари ронандагӣ ҷарима шудааст. Аз маҷмуи мактабҳои ронандагӣ дар Қирғизистон ҳамагӣ 13 мактаб ба ҳамаи талабот посухгӯ будааст. Ба иттилои расмӣ, дар Қирғизистон ба 272 мактаби ронандагӣ иҷозаи фаъолият дода шудааст. Пештар вазорати маориф ва илми он кишвар фаъолияти мактабҳои ронандагиро назорат мекард ва акнун... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Саснович вышла в основную сетку турнира WTA-1000 в Риме






Май 1945 года: «кровавое воскресенье» Алжира

Губернатор Подмосковья наградил добровольцев отряда БАРС

Синоптик спрогнозировал снег в Москве до утра 9 мая

Сколько стоит «жизнь у воды» в ТиНАО