Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 22.05.2022

Мақомоти ВМКБ ба мардум: "Дар пайдо кардани шаш ҷавони фирорӣ кӯмак кунед"

Ozodi.org 

Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сокинон ва фаъолон хостаанд барои пайдо кардани, ба гуфтаи онҳо “раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ”-и ноҳияи Рӯшон, ки дар кӯҳҳои Вамар панаҳ бурдаанд, бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Ин дархост дар ҷаласаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов бо роҳбарону фаъолони вилоят садо додааст, ки хулосаи онро телевизиони вилоятӣ рӯзи 22 май нашр кард. Телевизион Бадахшон бо нашри ин хабар аз номи мақомот дигарбора таъкид кардааст, ки “6 ҷавони вобаста ба ҳодисаҳои ахир дар пайгард қарор дошта... Читать дальше...

Осоре аз Ҳоҷӣ Абдулазиз, устоди "Шашмақом"-и тоҷик

Ozodi.org 

Дар канори Регистони шаҳри Самарқанд ҳавлие қарор дорад, ки дар он Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ба дунё омадаву садҳо оҳангро дар ҳавои “Шашмақом” эҷод кардааст. Дар хона-музеи устоди "Шашмақом" чӣ осоре маҳфуз аст? Хабарнигори Радиои Озодӣ шуморо ба тамошои он даъват мекунад

Анҷоми сафари серӯзаи Байден ба Кореяи Ҷанубӣ

Ozodi.org 

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 22 май сафари серӯзааш ба Кореяи Ҷанубиро, ки бо ҳадафи беҳбуди равобити иқтисодиву амниятӣ барпо шуд,  анҷом бахшид. Дар охирин нуқтаи сафараш Байден аз  пойгоҳи ҳавоии Осан дидан кард. Дар ин пойгоҳ нирӯҳои амрикоӣ ва кореягӣ аз барномаҳои ҳастаӣ ва баллистикӣ назорат мекунанд. Як ҳадафи Байден намоиши ҳамраъӣ бо Сеул дар муқобили таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ мебошад. Дар давраи президентии Доналд Трамп дар Амрико то андозае ӯҳдадориҳои Вашингтон дар баробари Кореяи Ҷанубӣ зери суол рафт. Читать дальше...

Занони ровии телевизионҳои Афғонистон бо чеҳраҳои пӯшида намудор шуданд

Ozodi.org 

Рӯзи 22-юми май журналистону наттоқони зан дар телевизионҳои Афғонистон бо чеҳраҳои пӯшида ҳозир шуданд. Мақомоти «Толибон»  гуфтанд, ки ба занони ровиву дигар кормандони телевизион «машварат мешавад», ки чеҳраҳои худро пӯшонанд. Чанд ҳафта пеш аз ин бо як амри раҳбари олии «Толибон» Ҳайбатулло Охундзода ба тамоми занони сокини Афғонистон амр шуд, ки бо сару либоси пӯшида бигарданд. Айни чунин амрро рӯзи 21 май вазорати амри маъруф ва наҳйи мункари «Толибон» дар робита бо кормандони зани телевизионҳо ҳам содир кард. Читать дальше...

"Кӯҳпора фаромадааст". Баъди муддате баста шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати мошинҳои сабукрав иҷоза шуд

Ozodi.org 

Роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд), ки пойтахтро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад, баъди субҳи 22-юми май як муддат баста шуданаш, ҳоло барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз шудааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Далери Абдулло, сухангӯи Innovative Road Solutions – ширкате, ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ мебошад, хабар дод. Чанд соат пеш аз ин ширкат дар саҳифаи Фейсбукии худ хабар дод, ки ҳаракат дар роҳ пурра баста шудааст. Ба иттилои Далери Абдулло, “бориши барф аз километри 69 то 175 шадиду муттасил... Читать дальше...

Марги қуи сафед. Ёде аз Малика Собирова, ситораи ҷаҳонии балети тоҷик. ВИДЕО

Ozodi.org 

Саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе солҳои 70-80-уми асри гузашта ҷилвагоҳи ҳунари Малика Собирова буд. Ҳунарманде, ки номи Тоҷикистонро дар таърихи балети ҷаҳонӣ сабт намуд.

Марги қуи сафед. Ёде аз ситораи ҷаҳонии балети тоҷик

Ozodi.org 

Имсол ҳунарманде, ки исми Тоҷикистонро дар таърихи балети ҷаҳонӣ шӯҳратёр кард, агар умр вафо мекард, 80-сола мешуд. Малика Собирова дар 39-солагӣ бар асари саратон даргузашт. Ногуфтаҳоро дар бораи ҳунару марги ситораи балети тоҷик аз забони наздиктарин азизонаш дар ин видео бубинед.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Теннисистка Касаткина заявила, что скучает по России, но пока не может приехать






Почти 900 катафотов появится на дорогах Дмитровского округа в 2024 г

Доллар упал до минимума за полтора месяца на белорусской бирже утром 26 апреля

В Москве появятся еще 24 современные площадки для прогулок с собаками

Киркорова оштрафовали за уклонение от оплаты парковки