Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 20.05.2022

Дипломати баландпояи СММ аз Тоҷикистон хост, ба саркӯб дар Бадахшон хотима диҳад

Ozodi.org 

Фернанд де Вареннес, гузоришгари махсуси Созмони Милал дар умури ақаллиятҳои миллӣ, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба қавли ӯ, ба саркӯби ақаллияти помирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хотима диҳад.

Мӯъмин Қаноат. Шоир ва шахсият

Ozodi.org 

Мӯъмин Қаноат, шоири шинохта ва андешаманди тоҷик, ки ҳамеша дар баробари дурӯғу ҷабр ва иштибоҳҳо садо баланд кардааст, агар зинда мебуд, имрӯз 90-сола мешуд. Ӯ чаҳор сол қабл даргузашт. Мустанади хабарнигорони Радиои Озодиро дар бораи шеъру шахсияти Мӯъмин Қаноат инҷо бибинед.

Як маъмури интизомӣ тасдиқ кард, ки дар Рӯшон беш аз бист кас кушта шудаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як корманди Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Рӯшон рӯзи 20-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар ҷараёни “амалиёт” дар ноҳияи Рӯшон 21 кас кушта шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳалокати танҳо 8 сокини маҳаллӣ гузориш дод.

"Аз дарди дил даргузашт." Меҳмон Бахтиро дар оромгоҳи "Лучоб" дафн карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Меҳмон Бахтӣ, шоиру драмнавис ва раиси собиқи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистонро, ки давраи кораш ситоишу танқидҳоеро дар пай дошт, дар оромгоҳи “Лучоб” дафн карданд. Ӯ рӯзи 19-уми май бар асари бемории дил даргузашт. 81 сол дошт.

Меҳмон Бахтиро дар Лучоб дафн карданд

Ozodi.org 

Меҳмон Бахтӣ, шоиру драмнавис ва раиси собиқи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистонро, ки давраи кораш ситоишу танқидҳоеро дар пай дошт, дар оромгоҳи "Лучоб" дафн карданд. Ӯ рӯзи 19-уми май бар асари бемории дил даргузашт. 81 сол дошт.



Таҳлил: Иззат Амон чӣ кард ва чаро сарнавишташ чунин шуд?

Ozodi.org 

Муҳоҷироне, ки озодии Иззат Амонро талаб доранд, мегӯянд, агар маблағ 1 миллион доллар ҳам бошад, онро ҷамъ мекунанд ва ба даъвогарон медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ба ин айбномаҳо бовар надоранд ва гап сари маблағ ҳам нест. Пас сари чист?

Се рӯз гузашт. Ҳамлаварон ба хабарнигорони "Озодӣ"-ро накофтанд ё наёфтанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бо гузашти чаҳор рӯз ва бо вуҷуди муроҷиатҳо ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳанӯз ҳамлаварон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время" дар Душанбе ошкору дастгир нашудаанд. Аз таҷҳизоти рабудашуда низ то ҳанӯз хабаре нест.

Ҳамлаваронро дар Душанбе накофтанд ё наёфтанд?

Ozodi.org 

Бо гузашти чаҳор рӯз ва бо вуҷуди муроҷиатҳои Радиои Озодӣ ба ВКД Тоҷикистон ҳанӯз омилони ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ошкор ва боздошт нашудаанд. Аз таҷҳизоти рабудашудаи ин ҳамкорон низ то ҳанӯз хабаре нест.

Омодагии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба Ҷоми Осиё-2022 дар Гулистон

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Марказии таълимии шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор мекунад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ба ин ҷамъомад, ки аз 20-ум то 28-уми май доир мегардад, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Аслиддин Ҳабибуллоев 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст. Читать дальше...

Нишасти раҳбарони варзиши кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд

Ozodi.org 

Имрӯз, 20-уми май, дар Тошканд ҷаласаи навбатии раҳбарони вазорату идораҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шуруъ шуд. Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, дабири кулли СҲШ Чжан Мин барои ширкат дар ин ҷаласа ба Тошканд омадааст. Дар ҷаласа раҳбарони соҳаи варзиши Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон иштирок мекунанд. Инчунин дар ҷаласа ҳайати Чин ба таври онлайн ширкат меварзад. Ба рӯзномаи... Читать дальше...

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай эълон шуд

Ozodi.org 

Ситоди мураббиёни тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаро дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 19-уми май то 3-юми июн дар Дубай дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад, эълон кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай 26 бозигар, ки сездаҳ нафарашон легионеранд ва дар бошгоҳҳои футболи Бангладеш, Беларус, Булғористон, Қазоқистон, Туркия, Узбекистон, Филиппин... Читать дальше...

Кормандони ширкати "ТрубРемСентр" дар Қазоқистон коршиканӣ карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон бештар аз сад коргари ширкати "ТрубРемСентр" корпартоӣ доранд. Онҳо маоши бештар ва қатъи таъқиби коргаронро талаб доранд. Ба гуфтаи Бакитҷон Меретаманов, раиси иттифоқи касаби ширкати "ТрубРемСентр", коргарон аз рӯзи 13 май шуруъ кардаанд. Ин коргарон пештар рӯзи 18-уми апрел ба корпартоӣ баромада, ду ҳафта корпартоӣ карда буданд. "Шароити корӣ муҳайё нест. Ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ риоя намешавад. Талаби мо барои маоши бештар нодида гирифта мешавад", - гуфт Меретаманов. Читать дальше...

Афғонистон аз барқи Тоҷикистону Узбекистон $100 млн қарздор шудааст

Ozodi.org 

Вазорати энержии Афғонистон хабар дод, ки аз барқи Тоҷикистону Узбекистон бештар аз 100 млн доллар қарздор шудааст. Ахтар Муҳаммад Нусрат, намояндаи вазорати энержии Афғонистон гуфт, ки онҳо омодаи пардохти қарзи барқ ҳастанд, аммо Тоҷикистону Узбекистон айни замон дар қабули маблағ аз хориҷ тавассути бонкҳо мушкил доранд. Раиси пешини ширкати энержии DABS-и Афғонистон Амонулло Ғолиб гуфт, Афғонистон солона ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои барқ наздики 300 млн доллар мепардозад. "Афғонистон қисми бештари барқашро аз Узбекистон мехарад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Соболенко: я предпочитаю смотреть мужской теннис, а не женский






Киркорова оштрафовали на 6 тысяч рублей из-за неуплаченного штрафа в 3 тысячи

АО «Транснефть – Прикамье» провело свыше 3 тыс. экологических исследований в I квартале 2024 года

Проблематика сегмента верхней одежды - фокус внимания 27-ой Международной выставки зимней моды «LeShow Москва» в ЦВК “Экспоцентр”

Сергунина: в текущем году в Москве появятся еще 24 площадки для выгула собак