Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 31.05.2022

Дар Қазоқистон ба таҳрими раъйпурсӣ даъват карданд

Ozodi.org 

Фаъолон дар Қазоқистон аз сокинон даъват доранд, ки раъйпурсиро барои ворид кардани ислоҳҳо ба Конститутсия таҳрим кунанд. Дар Қазоқистон рӯзи 5-уми июн раъйпурсӣ ё референдум баргузор хоҳад шуд.

Раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир боздошт шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Назари шахсони наздик ба Холиқназаров дастрас нест. Ҳамкорони Манучеҳр Холиқназаров дар Эътилофи зидди шиканҷа гуфтанд, маълумоти дақиқ надоранд. Ба мо маълум нест, ӯ бо вакили мудофеъ таъмин аст ё на.

Мусобиқаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 оғоз ёфт

Ozodi.org 

Дар нахустин даври мусобиқаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022, ки бо ширкати ҳашт даста рӯзҳои 28-29-уми май баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид. Бозии марказии даври аввал миёни дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар бозии дигар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дар ду бозии дигари даври аввал бошгоҳи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи «Пойтахт»-ро бо ҳисоби 8:5 ва КМВА... Читать дальше...

Идомаи "амалиёт" дар Рӯшон. 5 кас кушта шуд

Ozodi.org 

Дар идомаи "амалиёт" дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 31 май панҷ сокини маҳаллӣ кушта, як нафар дастгир шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе ин афродро узви "гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ" номид, дар ҳоле ки қаблан наздиконашон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ онҳоро "осоишта ва шахсони бесилоҳ" гуфта буданд.

"Шоми дӯстӣ"-и ҳунармандони Тоҷикистону Узбекистон

Ozodi.org 

Театри опера ва балети Тоҷикистон бо театри мусиқӣ ва драмавии Самарқанд барои панҷ соли оянда санади ҳамкорӣ имзо карданд. Баъд аз фосилаи чиҳилсола ҳунармандони Самарқанд дубора меҳмони Душанбе шуда, як ҳафта барномаҳои мухталиф намоиш доданд.



Иштироки мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 дар Тошканд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23), ки таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев рӯзи душанбе, 30-юми май, ба шаҳри Тошканд расид, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 иштирок хоҳад кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 22 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар - шомил шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022... Читать дальше...

Вазорат мегӯяд, дар идомаи "амалиёт" дар Рӯшон панҷ каси дигар кушта шудаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар идомаи "амалиёт"-и мақомот дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 31-уми май панҷ сокини маҳаллӣ кушта ва як нафар дастгир шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе ин афродро узви "гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ" номид, дар ҳоле ки қаблан наздиконашон онҳоро "осоишта ва шахсони бесилоҳ" гуфта буданд.

Роман Абрамович "Челси"-ро фурӯхт

Ozodi.org 

Бошгоҳи футболи “Челси”-ро, ки моликаш олигархи рус Роман Абрамович буд, ба консорсиуми Тодд Бёли дар Лос-Анҷелес фурӯхтаанд.

Тамоку, нос, сигор, чилимкашӣ... Дар Тоҷикистон ним миллион тамокукаш сабт шудааст

Ozodi.org 

Рӯзи 31-уми май бо як ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи бетамоку эълон шудааст. Дар Тоҷикистон рӯзи 2 январи соли 2018 қонуне ба иҷро даромад, ки сигоркаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад, вале ин қонун дар амал пурра иҷро намешавад. Гузашта аз ин, солҳои охир чилимкашӣ ё “шиша” ҳам зиёд шудааст, ки, ба қавли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамчунин ба гурӯҳи тамоку дохил мешавад. Дар Тоҷикистон  нуқтаҳои чилимкашӣ дар  назди тарабхонаву муассисаҳои тафреҳӣ зиёд мешавад ва дар миёни муштариёни онҳо духтарону занон ҳам кам нестанд. Читать дальше...

Раҳмон дар сӯҳбат бо Хоманаӣ аз "эътимоди байниҳамдигарӣ" гуфт

Ozodi.org 

Шоми 30-юми май қабл аз бозгашт ба ватан президени Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон бо раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманайӣ дидору гуфтугӯ кард. Ин мулоқот дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Эрон сурат гирифт, ки аввалин бор баъди чандин соли муносибатҳои печидаву ноҳамвор сурат мегирад. Ба иттилои сайти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон “алоқаманди идомаи муколамаи созандаи сиёсии сатҳи олӣ” мебошад.  Ӯ гуфтааст, ки Тоҷикистон “ҷонибдори тавсеаи... Читать дальше...

"Байрақтар", "Абобил-2"... Захираи дронҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳадафи чист?

Ozodi.org 

Ба гузориши расонаҳо, ду ҳафта пеш Эрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин кушод. Рӯзи 17-уми майи имсол дар маросими ифтитоҳи корхонаи тавлиди "Абобил-2" дар Душанбе генерал-майор Ҳусейн Боқирӣ, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, иштирок дошт.

Лавров гумонҳоро дар бораи бемории Путин рад кард

Ozodi.org 

Вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 30-юми май овозаҳоро дар бораи бемории Владимир Путин, раисиҷумҳури ин кишвар, рад кард. Сергей Лавров гуфт, ҳеч нишонае, ки ба бемории Путин далолат кунад, вуҷуд надорад.

Баҳс бо афсари БДА. "Зӯри нозирони роҳ ба "Опел"-у "Мерседес"-и фарсуда мерасад?" ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз чандин шикоят дар бораи инки нозирони роҳ асосан ронандагони мошинҳои "назарногир"-еро ба монанди "Опел"-у "Мерседес"-и фарсуда тафтиш мекунанд, вале айни замон ба мошинҳои гаронарзиш коре надоранд, хабарнигори Радиои Озодӣ рафтори онҳоро дар Кӯлоб санҷид.

Сафари гуштигирони тоҷик ба Қазоқистон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи рейтингии гуштии юнонию румӣ, гуштии озод ва гуштии занона ба хотираи мураббии маъруфи қазоқ Болат Турлихонов, ки рӯзҳои 2-5-уми июн дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон, дар Ҷоми Болат Турлихонов иштироки ҳудуди 300 варзишгар аз 15 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар (5 нафар оид ба гуштии юнонию румӣ ва 4 нафар оид ба гуштии озод) муаррифӣ хоҳанд кард: Гуштии юнонию румӣ 1. Читать дальше...

Бозиҳои дӯстонаи дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар Душанбе

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев моҳи июн дар Душанбе бо ҳамсолонашон аз Имороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 2-юм ва 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои  Камбоҷа... Читать дальше...

Таркиш дар ҷануби Қирғизистон. Чанд кас захмӣ шудааст

Ozodi.org 

Дар натиҷаи таркиш дар яке аз корхонаҳои вилояти Ҷалолободи Қирғизистон чанд шаҳрванди хориҷӣ низ осеб дидааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон иттилоъ дода, ки таркиш 29-уми май дар корхонаи "Мин Ксин" рух дода, дар натиҷа кормандон К.С. (1993), Б.А. (1991) ва А.А. (1996) сахт осеб дидаанд. Ба иттилои вазорат, дар миёни осебдидаҳо як шаҳрванди Узбекистон ва ду шаҳрванди Чин низ ҳастанд. Дар вазорат гуфтанд, тафтиши сабабҳои ҳодиса идома дорад. Дар корхонаи мазкур... Читать дальше...

Коршиносон гуфтанд, ки чаро қурби рубл дар Тоҷикистон "бозӣ" дорад

Ozodi.org 

Қурби рубли русӣ баъд аз тақрибан се ҳафтаи босуръат боло рафтан дар Тоҷикистон дубора рӯ ба поин ниҳодааст. Ҳоло бонкҳои Тоҷикистон 1000 рубли русиро ба 167 сомонӣ иваз мекунанд. Дар охири ҳафтаи гузашта ин рақам ба 173 сомонӣ баробар буд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Россиянка Андреева стала рекордсменкой на турнирах WTA-1000






Ефимов: Москвичи выкупили у города почти 450 участков со скидкой за четыре года

Париж решил показать, что такое ядерное сдерживание России по-французски

Один из фигурантов дела о взятке замглавы МО РФ Иванова обжаловал свой арест

Синоптик назвал особенность ливня, прошедшего в Москве 27 апреля