Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 23.05.2022

Роботҳои ноаён саратонро нобуд мекунанд?

Ozodi.org 

Муҳандисон нанороботеро ихтироъ доранд, ки метавонад бо ҳаракат дар бадани инсон омоси саратонро нест кунад. Профессори Донишгоҳи Техас ба ихтирои роботи ноёан дар чашм шурӯъ кардааст, ки метавонад, саратон дар бадани инсонро муолиҷа намоянд.

Свердлов: "Маҳдудсозиҳо набояд, давомдор бошанд". Вокуниши ҳомиёни ҳуқуқ ба ҳодисаҳои Бадахшон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Чанд Созмони байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ аз воқеаҳои ахири Бадахшон изҳори нигаронӣ ва ҳукуматро барои, ба гуфтаи онҳо, истифодаи барзиёди нерӯ танқид кардаанд.

Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Тоҷикистон дар Бекобод доир мегардад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими олимпии Узбекистон (U-23) бозии дӯстона анҷом медиҳад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 25-уми май, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Бекобод баргузор мешавад. Дар ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки 20-уми май дар Маркази таълимии... Читать дальше...

Вазорат гуфт, 19 нафар дар Рӯшон ихтиёран "таслим" шуданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати 19 сокини ноҳияи Рӯшонро нашр карда, онҳоро аъзои "гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва экстремистӣ-террористӣ” номидааст, ки ба навиштаи ин манбаъ, “бо ихтиёри худ ба мақомот ҳозир шудаанд”.

Вазири пешини Австрия аз мақомаш дар шӯрои Роснефт истеъфо дод

Ozodi.org 

Ширкати нафтии Роснефти Русия тасдиқ кард, ки собиқ вазири корҳои хориҷии Австрия Карин Кнейссл, ки дар ҷашни арӯсиаш соли 2018 президенти Русия Владимир Путин ҳам иштирок карда буд, аз шӯрои мудирони ин ширкат берун шудааст. Дар изҳороти рӯзи 23-юми маи Роснефт гуфта мешавад, ки Кнейссл се рӯз пеш ба истеъфо рафт ва ӯ ният надорад, ки мӯҳлати дуюм барои узвият дар ин шӯро талош варзад. Истеъфои ӯ дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки собиқ садри аъзами Олмон Герҳард Шрёдер таҳти фишори аъзои Бундестаг аз узвият дар шӯро канор рафт. Читать дальше...



Мишел гуфт, базудӣ ҷаласаи комиссиюни аломатгузории марзи Озарбойҷону Арманистон барпо мешавад

Ozodi.org 

Шарл  Мишел, президенти Шӯрои Аврупо рӯзи 22 май гуфт, базудӣ дар як маҳаллаи сарҳадӣ нахустин ҷаласаи комиссиюни муштарак оид ба аломатгузориву амнияти марзи миёни Арманистону Озарбойҷон баргузор мешавад.  Шарл Мишел ин нуктаро баъди мулоқот бо нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Озарбойҷон  Илҳом Алиев дар Брюссел баён кард. Пеш аз мулоқоти сеҷониба оид ба таъмини сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ, Мишелу  ҳар як раҳбари кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ бо ҳам ҷудогона сӯҳбате оростанд.   Мишел нагуфт, ки мулоқот дақиқан кай барпо мешавад. Читать дальше...

Таслим шудани 19 сокини Рӯшон, гузоришҳо дар бораи бенишонии кормандони ОМОН ва сокинони мулкӣ  

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Тоҷикистон рӯйхати 19 сокини ноҳияи Рӯшонро нашр карда, онҳоро чун “аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва экстремистӣ-террористӣ” муаррифӣ кардааст, ки ба навиштаи ин манбаъ, “бо ихтиёри худ ба мақомот ҳозир шудаанд”.

Се медали гуштигирони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар Булғори Тотористон

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки рӯзҳои 18-21-уми май дар шаҳри Булғори Тотористони Русия баргузор шуд, се медали нуқра ба даст оварданд. Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар чаҳорчӯби таҷлили 1100-умин солгарди қабули ислом аз сӯи булғорҳои Волга бо иштироки беш аз 200 варзишгари синашон аз 18-сола боло аз 26 кишвар доир гардид. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар шомил буд. Аз байни онҳо се нафар – Давлат Абдулҳакимов дар вазни 60 кило, Авазбек Ҷумъаев... Читать дальше...

Меҳриддин Шарифов ва Мутриба Ҳотамӣ қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон шуданд

Ozodi.org 

Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни мардон ва занон,  ки рӯзҳои 16-21-уми май дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо пирӯзии шатранҷбозони Душанбе ба поён расид. Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар 63 шатранҷбоз (46 мард ва 17 зан) аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва пойтахти кишвар ширкат доштанд. Дар сабқати мардон Меҳриддин Шарифов ғолиб омад ва бо унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло сарфароз гашт. Читать дальше...

Сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон тирамоҳ оғоз мешавад

Ozodi.org 

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 20-уми май дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, қарор аст, тирамоҳи соли ҷорӣ сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон оғоз шавад. Вай ин тарҳро бузургтарин дар таърихи Қирғизистон номида, хостори пуштибонӣ аз он шуд. Вале ҷузъиёти иҷрои тарҳи мазкурро ифшо накард. Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон ҳанӯз 27-уми октябри соли 2021 хабар дода буд, ки ҳуҷҷатҳои асосӣ барои сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон таҳия шудаву охирин гуфтугӯҳо бо Узбекистон ба поён расидаанд. Читать дальше...

Сафири Амрико "риштарошии иҷборӣ" дар Узбекистонро маҳкум кард

Ozodi.org 

Сафири Амрико дар Тошканд Даниел Розенблюм хабарҳо дар бораи "рейд"-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон алайҳи ришдоронро маҳкум кард. "Пулис риши мардонро иҷборан метарошад. Амрико аз ингуна амалҳо нигарон аст", - иқтибос овардааст хабаргузории Eurasianet аз суханронии сафир Розенблюм дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд. Ба гуфтаи сафири Амрико, нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар Узбекистон метавонад ислоҳоти тайи панҷ соли ахир дар ин кишварро зери суол қарор диҳад. Бино ба навиштаи Eurasianet, Департаменти... Читать дальше...

Шумори қурбониёни таркиши Чимкент ба се нафар расид

Ozodi.org 

Дар натиҷаи як таркиш дар таваллудхонаи шаҳри Чимкенти Қазоқистон се нафар ҷон бохта, ҳашт тани дигар дар беморхона бистарӣ шудааст. Вазорати тандурустии Қазоқистон қаблан хабар дода буд, ки дар натиҷаи ин таркиш, ки дар дорухонаи таваллудхона рух додааст, як корманди 42-сола ва кудаки 18-рӯза ҷон додааст. Дертар аз ҳалокати муҳофизи таваллудхона низ хабар дода шуд. Таркиш тақрибан нисфирӯзии 21 май дар дорухонаи таваллудхона ба амал омадааст. Раёсати ҳолатҳои изтирории шаҳр хабар дод, ки бинои дорухона... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде






Первый матч по гандболу пройдет в Звенигороде

Большая вода паводка-2024 выявила множество проблем в России

ЮKassa: число самозанятых россиян в 2023 году увеличилось на 34%

Российско-турецкий мониторинговый центр в Карабахе прекратил свою деятельность