Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 26.05.2022

Ҷустуҷӯ дар Хоруғ ва назарҳо ба "Шикасти фитна"

Ozodi.org 

Сокинони маҳаллаи Бархоруғ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, мақомоти амниятӣ 25 май ба ин маҳалла рафта, ҳамроҳони Мамадбоқир Маҳмадбоқировро, ки чанд рӯз пеш кушта шуд, ҷустуҷӯ кардаанд. Тафсилоти ин ва вокунишҳо ба навори мақомотро дар бораи ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон бинед.

Дархости Қирғизистон ду муҳоҷири тоҷикро саргардон кард

Ozodi.org 

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт ва сипас озод шуданд, аз сарнавишти ояндаи худ нигаронанд. Фурқат Абдуфаттоев ва Диловар Ҷӯраев, сокинони шаҳри Исфара мегӯянд, ҳарчанд қариб як сол аст дар озодӣ ҳастанд, аммо мақомоти Русия ба онҳо иҷозаи бозгаштро намедиҳанд.

"Мушкили Шуморо Маскав медонад." Дархости Қирғизистон ду муҳоҷири тоҷикро саргардон кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Фурқат Абдуфаттоев ва Диловар Ҷӯраев, сокинони шаҳри Исфара, гуфтанд, ҳарчанд қариб як сол боз дар озодӣ ҳастанд, мақомоти Русия ба онҳо иҷозаи бозгашт ба Тоҷикистонро намедиҳанд. Ду додгоҳ дар Русия қарор баровардаанд, ки Абдуфаттоев ва Ҷӯраев ҳаққи тарки ҷойи зистро надоранд.

Маҳсулоти Бохтар то куҷоҳо меравад?

Ozodi.org 

Дар маркази Хатлон, калонтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон, як намоишгоҳе оғоз ёфт, ки ҳадафи он содироти бештари меваву сабзавот ба хориҷаи дуру наздик аст. Дар ин вилоят солона садҳо ҳазор тонна мева ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ истеҳсол мегардад.

Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бо Баҳрайн, Туркманистон ва Узбекистон рақобат мекунад

Ozodi.org 

Имрӯз, 26-уми май, дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) қуръакашии Ҷоми Осиё оид ба футзал доир шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии АFC (Конфедератсияи футболи Осиё). Ба иттилои манбаъ, барои унвони зӯртарин дастаи қора дар Ҷоми Осиё 16 мунтахаби миллӣ мубориза мебарад. Мусобиқа аз 27-уми сентябр то 8-уми октябри имсол дар Кувайт баргузор мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа се дастаи мунтахаби миллии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон - дар гурӯҳи «B» рақобат мекунанд. Ба онҳо мунтахаби Баҳрайн ҳамроҳ мешавад. Читать дальше...

Зане, ки бо мушкил тиҷорат дошт, ҳоло кордиҳанда шудааст

Ozodi.org 

Дар вилояти Хатлон зане як корхонаи панирпазӣ боз кардааст, ки мизоҷони зиёд дорад. Ин зан, ки ҳангоми ба роҳ мондани тиҷорат мушкил дошт, ҳоло на танҳо зиндагии худро мечархонад, балки мақсад дорад, занҳои дигарро низ соҳиби ҷойи кор кунад.



Дар Тоҷикистон аз қурбониёни "таъқиботи сталинӣ" ёд меоранд?

Ozodi.org 

Дар солҳои истибдоди сталинӣ ҳазорҳо нафарро аз Тоҷикистон бо гуноҳҳои гуногун, асосан, ба гумони “душмани халқ” кушта ё ба зиндон маҳкум кардаанд. То ҳол дар бораи теъдоди дақиқи чунин афрод иттилои дақиқ нест.

Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк" ва меҳмонхонаи Пирзодаро ба фурӯш гузоштаанд

Ozodi.org 

Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк"-ро, ки то ду сол пеш яке аз бонкҳои бузургу низомсоз ба шумор мерафт, вале муфлис шуд, ба фурӯш гузоштаанд. Масъули музояда раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузорист. Эълони фурӯши бино 25-уми май нашр шуд.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими Узбекистон мағлуб шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ  ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими олимпии Узбекистон (U-23) бозии дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад  сомонаи  Федератсияи  футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе, 25-уми май, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Бекобод баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро Отабек Ҷӯрақузиев ва Улуғбек Ҳошимов заданд. Бояд гуфт... Читать дальше...

Вазири қазоқ тақвияти танга дар баробари долларро "воқеӣ" номид

Ozodi.org 

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Алибек Куантиров 25 май гуфт, қурби танга, ки чанд рӯзи ахир дар баробари доллари амрико боло меравад, "воқеӣ" аст. Ба гуфтаи ӯ, қурби долларро дар моҳҳои февралу марти имсол дар Қазоқистон чанд омил, аз ҷумла афзоиши якбораи талабот ба он, ҳам аз тарафи сокинон ва ҳам тоҷирон боло бурд. "Сипас вазъ муътадил шуд ва тавре мебинем, ҳоло вазъ беҳтар гаштааст", - изҳор дошт вазири қазоқ. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ва Бонки миллии Қазоқистон барои устувор гардонидани... Читать дальше...

Мамадбоқир Мамадбоқиров: лидери мардумӣ, ҷинояткор ва ё мухолиф?

Ozodi.org 

Хабари қатли Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии пурнуфуз аз Хоруғ, шаҳре бо 30 ҳазор аҳолӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар як лаҳза ба тамоми минтақаҳо расид ва дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде






В столичном районе Перово построили новый дом для участников программы реновации

Данил Барановский и внучка Софии Ротару

Минобрнауки: 12 университетов расторгли договоры с коммерческими партнёрами

Медведева призналась, что набрала вес из-за стресса после Олимпиады-2018