Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 30.05.2022

Ҳукми панҷ хешованди Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон панҷ хешованди Саид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва раиси Кумисюни оштии миллии собиқро ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум кардаанд.



Президенти Амрико ва ҳамсараш ёди хонандагонро гиромӣ доштанд

Ozodi.org 

Президенти Амрико Ҷо Байден ва ҳамсараш рӯзи 29-уми май ба шаҳри Ювалдеи иёлати Техас рафтанд. Дар ин шаҳр рӯзи 24-уми майи имсол дар натиҷаи тирандозӣ 19 хонандаи мактаб ва ду омӯзгор кушта шуданд.

Ҳафт сол гузашт, чаро ваъда иҷро нашуд?

Ozodi.org 

Мақомоти Кӯлоб 7 сол боз ваъда медиҳанд, ки барои сокинони минтақа китобхонаи электронӣ таъсис медиҳанд. Хабарнигорон ҳангоми як нишасти хабарӣ ин масъаларо аз шаҳрдор пурсиданд. Посухи раис чӣ буд? Дар навор бинед.

Модари президенти Туркманистон "қолинбофи хизматнишондода" шуд

Ozodi.org 

Унвони мазкурро ба модари президент барои хизматҳояш "дар тақвияти истиқолол ва ягонагии Туркманистон, рушди санъати миллии қолинбофӣ, нақшбании қолинҳо ва заҳмати тӯлонии чандинсола, санъати касбӣ" додаанд.

Баррасии масоили терроризму ҷудоиталабӣ дар мулоқоти мақомоти тоҷик ва чинӣ

Ozodi.org 

Мавзӯи амният дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти Тоҷикистон ва Чин буд. Дар мулоқоте, ки 28-уми май дар шаҳри Душанбе миёни муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин барпо шуд, зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ таъкид гардидааст. Ҷузъиёти дигари ин мулоқот нашр намешавад. Сафари мақоми чинӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амният оид ба Афғонистон сурат гирифт. Читать дальше...

Абдуқодир Муҳиддинов. Бухоро дар Тоҷикистон ё Тоҷикистон дар Бухоро?

Ozodi.org 

Ӯ тарафдори ҳаракати равшанфикрон (олимон)-и Бухоро дар нимаи дувуми асри 19 ва ибтидои асри 20 буда, ба ибораи маорифпарвар Аҳмади Дониш, аз "таназзули мафҳуми воқеии Ислом, ки дар Мовароуннаҳр паҳн шудааст" норозӣ буд.

Мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Эрон

Ozodi.org 

Сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, ки ду рӯз давом мекунад, ба иттилои расонаҳои эронӣ, бо ҳадафи беҳбуди равобити ду кишвар барпо шудааст. Субҳи душанбе, 30 май, дар кохи президенти Эрон дар Теҳрон мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳам аъзои ҳайатҳои расмии ҳарду давлат шурӯъ шуд. Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҳайати ҳукумати Тоҷикистонро чанд мақоми дигари ҳукуматӣ, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, вазири иқтисод, прокурори генералӣ ва дигарҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай бо тими миллии Сурия бозии дӯстона баргузор мекунад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистог бо раҳбарии мутахассиси  хорватӣ Петр Сегрт дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии  Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 1-уми июн, дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.   Дар ҳамин ҳол ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай ҷараён дорад. Читать дальше...

Додгоҳ ҳукми ҳабси вазири пешини фарҳанги Қазоқистонро содир кард

Ozodi.org 

Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар дод, ки мудири Осорхонаи миллӣ ва вазири пешини фарҳанги он кишвар Аристонбек Муҳаммадиулӣ ҳабс шудааст. Додгоҳ ҳабси пешакии ӯро рӯзи 28-уми май содир кардааст. Пештар Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар дода буд, ки нисбати афроди масъули Осорхонаи миллӣ тафтиш анҷом медиҳад. Масъулонро дар ғорати наздики 335 ҳазор доллари буҷаи давлат гумонбар мекунанд. Аристонбек Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то соли 2019 вазири фарҳанги Қазоқистон буд.

Қирғизистон ба Ҷопон муҳоҷири меҳнатӣ мефиристад

Ozodi.org 

То охири соли 2022 нахустин гуруҳи шаҳрвандони Қирғизистон барои кор ба Ҷопон хоҳанд рафт. Дар ин бора миёни ду кишвар созишнома ба имзо расид. Худойберган Бозорбоев, вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон рӯзи 28 май гуфт, "Ҷопон мехоҳад, мутахассисонро аз Қирғизистон ба кор ҷалб кунад". "Мо ҳоло шаҳрвнадонро барои кор ба Бритониё, КореяиҚирғизистон ба Ҷопон муҳоҷири меҳнатӣ мефиристад Ҷанубӣ мефиристем. Дар оянда мо ният дорем, теъдоди кишварҳои муҳоҷирпазирро бештар созем", - гуфт вазир. Читать дальше...

Чаро гурезаҳои афғонистонӣ мехоҳанд, аз Тоҷикистон "бигурезанд"?

Ozodi.org 

Бисёре аз гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон дар сар ҳавои кӯчидан ба Канадаро доранд. Шароити беҳтари зист, имкони фаровони рушд ва имтиёзҳои дигари иҷтимоӣ аз далелҳои онҳост. Вале на ҳама ба кишвари орзуҳои худ мерасанд…


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Елена Рыбакина рассказала о проблемах на турнире в Мадриде






Куда отправиться на майские: топ-6 направлений для россиян без загранника и визы

Многокилометровая пробка на М-11: массовое ДТП под Петербургом спровоцировало мощный затор

Правительство боснийских сербов: «Хорошие отношения с Россией – это наш выбор, а не давление Москвы»

В Вашингтоне осознали, что страны Африки устали от США и все больше полагаются на Россию