Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 11.05.2022

Бемористонҳои нави Кӯлоб "ҳаракат мекунанд"

Ozodi.org 

Мушкили сокинони деҳоти дурдасти минтақаи Қулоб, ки аз набуди бемористони муҷаҳҳаз ва хизматрасониҳои тиббӣ азият мекашиданд, барои муддате ҳал шуд. Дармонгоҳи Сайёре дар ин минтақа сокинонро ройгон ташхис мекунад.

Амрико ба Тоҷикистон 60 миллион доллар кӯмак мекунад

Ozodi.org 

Сафири Амрико дар Душанбе мегӯяд, кишвараш дар бахши таъмини амният,барои Тоҷикистон 60 миллион доллари дигар кӯмак мекунад. Дар доираи ин кӯмакҳо Тоҷикистон барои назорати марз бо Афғонистон дронҳои Puma ва дигар намуд таҷҳизот дарёфт мекунад.

Иштироки 13 ҷудокори тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон дар Алмато

Ozodi.org 

Гуштигирони тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2022) ба хотираи Бакет Маҳмудов, варзишгари маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 13-15 май дар шаҳри Алмато доир мегардад, ширкат меварзанд. Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон 300 варзишгар (197 мард ва 103 зан) ва байни ҷавонон 239 варзишгар (153 мард ва 86 зан) аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон)... Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Дубай дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимиву тамринӣ анҷом медиҳад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи 19-уми май ба Дубай сафар мекунад. Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то рӯзи 3-юми июн идома хоҳад кард, як бозии дӯстона ба нақша гирифта шудааст. Рақиби мунтахаби... Читать дальше...

Як хабарнигори телевизиони Ал-Ҷазира аз тири сарбозони исроилӣ кушта шудааст

Ozodi.org 

Як хабарнигори телевизиони Ал-Ҷазира дар ҷараёни амалиёти сарбозони Исроил дар шаҳри Ҷенин дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун кушта шудааст. Ширин Абуаклаҳ, хабарнигори маъруфи фаластинии ин телевизиони арабӣ аз тири туфанг ба ҳалокат расидааст. Телевизиони Ал-ҷазира сарбозони Исроилро ба қатли хабарнигор муттаҳам кард. Дар ҷараёни амалиёт як хабарнигори дигари фаластинӣ маҷруҳ шудааст. Артиши Исроил гуфт, ҳангоми амалиёт зери тирборони сахт қарор гирифтанд ва оташи ҷавобӣ кушоданд. Дар баёнияи артиш омадааст... Читать дальше...



Кормандони як идора шикоят кардаанд, ки аз "пулситонӣ"-и мудири худ безор шуданд. Раис рад кард

Ozodi.org 

Кормандони як идораи давлатӣ дар Кӯлоб дар номаи камсобиқае ба мақомот шикоят кардаанд, ки аз “пулситонӣ”-и мудири худ “безор” шуданд. Шаҳноза Наҷмиддинова, раиси Маркази назорати давлатии санитарӣ ва беҳдоштӣ дар минтақа, бовар дорад, зердастонаш туҳмат мезананд. Додситонии Кӯлоб парвандаи ӯро ба гумони қаллобӣ тафтиш дорад. Коргарон тарки пеша кардаанд. Чаро? Як манбаъ дар Додситонӣ рӯзи 9-уми май гуфт, парвандаро Идораи амният кушода, масъулияти тафтишро ба уҳдаи онҳо гузоштааст. “Нисбати Шаҳноза Наҷмиддинова бар асоси қаллобӣ... Читать дальше...

Президенти Қазоқистон ба Туркия рафт

Ozodi.org 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 10 май бо сафари давлатӣ ба Туркия рафт. Ин нахустин сафари Тоқаев ба Туркия ба ҳайси президенти Қазоқистон аст. Тоқаевро дар фурудгоҳи шаҳри Анқара ноиб-президенти Туркия Фуат Октай пешвоз гирифтааст. Сафари Тоқаев дар Туркия ду рӯзро дар бар гирифта, вай бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон мулоқот ва дар форуми тиҷории соҳибкорони Қазоқистону Туркия иштирок мекунад.

Узбекистону Қазоқистон дар бахши кайҳонӣ ҳамкорӣ мекунанд

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев созишномаи байниҳукуматӣ бо Қазоқистонро дар бораи ҳамкориҳои пажуҳишӣ ва истифодаи кайҳон бо ҳадафҳои осоишта имзо кард. Ин созишнома аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар рӯзи 6 декабр дар Қазоқистон имзо шуда буд. Аз ҷониби Узбекистон вазорати адлия масъули иҷрои созишнома таъйин шудааст. Ин созишнома ҳамкориҳои ҷонибҳоро дар бахши пажуҳиш ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо ҳадафҳои осоишта, коркард ва истифодаи абзорҳои кайҳонӣ бо ҳадафи рушди иқтисод, илм, таъмини... Читать дальше...

Дар Қирғизистон барои таҳсил дар хориҷ стипендияи президентӣ медиҳанд

Ozodi.org 

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аз оғози барномаи стипендияҳои байналхалқии "Умеди мардум" хабар дод. Ҷабборов дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки дар ин бора фармон имзо кардааст. Барнома ба ҷавонони қирғизистоние стипендия пешбинӣ мекунад, ки ба яке аз 100 донишгоҳи радаи аввали дунё барои идомаи таҳсил - магистратура ё докторантура шомил мешаванд. "Мо ҳоло тасмим гирифтем, соли ҷорӣ 50 стипендия бидиҳем, ки ҳаҷми максималии як стипендия аз 50 ҳазор бештар нахоҳад буд. Авлавият ба бахшҳои техникӣ ва муҳандисӣ дода мешавад... Читать дальше...

Раиси пешини ширкати "Достон"-ро аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек қарор баровард, ки Алексей Ширшов, раиси пешини ширкати "Достон", аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шавад. Ширшов то 26 май дар ҳабси хонагӣ мемонад. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки Ширшов рӯзи 10 май бо гумони фасодкорӣ дар доираи парвандаи хусусигардонии амволи гаронарзиш дар истироҳатгоҳи "Аврора Плюс" дар вилояти Иссиқкӯли он кишвар боздошт шудааст. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, бо ташкили як тавтиа тоҷирон дар... Читать дальше...

Нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз куштори ғайринизомиён дар Панҷшер

Ozodi.org 

Андреас фон Брандт, сафир ва роҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон аз хабарҳо дар бораи куштор ва бадрафторӣ нисбати ғайринизомиён дар Панҷшер нигаронӣ кардааст. Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар як паёми твиттерӣ навишт, "ба хотири даргузашти афроди бегуноҳ дар Панҷшер азо дорем". Оқои Брандт гуфтааст, вазъи пешомада бори дигар нишон медиҳад, ки роҳи ҳалли масъалаи Афғонистон дар фарогир будани ҳукумати Афғонистон аст. Нигаронии ин мақоми Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле садо медиҳад... Читать дальше...

Тартиби нав барои таксиҳо дар Туркманистон: занон дар курсии пеш нашинанд

Ozodi.org 

Ба кирокашҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон дастур шудааст, ки бо суръати на бештар аз 70 километр/соат ҳаракат кунанд. Тартиби нав барои кирокашҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон дар як ҷаласа бо иштироки роҳбарони бахши нақлиёти он кишвар рӯзи 6 май садо додааст. Ба иловаи коҳиши суръати ҳаракат, муқаррар шудааст, ки кирокашҳо набояд бештар аз 3 мусофир бигиранд. Ҳамчунин ба онҳо дастур шудааст, ки дар нишастгоҳи пеши нақлиёт занҳоро, сарфи назар аз ҷавониву куҳансолиашон, нашинонанд. Дар Туркманистон... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Линетт сыграет против Соболенко во втором круге турнира WTA в Мадриде






Москвичам напомнили о полезных инструкциях на портале mos.ru

Эксперт Клапанюк: во II квартале спрос на новостройки в Москве начнет расти

Бесстыжие ванны и сон в лесу. Эксперт рассказала, куда поехать на майские

В ЦАО и ЮВАО в Москве временно закроют подземные пешеходные переходы