Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 24.05.2022

"Изҳорот"-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов. Шерзамонов ҷаласа ва 13 ҳазор долларро рад кард

Ozodi.org 

Ҳарчанд Холбашов гуфт, изҳорот бидуни ҳеч зӯроварӣ ба даст омадааст, маълум нест, зери чӣ шароите сабт шуда. Видеоро шоми 24-уми май бо рамзи "Телевизиони Тоҷикистон" нашр карданд. Қаблан Улфатхоним Мамадшоева дар суҳбат бо хабарнигорон даст доштани худро дар нооромиҳои Бадахшон рад карда буд.

Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, имдодгарону ҳомиёни ҳуқуқро ба Рӯшон роҳ диҳад

Ozodi.org 

Панҷ созмони байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба саркӯби хушунатомез ва таъқиби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон поён дода, имдодгарони Салиби Сурх ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро ба ноҳияи Рӯшон роҳ бидиҳад.

"Бе хабари зиёдатӣ аз Бадахшон!" Расонаҳои Тоҷикистон зери фишоранд ё худсензура?

Ozodi.org 

Бархилофи солҳои гузашта, расонаҳои Тоҷикистон ин бор аз бозтоби рӯйдодҳои Бадахшон худдорӣ карданд. Сарони баъзе нашрияҳо тасдиқ карданд, ки зери фишори мақомот наметавонанд, аз эътирози сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) нависанд. Мақомот чунин баёнияҳоро шарҳ намедиҳанд.

Ба зардолузорҳои серҳосили Ашт чӣ шуд?

Ozodi.org 

Кишоварзон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд мегӯянд, соли дувум аст, ки аз дарахтони зардолу ҳосили хуб намегиранд. Баръакси минтақаҳои дигар, ки деҳқонҳо аз камии обу дору шикоят доранд, онҳо мегӯянд, ивазшавии иқлим, бавижа сардии ҳаво дар моҳҳои марту апрел ба ин вазъ сабаб шудааст.

Дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон танаффус эълон шуд

Ozodi.org 

Даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 22-юми май бо бозӣ миёни дастаҳои “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб ба поён расид. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳарду гол дар охири бозӣ зада шуд. Ба голи бозигари мизбонон Боҳирҷон Сангинбоев (дақиқаи 80-ум) баъди панҷ дақиқа Муҳсин Абдуғаффоров, ҳамлагари «Равшан», посух дод.  Ёдовар мешавем, чаҳор бозии даври ҳаштум рӯзи 18-уми май баргузор шуда буд. Пешсафи ҷадвали мусобиқа – “Хатлон”-и Бохтар... Читать дальше...

Марафони дав дар Тоҷикистон бо ширкати як шаҳрванди Австралия ва ҳамроҳонаш идома дорад

Ozodi.org 

Мина Гули, шаҳрванди Австралия, рӯзи 22-юми май марафони чорумашро ба масофаи 42,2 километр дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Дарвоз, қад-қади дарёи Панҷ баргузор кард, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, шаҳрванди Австралия, дар Тоҷикистон дар марафони дав бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 иштирок дорад.   Марафони дав, ки 16-уми май шуруъ шуд, то рӯзи 10-уми июн идома хоҳад кард. Читать дальше...

Рақибони дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ozodi.org 

Қуръакашии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) доир гардид. Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 14-ум то 18-уми сентябри имсол дар Душанбе баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷавонони Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон доир мегардад... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Прямая трансляция матчей Рыбакиной и Путинцевой за выход в 1/8 финала турнира в Мадриде






«Не смогла остановиться»: мать-одиночка Юлия Ефременкова купила восьмую квартиру

Свыше 350 точек торговли вербой заработали в Подмосковье

Заключительный этап олимпиады школьников стартовал в Подмосковье

Сотрудников скорой помощи Балашихи поздравили с праздником