Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Новости за 18.05.2022

Даъват ба муколама. Вокуниши сафирони ғарбӣ ба рӯйдодҳои Бадахшон

Ozodi.org 

Сафирони чанд кишвари ғарбӣ дар Тоҷикистон рӯйдодҳои се рӯзи охирро дар Бадахшон "даргирии хушунатомези дохилӣ" номида, аз шиддат гирифтани вазъ ва талафоти ҷонӣ дар он ибрози нигаронии амиқ кардаанд.

Ба гази Ашт "чашм расид"? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд нархи газро боло бурда ва онро  бо нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории дигар минтақаҳо баробар кардаанд.

8 куштаву 11 захмӣ. Дар ноҳияи Рӯшон чӣ мегузарад?

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 18-уми май дар "амалиёти зиддитеррористӣ" дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон 8 нафар кушта, 11 тан захмӣ ва зиёда аз 70 кас боздошт шудаанд.

Улфатхоним Мамадшоева боздошт шудааст

Ozodi.org 

Яке аз наздикони Улфатхоним Мамадшоева ба Радиои Озодӣ гуфт, ин фаъоли ҷомеаи мадании Бадахшонро рӯзи 18-уми май кормандони ҳифзи қонун ва ҳуқуқ аз хонааш дастгир карда бо худ бурданд.

Сардовари бозии "Регар-ТадАЗ" - "Хатлон" муҷозот шуд

Ozodi.org 

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як ҷаласае, ки 17-уми май баргузор шуд, Хуршед Дадобоев, сардовари бозии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои “Регар -ТадАЗ” (Турсунзода) – “Хатлон” (Бохтар)-ро муҷозот кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шикояти бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-ро пас аз бозӣ бо “Хатлон”, ки рӯзи 15-уми май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода... Читать дальше...

Амрико назорати амниятӣ бар бинои сафорату консулгариҳои Афғонистонро дар ин кишвар ба дасти худ гирифт

Ozodi.org 

Департаменти давлатии ИМА дар изҳороте рӯзи 17-уми май гуфт, ки ҳукумати ин кишвар назорат бар биноҳои сафоратхонаи Афғонистон дар Вашингтон ва ду бинои консулгарӣ дар иёлатҳои амрикоиро ба дасти худ гирифтааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Департаменти давлатӣ “танҳо масъули” амнияту барқарорсозии равобити дипломатӣ ва ҳам “муҷаҳҳазсозии дохили биноҳову бойгонӣ ва дороиҳои молии” он мебошад, аз ин рӯ ворид шудани дигарҳоро ба ин биноҳо иҷоза намедиҳад. Шурӯъ аз нисфирӯзии 16 май сафорат ва ду консулгариҳои Афғонистон... Читать дальше...

Генерали калони покистонӣ музокира бо "Таҳрики Толибон"-ро назорат мекунад

Ozodi.org 

Як мақоми Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҷараёни музокироти миёни мақомоти Исломобод ва гурӯҳи тундрави “Таҳрики Толибони Покистон” як генерали артиши Покистон назорат мекунад. Мақомоти покистонӣ тасдиқ карданд, ки генерал-лейтенант Файз Ҳамид, ки масъули нирӯҳои покистонӣ дар минтақаи шимолуғарбии Хайбар Пахтунва мебошад, раҳбарии ҳайати Покистонро дар музокирот бо “Таҳрики Толибони Покистон” дар шаҳри Кобули Афғонистон ба ӯҳда дорад. Ин мақом гуфт, ки дар ин музокирот вазири корҳои дохилии Толибон Сироҷиддин... Читать дальше...

AP: Чин Шинҷонро ба зиндони бузург табдил медиҳад

Ozodi.org 

Дар Уйғури Чин тақрибан ҳар 25-умин сокин бо айби терроризм ба зиндон маҳкум шудааст. Ба иттилои хабаргузории Associated Press (АР), ин болотарин сатҳи зиндонсозӣ дар дунё аст. Рӯйхате, ки хабаргузорӣ дарёфт кардааст, номи бештар аз 10 ҳазор уйғуртабореро дар бар мегирад, ки дар маҳбаси Конашехери Шинҷон зиндонӣ шудаанд. Дар солҳои охир Чин уйғурҳо, ақалияти мусалмони Шинҷонро таъқиб мекунад ва ин таъқибҳоро мубориза бо терроризм меномад. Баъди танқидҳои байналхалқӣ ҳукумати Чин дар соли 2019 эълом кард... Читать дальше...

490 қазоқтабор Туркманистонро тарк мекунад

Ozodi.org 

490 қазоқтабори Туркманистон ибтидои моҳи июн ин кишварро тарк ва ба Қазоқистон мекӯчанд. Дар ин бора расонаҳои Туркманистон хабар доданд. Ҳукумати Қазоқистон барномаи махсусеро амалӣ месозад, ки бар асоси он қазоқтаборон аз саросари дунё метавонанд, ба Қазоқистон кӯчанд. Охири моҳи феврали соли 2021 бештар аз 160 қазоқтабор аз Туркманистон ба Қазоқистон кӯчида буд. Аз ибтидои соли ҷорӣ қариб 2 ҳазор қазоқтабор аз саросари дуён ба Қазоқистон кӯчидаанд. Бештари онҳо асосан дар вилоятҳои Алмато ва Мангистау зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

ВКД аз оғози "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Бадахшон хабар дод. Дар Рӯшон чӣ мегузарад?

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми май аз оғози "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Бадахшон хабар дод. Тибқи иттилои расмӣ, дар ноҳияи Рӯшон миёни нерӯҳои давлатӣ ва сокиноне, ки роҳро ба самти Хоруғ баста буданд, даргирӣ сурат гирифтааст.

Даргузашти рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Ozodi.org 

Рӯҳони шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода субҳи 18-уми май дар сини 70 солагӣ даргузашт. Яке аз хоҳарзодаҳои Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аз дарди дил ранҷ мебурд ва ин субҳ хабари маргашро ба онҳо расонданд. Ба гуфтаи наздиконаш, маросими ҷанозаи ӯ имруз вақти намози пешин дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Исмоил Пирмуҳаммадзода дар доираҳои динӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун воиз ва ровӣ шинохта шуда буд. Ӯ аз соли 1991 ба ин тараф имом-хатиби Масҷиди марказии Ҳисор буд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Теннисистка Касаткина заявила, что скучает по России, но пока не может приехать






В Москве мотоциклист облил бензином и поджег Volkswagen бывшей жены

Штраф за неуплату штрафа: Киркоров продолжает спорить из-за платной парковки

Психолог Хакимов: к работе после майских праздников стоит готовиться заранее

Инвестировать в будущее: как обеспечить себе безбедную старость