Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бо Баҳрайн, Туркманистон ва Узбекистон рақобат мекунад

0
Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бо Баҳрайн, Туркманистон ва Узбекистон рақобат мекунад

Имрӯз, 26-уми май, дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) қуръакашии Ҷоми Осиё оид ба футзал доир шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии АFC (Конфедератсияи футболи Осиё).

Ба иттилои манбаъ, барои унвони зӯртарин дастаи қора дар Ҷоми Осиё 16 мунтахаби миллӣ мубориза мебарад. Мусобиқа аз 27-уми сентябр то 8-уми октябри имсол дар Кувайт баргузор мешавад.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа се дастаи мунтахаби миллии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон - дар гурӯҳи «B» рақобат мекунанд. Ба онҳо мунтахаби Баҳрайн ҳамроҳ мешавад.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст. Баъди марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ пайдо мекунанд.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:

Гурӯҳи «А»: Кувайт, Ироқ, Тайланд, Умон.

Гурӯҳи «В»: Узбекистон, Баҳрайн, Тоҷикистон, Туркманистон.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Лубнон, Тайбэйи Чин, Индонезия.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Мунтахаби Эрон қаҳрамони феълии Осий оид ба футзал мебошад. Эрониҳо дувоздаҳ бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Ин унвон се бор насиби мунтахаби Ҷопон шудааст.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 мунтахаби Эрон тими Ҷопонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Барои ҷои сеюм мунтахаби Узбекистон аз рӯи силсилаи пеналти тими миллии Ироқро мағлуб кард.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Саснович пробилась во второй раунд турнира WTA-1000 в Риме






Глава Дмитровского городского округа осуществил мечту детей героев СВО

Раис Татарстана Рустам Минниханов встретился с Президентом Гвинеи-Бисау Умару Сисоку Эмбало

Историческая реконструкция боев прошла в Дмитровском округе

Врачи Домодедовской больницы извлекли из желчного пузыря пациентки стакан камней