Дархости Қирғизистон ду муҳоҷири тоҷикро саргардон кард
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт ва сипас озод шуданд, аз сарнавишти ояндаи худ нигаронанд. Фурқат Абдуфаттоев ва Диловар Ҷӯраев, сокинони шаҳри Исфара мегӯянд, ҳарчанд қариб як сол аст дар озодӣ ҳастанд, аммо мақомоти Русия ба онҳо иҷозаи бозгаштро намедиҳанд.