Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2022

Бозиҳои дӯстонаи дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар Душанбе

0
Бозиҳои дӯстонаи дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб  дар Душанбе

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев моҳи июн дар Душанбе бо ҳамсолонашон аз Имороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 2-юм ва 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои  Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ  аз 14-ум то 18-уми сентябр дар Душанбе доир мегарданд.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

Бозиҳои дӯстона

2-юми июн (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

ТОҶИКИСТОН (U-20) – ИМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ (U-20)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

4-уми июн (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

ТОҶИКИСТОН (U-20) – ИМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ (U-20)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме






Музыкальный театр имени Станиславского и Немировича-Данченко представит фестиваль «Кантата» в Калининграде

Путин призвал кабмин действовать в едином строю

Адвокаты Юревича не хотят отдавать "Макфу" быстро

V1.RU: в Волгограде отец и мачеха тушили окурки об 5-летнего сына