Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 20.10.2021

Модари Иззат Амон мегӯяд, писараш гуноҳе накардааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Модари Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, мегӯяд, писараш гуноҳе накардааст ва набояд зиндонӣ мешуд. Ашӯрбибӣ Холоваи 73-сола умедвор аст, ки мақомоти олии кишвар ба парвандаи ӯ мудохила мекунанд.

Шаҳзода: Ҳаёт Неъмат танҳо шоир набуд

Ozodi.org 

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар ёдҳо ва ёдномаҳо на танҳо чун шоир ва адабиётшиноси тавоно, балки ҳамчун муборизи ҳуқуқи тоҷикони Узбекистон мемонад. Шаҳзодаи Самарқандӣ, нависандаи тоҷик, дар наворе хотираҳояшро дар бораи ӯ баён кард. Наворро бинед.

Моҷаро дар хонаи Соҳибовҳо таҳқиқ мешавад

Ozodi.org 

Азизулло Соҳибов, раиси идораи "Тоҷикматлубот" дар вилояти Хатлон, гуфт, зане, ки дар хонаи ӯ аз гарданаш захмӣ шуд, "худро бо корд зад" ва "касе дар ин ҳодиса даст надорад".

Ҳаёт Неъмат. Посбону пуштибони забон, таърих ва фарҳанги тоҷикон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф аз ин марди озодандеш мезананд ва аз талошҳои ӯро дар солҳои сиёсати каримовӣ, дар бастани мактабҳо ва марказҳои фарҳангии ҷомеаи тоҷикон дар Узбекистон ёдоварӣ мекунанд.

Нишасти Маскав. Баҳси "ҳукумати фарогир" ё эътирофи "Толибон"?

Ozodi.org 

Русия рӯзи 20-уми октябр мизбони нишасте бо ҳузури "Толибон" аст, ки дар он мақомоти Чину Покистон ва ҳашт кишвари дигар иштирок мекунанд. Маълум нест, оё Тоҷикистон ҳам ба нишаст намояндаҳои худро фиристодааст ё на. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз ба ин суоли Радиои Озодӣ посух надод.



Саакашвили, ки гуруснанишинӣ мекунад, ба мудохилаи тиббӣ розӣ шуд

Ozodi.org 

Собиқ президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили, ки инак се ҳафта мешавад дар боздоштгоҳ даст ба гуруснанишинии эътирозӣ задааст, розӣ шуд, ки ба ҳолати ӯ дахолати тиббӣ сурат гирад, вале огоҳ кард, ки ба эътирозаш идома хоҳад дод. Дито Садзаглишвили, вакили дифои Саакашвили рӯзи 20-уми октябр номаи зерҳимояи худро ба матбуот қирот кард, ки дар он президенти собиқ гуфтааст, омода мебошад, ки барои кори худ “ҷон диҳад”. Дар номаи Саакашвили омадааст: “Айни замон, ман мехоҳам, ки ба хотири ин ки корамро то охир анҷом диҳам... Читать дальше...

Мақомот аз иҷрои нисфи нақшаи даъват ба артиш гузориш дода, аз вуҷуди облава нагуфтанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар давоми 20 рӯзи даъвати тирамоҳӣ ба хизмат дар артиш нақша беш аз 52 фойиз иҷро шудааст. Комиссариати ҳарбии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон нақшаро 100 фоиз пур кардааст. Фаридун Маҳмадилизода, сухангӯи вазорат мегӯяд сафарбарии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар Суғд беш аз 41 фойиз, Хатлон - 40 дарсад, навоҳии тобеъи марказ - 70 ва шаҳри Душанбе 79 фоийз иҷро гардидааст. Ин омори вазорат дар ҳолест, ки дар мавсими имсолаи даъват низ бо вуҷуди роҳандозӣ... Читать дальше...

Ситоиши Сироҷидин Ҳаққонӣ аз маргталабон дар Кобул

Ozodi.org 

Иҷрокунандаи корҳои дохилии ҳукумати ”Толибон” бомбгузорони марагталабро ситоиш намуда, ба хешу наздикони онҳо пораи замин ваъда кардааст. Сироҷидин Ҳаққонӣ, ки дар руйхати террористони байналмилалӣ ҷойгир шуда дар айни замон яке аз мансабдорони баландпояи ҳукмати ”Толибон” мебошад, рӯзи 18-уми октябр дар меҳмонсарои «Интерконтинентал»-и Кобул бо хешу наздикони бомбгузорони маргталаб дидору гуфтугӯ намуда, онҳоро «шаҳидони роҳи ислом» номид. Дар ҳамин мемонсаройи «Интерконтинентал»-и Кобул, ки Ҳаққонӣ... Читать дальше...

Машқҳои СПАД дар Тоҷикистон ва сафари "Толибон" ба Маскав

Ozodi.org 

Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас рӯзи 22-юми октябр бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад. Ӯ омодагии сарбозонро ба марҳилаи ниҳоии тамринҳои неруҳои кишварҳои узви  СПАД дар Тоҷикистон месанҷад. Бо афзоиши нигаронӣ аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон, дар Тоҷикистон нерӯҳои СПАД машқҳои васеъмиқёси низомиашонро идома медиҳанд. Вазоратҳои дифои Тоҷикистону Русия гуфтанд, ки дар машқҳои низомӣ бештар аз 4 ҳазор сарбоз аз Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои узв ширкат меварзанд. Читать дальше...

Utair гуфт, ки парвозҳои Сургут-Хуҷанд барқарор шудааст

Ozodi.org 

Ширкати ҳавоии русии Utair парвозҳояшро аз шаҳри русии Сургут ба Хуҷанди Тоҷикистон барқарор кардааст. Тибқи нақша, ҳавопаймои ширкат ҳар рӯзи чоршанбе тариқи ин масир мусофиронро интиқол хоҳад дод. Намояндаи Utair гуфтааст, сокинони минтақа ба парвози мустақим ба Тоҷикистон ниёз доранд ва бинобар ин, шумораи парвозҳо низ афзоиш хоҳанд ёфтааст. Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия, ки бо сабаби пандемияи коронавирус муддате баставу баъдан маҳдуд шуданд,  аз 27-уми август барқарор шудаанд. Он замон Оҷонсии авиатсия гражданӣ ваъда дода буд... Читать дальше...

СММ: агар истеҳсоли ангишту нафт кам нашавад, баъди даҳ сол вазъи иқлим хатарнок мешавад

Ozodi.org 

Як таҳқиқот, ки бо пуштибонии СММ барпо шудааст, мегӯяд, ба хотири он ки даҳ сол баъд гармоиши иқлим дар сайёра ба сатҳи бисёр хатарнок нарасад, бояд истеҳсоли ангишт, нафт ва газ дар ин муддат беш аз ду баробар кам шавад. Барномаи муҳитзистии СММ дар гузорише, ки 20-уми октябр нашр кард, мегӯяд, кишварҳо нақша доранд, ки истеҳсоли ангишту нафту  газро дар поёни даҳсолаи оянда ду баробар зиёд кунанд ва ин бо пешбинии то 15 дараҷаи Селсия гарм шудани иқлим то соли 2030 мувофиқат намекунад. Таҳқиқоти коршиносон мегӯяд... Читать дальше...

Ба сокинони Пекин воксинаи сеюмро пешниҳод мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти Чин, ки ба ташкили бозиҳои олимпии зимистона дар моҳи феврали соли оянда омодагӣ мебинанд, ба сокинони Пекин гирифтани воксинаи сеюми тақвиятдиҳандаро пешниҳод кардаанд. Гузориши як хабаргузории давлатӣ рӯзи 20-уми октябр мегӯяд, ки ба сокинони ҳанӯз ним сол пеш пурра эмшуда машварат шудааст, ки воксинаи сеюмро бигиранд.  Пекин гуфтааст, ки бозиҳои олимпии зимистонаро дар шароити сахти беҳдоштиву риояи маҳдудиятҳои иҷтимоӣ барпо мекунад, тамошои бозиҳо танҳо барои чиниҳо иҷоза дода мешавад ва аз ҳамаи варзишгарон талаб мешавад... Читать дальше...

Новости России
Москва

Врач Пылев: склонность к получению солнечных ожогов связана с риском рака кожи


Таркиши пурқудрате дар Сурия ҷони 13 нафарро гирифт

Ozodi.org 

Матбуоти давлатии Сурия гуфт, ки дар натиҷаи таркиши бомба дар шаҳри Димишқ,  13 нафар куштаву се нафар маҷрӯҳ шуданд. Хабаргузории давлатии SANA гуфт, ки рӯзи 20-уми октябр лаҳзаҳое, ки як автобус бо низомиёни артиши Сурия аз рӯи пуле убур мекард, ду бомбаи сарироҳӣ таркид. Ҳодиса дар соатҳои субҳи барвақт, замоне, ки мардум ба кору таҳсил шитоб доштанд, рух дод. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Дар Сурия чандин гурӯҳи шӯришии мухолифи режими президент Башор Асад... Читать дальше...

Дар Туркистони Қазоқистон коргарони кӯдакистонҳо ба эътироз баромаданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Туркистони Қазоқистон рӯзи 19-уми октябр бештар аз 100 тан соҳибон ва коргарони кӯдакистонҳои хусусӣ пушти дари ҳукумати вилояти Туркистон гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо талаби маоши бештар ва пардохти буҷаи сарикасии сесолаи кӯдакистонҳоро карданд. Онҳо дар даст шиорҳои "Ҷонибдори баланд бардоштани маоши мураббиҳо!", "Меҳнати моро ҳам қадр кунед!" доштанд. Дилбар Ҳабибова, яке аз ширкатдорони гирдиҳамоӣ гуфт, дар чанд соли охир ба ҳисоби миёна сари кӯдак дар вилояти Туркистон 25 ҳазор танга ҷудо мешавад. Читать дальше...

Дар пойтахти Туркманистон даҳҳо "назоратгоҳ"-и пулис таъсис мешавад

Ozodi.org 

Дар Туркманистон барои сохтани 20 нуқтаи назоратии пулис тендер эълом шудааст. Ба иттилои нашрияи "Хроника Туркменистана", чунин тендер соли гузашта низ эълом шуда буд. Он замон нуқтаҳои назоратии пулис ҳамчун танзимгари тартиботи ҷамъиятӣ унвон шуда буданд. Ин тендерро вазорати сохтмон ва муҳандисии Туркманистон бо фармоиши вазорати корҳои дохилии он кишвар рӯзи 15-уми октябр эълом кардааст. Нуқтаҳои мазкурро бо технологияҳои муосир ва васоили расонидани ёриҳои аввалия муҷаҳҳаз хоҳанд кард. Читать дальше...

Суол аз мардум: Пул доду билети ҳарбӣ гирифт ё ҳатман хидмат кард? ВИДЕО

Ozodi.org 

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати ҷавонон ба артиш оғоз шудааст. Ин маърака ду моҳ давом мекунад ва бар асоси қонуни нав сурат мегирад. Бар асоси ин қонун, ҷавонон метавонад бо пардохти 25 ҳазор сомонӣ ва гузаштан аз давраи як моҳаи тайёрӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Мирзиёев гуфт, 18 сол дар Тошканд бидуни қайд зистааст

Ozodi.org 

Раисҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми президентии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19-уми октябр дар мулоқот бо интихобкунандагон дар шаҳраки донишҷӯёни ноҳияи Олмазори ин кишвар мушкилиҳои даврони кор дар пойтахтро ёдовар шуд. Мирзиёев гуфт, сарфи назар аз таваллуд шуданаш дар вилояти Ҷизах ӯ аз 18-солагӣ дониш ва тарбияро аз мардуми Тошканд омӯхтааст. "Ман дар ҳуҷраи иҷора мезистам ва мушкилиҳоеро дидаам. Ман бе сабаб ба масъалаи манзили зист ҷиддӣ бархӯрд намекунам. Ман 18 сол мушкили қайди маҳалли зистро доштам. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Теннисистка Касаткина заявила, что скучает по России, но пока не может приехать






Подрядчик приступает к заключительному этапу ремонта коллектора в Бердске

Марина Бахилина прокомментировала прямую линию главы Якутии

Генерал, который не обманул: Тимур Иванов ответил за Пригожина?

Адвокаты намерены обжаловать приговор Олегу Кану