Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 25.10.2021

Бе мухолифин, бо рақибони "худӣ". Мирзиёевро дигарбора президенти Узбекистон интихоб кардаанд

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёеви 64-сола, ки ҷонибдоронаш ӯро барои ба роҳ мондани ислоҳот ситоиш мекунанд, аммо мунтақидон ба ваъдахилофӣ муттаҳам менамоянд, дигарбора президенти Узбекистон шуд. Вай то панҷ соли дигар ҷилави қудратро дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба даст хоҳад дошт.

Дар Олмон серришу хушбурутҳоро якҷо ҷамъ оварданд

Ozodi.org 

Соҳибони ришу бурутҳои зебо дар Олмон тӯҳфа гирифтанд Дар мусобиқаи байналмилалии ришу бурут дар шаҳри Эгинг-ам-Зеи Олмон, ки рӯзи 23-уми октябр баргузор шуд, беш аз сад нафар хушбурут ва соҳибони ришҳои ғайримаъмулӣ аз кишварҳои гуногун иштирок карданд.

Қурби рубл муҳоҷиронро хурсанд кардааст

Ozodi.org 

Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боло рафта, арзиши доллар андаке поин омадааст. Наздикони муҳоҷирон аз тағйирот дар бозори арзи хориҷӣ хушҳоланд, вале иддае мегӯянд, бо гарон шудани маҳсулоти ниёзи аввал боло рафтани қурби рубл низ ба зиндагиашон таъсири чандоне надорад.



Ҳамсари Нозанин Зоғарӣ дар маркази Лондон гуруснанишинӣ кард

Ozodi.org 

Ричард Ратклифф, шавҳари Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф, зани бритониёии эрониасл, даст ба гуруснанишинӣ задааст. Зоғарӣ то соли 2020 дар Эрон зиндонӣ буд ва ҳоло ӯро ба як соли дигар ҳабс маҳкум кардаанд.

HRW ҳамлаҳои ДОИШ-ро ба зидди ҳазораҳо “ҷиноят алайҳи башарият” донист

Ozodi.org 

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳамлаҳои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро ба зидди ҳазораҳо (ақаллияти шиа) дар Афғонистон ба “ҷинояти зидди башарият” баробар донист.

Дар сӯхтори хобгоҳи муҳоҷирон 17 шаҳрванди Тоҷикистон бе санад мондаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, бар асари сӯхтори ҳафтаи гузашта дар иншооти сохтмонии воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”-и шаҳри Маскав 60 муҳоҷири тоҷик молу ашё ва беш аз 17 нафар санадҳояшонро аз даст додаанд.

Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба соли 2023 мавқуф гузошта шуд

Ozodi.org 

Шӯрои олимпии Осиё эълон кард, ки Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки мебоист рӯзҳои 10-20-уми марти соли 2022 дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд доир мегашт, ба соли 2023 мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

"Регар-ТадАЗ" ғолиби мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ба анҷом расид. Ин даста дар бозии даври охирин дар майдони худ тими “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби бузурги 7:2 мағлуб кард.

Дар Қазоқистон ҳабси фаъолон идома дорад

Ozodi.org 

Маруи Есендирова, сокини шаҳри Уралски Қазоқистонро 20 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Додгоҳ ӯро барои суханрониаш дар гирдиҳамое дар як моҳи пеш ба ҳабс гирифт.

Поёни интихоботи президентии Узбекистон. Пирузии Мирзиёев қатъӣ ба назар мерасад

Ozodi.org 

Рӯзи якшанбеи 24-уми октябр дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар ҷараёни он Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии ин кишвар рақиби қавие надошт ва аз ин рӯ пирӯзии ӯ тақрибан қатъӣ ба назар мерасад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Соболенко: я предпочитаю смотреть мужской теннис, а не женский






Стало известно число столкнувшихся с укусом клеща россиян

Цена вопроса — 30 тысяч. Что известно о сотруднике ДПС, отпустившем сбежавших после убийства байкера

Аршавин считает, что «Спартак» был ближе к победе, чем ЦСКА

В Котельниках написали «Диктант Победы»