Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 05.10.2021

Дар Панҷшер чӣ мегузарад? Сокинон аз бадрафтории "Толибон" шикоят доранд

Ozodi.org 

Аз замоне ки гуруҳи "Толибон" иддао кард, ки назорат бар вилояти Панҷшерро ба даст гирифт, се ҳафта гузашт. Шахсони вобаста ба Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" дар бахшҳои марказии Панҷшер ба чашм намехӯранд, аммо ба маълумоти баъзе аз аъзояш, "онҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст ҳузур доранд"

Мақомот мегӯянд, саросари Душанбе ваксина гирифт. Бисёриҳо мепурсанд, чӣ гуна? ВИДЕО

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як изҳороти баҳсбарангез гуфт, ҳама сокинони аз 18-сола болои Душанберо (ба истиснои занони ҳомила ва гирифторони бемориҳои ирсӣ) зидди коронавирус эм кардаанд.

Мақомот гуфтанд, ҳамаро дар Душанбе эм карданд, вале шубҳаҳо ҳаст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як изҳороти баҳсбарангез гуфт, сокинони аз 18-сола болои Душанбе (ба истиснои занони ҳомила ва гирифторони бемориҳои ирсӣ) зидди коронавирус эм карда шуданд. Вале баъзе аз сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонон, мегӯянд, то ҳол ваксинаи зидди COVID-19 нагирифтаанд.

Путин ва Раҳмон вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд 

Ozodi.org 

Дафтари матуботи Кремлин гуфт, рӯзи 5-уми октябр президентони Русия ва Тоҷикистон - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ин нахустин сӯҳбати телефонии ду раҳбар баъди поёни моҳи сентябр аз ҷониби як мақоми вазорати умури хориҷии Русия ба мусолеҳа даъват кардани Душанбе ва ҳукумати “Толибон” мебошад. Маълум нест, ки оё президенти Русия, ки бар хилофи раҳбари Тоҷикистон аз ҷонибдорони  муколама бо “Толибон” мебошад, ин навбат шахсан  президент Эмомалӣ Раҳмонро ба... Читать дальше...

Абдуқодири Рустам: Агар дар Душанбе "дар боз аст", набояд дар Панҷакент "яла" бошад ва дар Файзобод - "кушода"

Ozodi.org 

"Ман на танҳо ҷонибдори бозгашт ба алифбои форсӣ ҳастам, балки бар ин назарам, ки забони мо бидуни бозгашт ба алифбои форсӣ, ки дар ҳазору дувист сол қолаби муносибе барои ин забон будааст, ояндаи дурахшон, балки ояндаи рӯшан ҳам нахоҳад дошт."

"Нигаронии амиқи" сафирони хориҷӣ аз назорат шуданашон аз ҷониби амнияти Гурҷистон

Ozodi.org 

Як гурӯҳи сафирони давлатҳои хориҷии мустақар дар Гурҷистон гуфтанд, ки аз он ки аз ҷониби  Хадамоти амниятии давлатии ин кишвар  назорат мешаванд, изҳори "нигаронии амиқ" карданд. Моҳи гузашта дар Гурҷистон санадҳое рӯи об баромад, ки дар бораи назорати сартосарӣ аз пушти журналистон, рӯҳониён, дипломатҳо ва дигарҳо шаҳодат медиҳанд. Рӯзи 4-уми октябр баъди як мулоқот бо муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Гурҷистон Давид Залкалиани корпуси дипломатӣ изҳороте пахш кард ва гуфт, ки назорат “нақзи... Читать дальше...



Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Гурҷистон ва идомаи гуруснанишинии Саакашвили

Ozodi.org 

Дар интихоботи маҳаллии Гурҷистон, ки рӯзи 3-юми октябр баргузор шуд, ҳизби ҳоким ғалаба кард. Нозирони беруна гуфтанд, ки овоздиҳӣ хуб ташкил шуд, аммо аз қонуншиканиҳо орӣ набуд. Рӯзи овоздиҳиро ҳабси президенти собиқ Михаил Саакашвили хадшадор кард. Рӯзи 4-уми октябр тарафдорони Саакашвилӣ бо талаби озодии ӯ таҷаммӯъ карданд. Ҳизби “Орзуи Гурҷистон” тавонист бемушкил пирӯз шавад ва зарурате барои баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ намемонад,  ки дар борааш дар созиши ҳукумат ва мухолифон... Читать дальше...

ИМА ба Вазорати дифои Тоҷикистон 20 ҷип тақдим кард

Ozodi.org 

Сафорати ИМА дар Душанбе рӯзи  5-уми  октябр гуфт, ки  дар доираи кумак ба Тоҷикистон, "баҳри мустаҳкам намудани марзҳои давлатӣ 20 автомошинаи ҷипро ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тақдим намуд". Мошинҳои дорои арзиши 1,3 миллион доллар ба нерӯҳои вижаи Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд. Дар иттилоияи сафорати ИМА омадааст, ки дар мароси тақдими мошинҳо сафир Ҷон Марк Поммершайм ва муовини Вазири мудофиа оид ба технология ва таъминот генерал-майор Хусрав Бобозода  иштирок карданд. Читать дальше...

Ҳунарпешаҳои рус барои филмгирӣ ба кайҳон парвоз карданд

Ozodi.org 

Ҳунарпешаи маъруф ва коргардони ҷоизадори синамо Русия субҳи 5-уми октябр савори киштии  "Союз МС-19" ба кайҳон парвоз карданд. Ҳадафи ин тими чорнафара, ки ду нафарашон кайҳоннаварди касбӣ мебошанд, наворгирии филми тахайюлӣ мебошад. Юлия Пересилд ва Клим Шипенко аз пойгоҳи кайҳонии Байконури Қазоқистон парвоз карданд. Интизор меравад, ки дар поёни имрӯз онҳо ба истгоҳи кайҳонӣ мерасанд. Дар кайҳон пораҳое аз филми “Чолиш” («Вызов») сабт мешаванд. Қисса дар бораи сафари як ҳайати табибон ба кайҳон аст... Читать дальше...

Gulagu.net видеоҳои ваҳшатноки шиканҷаву таҷовузи зиндониҳо дар Русияро фош кард

Ozodi.org 

Як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар дар Русия гуфт, ки ба дасти ҳамкорони ӯ як бастаи калони сабтҳои видеоии ҳолатҳои шиканҷаву азият, таҷовуз ба номус ва дигар навъҳои бадрафторӣ нисбати зиндониёну боздоштшудаҳо расидааст, ки аз ҷониби агент ё омилони ФСБ ва Хадамоти зиндонҳои Русия анҷом мешуданд. Владимир Осечкин муассиси пойгоҳи Gulagu.net рӯзи 4-уми октябр дар Фейсбук навишт, ки ин ин видеоҳо далели он аст, ки ходимони ҳифзи қонун аз роҳи шиканҷаву азияти зиндониҳо онҳоро маҷбур мекунанд, ки бо мақомот ҳамкорӣ карда... Читать дальше...

Пфайзер гуфт, ваксинаи COVID барои кӯдакони хурд муносиб аст

Ozodi.org 

Ширкати Пфайзер ва шарики олмонии он Бионтек натиҷаҳои пешакии озмоиши ваксинаи СОVID-19 барои кӯдаконро ба Идораи назорат бар маводи хӯрока ва доруворӣ дар Амрико пешниҳод кардаанд. Пфайзер рӯзи 28-уми сентябр гуфт, ки озмоишҳо нишон доданд, ваксина барои кӯдакони аз 5 то 11-сола муносиб аст.

Pfizer гуфт, ваксинаи COVID барои кӯдакони хурд муносиб аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ширкати Pfizer ва шарики олмонии он BioNTech натиҷаҳои пешакии озмоиши ваксинаи СОVID-19 барои кӯдаконро ба Идораи назорат бар маводи хӯрока ва доруворӣ пешниҳод кардаанд. Ширкати Pfizer рӯзи 28-уми сентябр гуфт, озмоишҳо нишон доданд, ки ваксина барои кӯдакони аз 5 то 11-сола муносиб мебошад.

Афви Байнулмилал: "Толибон" 13 ҳазораро куштаанд

Ozodi.org 

Афви Байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, нерӯҳои "Толибон" моҳи августи имсол, ду ҳафта баъд аз сарнагунии ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул, 13 ҳазора, аз ҷумла, як духтари ҳабдаҳсоларо куштаанд.

Умар Расулов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи VIII байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, паҳлавони тоҷик Умар Расулов дар вазни то 81 кило ғолиб шуд. Дар ин мусобиқа, ки бори ҳаштум баргузор шудааст, ба ҷуз аз ҷудокорони тоҷик, варзишгарон аз Беларус, Қазоқистон, Русия Узбекистон ва Эрон аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90 ва +90 кг) миёни мардҳо рақобат мекунанд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа рақобатҳо дар вазни то 81 кило сурат гирифт ва бо пирӯзии паҳлавони тоҷик Умар Расулов хотима ёфт. Читать дальше...

"Авесто": Буҷаи давлатии Тоҷикистон барзиёд иҷро шудааст

Ozodi.org 

Хабаргузоории “Авесто” бо такя ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар 8 моҳи соли ҷорӣ даромади буҷаи давлатии кишвар 930 миллион сомонӣ барзиёд иҷро шудааст. Ин дар ҳолест, ки  солҳои охир нақшаи пешбинишуда пурра иҷро намегардид ва камбуди буҷа аз ҳисоби шарикони байналмилаии рушд бартараф мешуд. Вазорати молия гуфтааст,  ки то моҳи августи соли 2021  72 фоизи нақшаи буҷа аз ҳисоби афзоиши ҷамъоварии андозҳои асосӣ пур шудааст. Бар илова рушди иқтисод ва зиёд шудани ҷойҳои корӣ саҳмгузор будааст. Читать дальше...

Новости России
Москва

Более 100 студентов посетило СЛД Курск в рамках акции «Неделя без турникетов»


Ҳамлаи мард ба ҳамсар ва духтаронаш боиси кушта шудани тифли 11-сола шуд

Ozodi.org 

Як сокини 39-cолаи шаҳри Хуҷанд бо корд ба зану фарзандонаш ҳамла кардааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳодиса охири ҳафтаи гузашта ва замоне рух додааст, ки аъзои оилаи ин мард хоб будаанд. Ба қавли манбаъ, гумонбар дар хонаи истиқоматиаш бо корд якчанд бор ба қафаси сина ва дигар узвҳои бадани ҳамсари 32-сола ва духтарони 8 ва 11-солааш зарба задааст. Сипас мард бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастони худ низ осеб мерасонад. Аз захмҳои бардошта духтари 11-солаи ин мард, ки ному машғулияташ нашр намешавад... Читать дальше...

Барои таълими динӣ тавассути интернет ҷазо ҷорӣ хоҳад шуд

Ozodi.org 

Қонунгузорони Тоҷикистон мехоҳанд барои таълимоти динӣ тавассути интернет ҷазо ҷорӣ кунанд. Рӯзи 4-уми октябр аъзои Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи моддаи нав ба Кодекси ҷиноятиро баррасӣ карданд, ки мегӯяд,  "барои таълими ғайриқонунии динӣ, аз ҷумла тавассути интернет ва агар ин кирдор хусусияти эктремистӣ надошта бошад ва баъди адои ҷазои маъмурӣ такроран содир шавад, ҷавобгарии ҷиноятӣ" пешбинӣ шавад. Дар Тоҷикистон се сол инҷониб таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ... Читать дальше...

Матбуот: ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш меёбад

Ozodi.org 

Тобистони соли ҷорӣ интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик ба ватан афзудааст. Оҷонсии иттилооти "Прайм" бо такя ба маълумоти низоми интиқоли пулии "Контакт" менависад, ки фиристодани маблағ аз Русия дар давоми моҳҳои июн ва август дар муқоиса бо баҳори соли ҷорӣ 30 дарсад зиёд шудааст. Ҳаҷми умумии пули интиқолёфта аз Русия ба Тоҷикистон нашр намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки ба ҳисоби миёна як нафар  16 ҳазор рубл фиристодааст. Ин омор дар ҳоле нашр мешавад, ки равуои мунтазами ҳавоӣ байни Душанбеву... Читать дальше...

"Толибон" ҷангҷӯёни тоҷикро дубора мусаллаҳ кардаанд." Уйғурҳо аз сарҳади Тоҷикистон куҷо шуданд?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони ҳукумати пешини Афғонистон мегӯянд, дар ду ҳафтаи охир шоҳиди бо таҷҳизоти муосир мусаллаҳ шудани ҷангҷӯёни тоҷике шудаанд, ки дар сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон ҷойгиранд.

"Толибон" ҷаласаи аввалин ҳукумати худро барпо карданд

Ozodi.org 

Рӯзи 4-уми октябр аввалин ҷаласаи ҳукумати муваққати ”Толибон” аз замони ишғоли Афғонистон дар моҳи августи соли ҷорӣ баргузор шуд. Дар ин бора сухангӯйи ”Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дода, афзуд, ки маъмурияти ин ҷунбиши исломӣ нашри шиноснома ва корти ҳуввияти шаҳрвандони Афғонистонро аз сар хоҳад гирифт. Моҳи гузашта дар паи беруншавии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ”Толибон” ҳукумати худро таъсис доданд. Ягон кишвари олам ҳукумати онҳоро эътироф накардааст ва маълум нест, ки шиносномаҳо ва... Читать дальше...

USAID барои рушди тиҷорати ОМ $ 19 млн дод

Ozodi.org 

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рӯзи 5-уми октябр аз оғози тарҳи нави панҷсолаи 19-миллион долларӣ оид ба  рушди савдо дар Осиёи Марказӣ хабар дод. Ҳама кишварҳои минтақа - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар ин тарҳ иштирок мекунанд. Дар доираи ин тарҳ  тиҷорати минтақавӣ, рушди корхонаҳо ва раддубадалҳои минтақавӣ пешбинӣ мешавад. Дар изҳороти матбуотии USAID омадааст, ки тарҳи мазкур барои расидан ба се ҳадафи стратегӣ мусоидат мекунад. Ин - фаъолият... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мария стала соперницей Азаренко на турнире WTA в Мадриде






Всероссийский праздник фронтовой поэзии пройдёт в Великолукском районе в начале мая

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Родители 308,9 тысячи детей в Московской области получают единое пособие

В Коста-Рике отмечают десятилетие проведения «Бессмертного полка» в Латинской Америке

Специальная оценка условий труда военных коммунальщиков проведена в Московской области