Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 31.10.2021

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозиро ба Эрон бохт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии охиринаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” аз тими Эрон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Як духтари рус барои нимбараҳна акс гирифтан дар назди калисо боздошт шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як духтари ҷавонро барои нимбараҳна акс гирифтан дар назди калисои Исҳоқ боздошт карданд. Пулиси маҳаллӣ хабар додааст, ки нисбат ба ин духтар барои таҳқири эҳсоси диндорон парванда боз шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноятӣ то як соли зиндон ва ё то 300 ҳазор рубл ҷарима пешбинӣ мекунад. Дар акс духтар бо нимтана ва тагпӯш, ки аз миён поёни ӯро бараҳна нишон медиҳад, ба самти калисои Исҳоқ нигоҳ мекунад. Аз ин духтар Ирина Волкова ном мебаранд, ки 31-сола аст. Пас... Читать дальше...

Амрико ба Чин ҳушдор дод

Ozodi.org 

Энтони Блинкин, вазири умури хориҷии ИМА ба ҳамтои чинии худ ҳушдор дод, ки барои дигаргун кардани вазъият дар Тайван яктарафа амал накунанд. Вазири хориҷии ИМА ва Чин рӯзи 31-уми октябр дар шаҳри Рум, дар ҳошияи нишасти “Гурӯҳи 20” дидор доштанд. Энтони Блинкин ба Ван И, вазири умури хориҷии Чин гуфтааст, ки ИМА ба рафторҳои ахири Чин дар робита ба Тайван нигарон аст. Ӯ суҳбат бо ҳамтои чинии худро созанда унвон кард. Тайван аз Чин дар ҷанги шаҳрвандии соли 1949 ҷудо шуда буд, вале ҳанӯз Чин онро хоки худ медонад. Читать дальше...

Журналистеро дар Белорус ба "хиёнат ба давлат" айбдор карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Белорус Девис Ивашин, рӯзноманигори таҳқиқгарро, ки барои халал расонидан ба кори милиса боздошт шуда буд, ба “хиёнат ба давлат” айбдор карданд. Дар ин бора КГБ-и Белорус ба нашрияҳои маҳаллӣ хабар додааст. Ӯро рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ дар дохили манзили зисташ дар Гродно боздошт карданд. Моҳи июл маълум шуд, ки ду бор дар боздоштгоҳ ӯ сактаи қалб шудааст. Пеш аз боздошт ӯ  борҳо дар бораи даст доштани зархаридҳои рус дар пароканда кардани эътирозҳо дар Белорус ва шиканҷаи эътирозгарон гузориш навишта буд. Читать дальше...

Эрон ҳамлаи кибериро кори Амрико ва Исроил донист

Ozodi.org 

Ғуломризо Ҷалилӣ, раҳбари ташкилоти мудофиаи шаҳрвандӣ, ки бахши амнияти кибериро дар ин кишвар назорат мекунад, ИМА ва Исроилро ба ҳамлаи киберӣ айбдор кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳамла ба сохтори нафтрасонӣ ба камбуди маводи сӯхт дар Эрон сабаб шуд. Ҷалилӣ гуфт, ки ҳанӯз тафтиши ин ҳодиса хатм нашудааст, вале “аз нигоҳи таҳлилӣ мӯътақид аст, ки ин кори Исроил ва Амрико ҳаст”. Ҳамлаи киберӣ ба сохтори нафтрасонии Эрон мушкил эҷод намуд ва дар назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ навбати тӯлонӣ эҷод кард. Читать дальше...



Толибон мегӯянд, Мулло Ҳайбатулло зинда аст ва суханронӣ кардааст

Ozodi.org 

Толибон иддао доранд, ки Мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари онҳо шаби гузашта дар як мадраса суханронӣ кардааст. Қаблан, хабарҳое дар бораи фавти ӯ нашр шуда буд. Манобеи Толибон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шаби гузашта Мулло Ҳайбатулло Охундзода ба мадрасаи Ҳакимия дар маҳаллаи нӯҳуми шаҳри Қандаҳор рафта буд ва он ҷо суханронии кутоҳ дошт. Раҳматулло Нуривол, як намояндаи Толибон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки садои суҳбати Охундзода нашр шудааст. Аммо садое, ки нашр шудааст... Читать дальше...

Рустами Эмомалӣ ба қазияи Мадина дахолат кард

Ozodi.org 

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон хоҳони таҳқиқи латукӯби як зани ҷавон дар шаҳри Душанбе шудааст. Рустами Эмомалӣ 30-юми октябр ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилӣ дастур додааст, ки ҳодисаро аз нав ва ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд. Вокуниши шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ дар ҳоле садо дод, ки гурӯҳе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ӯ барои расидагӣ ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор муроҷиат карданд. Ба гуфтаи онҳо охири моҳи август Мадина аз сӯйи ҳамсари марди ҳамкораш... Читать дальше...

Фарангис мехоҳад, духтарон мисли ӯ бештар рақс кунанд

Ozodi.org 

Як балеринаи тоҷик мехоҳад, ки бо ҳунараш назари ҷомеаро ба ин навъи рақс тағйир бидиҳад. Ӯ дар Театри академии опера ва балет фаъолият дорад ва ҳамзамон ба наврасону хурдсолон аз нозукиҳои балет дарс мегӯяд.  Фарангис Қосимова ба кӯдакону наврасон дар як студияи алоҳида нозукиҳои балетро меомӯзонад. Ӯ аз камтарин нафаронест, ки дар ҷомеаи суннатӣ, ба духтарон рақси балет дарс медиҳад.

Сардарди дурӯғӣ ё дардисари бузург?!

Ozodi.org 

То кай қарор аст Тоҷикистони ману туро бо кишварҳои ҷангзада бо кишварҳои зери хатти фақр ё кишварҳое бо низоми диктатурии мутлақ муқоиса кунанд? Ва моро маҷбур ба он созанд, ки шукронаи беҳтар будани ҳоламон нисбат бо онҳоро кунем?


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мирра Андреева замыкает год // 16-летняя российская теннисистка успешно стартовала на крупном турнире WTA в Мадриде






В Чувашию привезут беглянку-поджигательницу, которая была в межгосударственном розыске

Платформа Академика запустила подписку с самой большой коллекцией курсов от вузов

Онлайн марафон "Новинки" - Тренды светодизайна на выставке Light + Building 2024

Собянин: Москва взяла Гран-при премии «Умный город» за цифровизацию горхозяйства