Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 06.10.2021

Муродбек Насриддинов: "Ҳунарманд бояд сабку садои худро дошта бошад". ВИДЕО

Ozodi.org 

Муродбек Насриддинов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр ба синни 70 расид. Радиои Озодӣ дар ин робита бо ин сана бо ӯ суҳбате дошт ва нахуст пурсид, ки аз умри рафта ризо аст? Муродбек Насриддинов: Розӣ ҳастам. Фақат орзу мекардам, вақте ҳунармандони мардумӣ мисли устод Зафар Нозим, Ҷурабек Муродов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошим, Абдулло Назриев ҳунарнамоӣ мекарданд, ман ҳеҷ бовар надоштам, ки омада давоми умри 70-сола бо онҳо кор мекунам, ҳамсуҳбат мешавам ва аз инҳо сабақ меомӯзам. Читать дальше...

"Ҷонашон дар хатар аст." Номаи пайвандони панҷ роҳбари ҲНИТ ба Салиби Сурх ва СММ

Ozodi.org 

Наздикони панҷ нафар аз роҳбарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ бо ирсоли як нома аз созмонҳои ҷаҳонӣ хостанд, то ба вазъи хешовандони онҳо дар зиндон расидагӣ шавад. Пайвандони Саидумар Ҳусайн, Маҳмадалӣ Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллои Розиқ ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар номаи худ навиштаанд, “ҷони онҳо дар хатар аст.” Мақомот пештар чунин хабарҳоро рад карда гуфтанд, ба ҷони роҳбарони ҳизби мамнӯъ дар зиндон чизе таҳдид намекунад. Номаи дусафҳагии наздикони зиндониён рӯзи... Читать дальше...

Нобел барои рушди дорусозӣ ва сабзтар шудани илми кимиё дода шуд

Ozodi.org 

Ҷоизаи имсолаи Нобели  дар бахши кимиё ё химия имсол ба  донишмандони олмониву амрикоӣ - Бенҷмин Лист ва Девид МакМиллан “барои рушди органокатализи ноҳамвор” тақдим мешавад. Дар изҳороти рӯзи 6-уми октябри Академияи улуми Шведсия – ниҳоди масъули супурдани ҷоизаи Нобел гуфта мешавад, ки ин ду донишманд барои эҷоди “василаи комилан нави сохтори молекулярӣ – органокатализ” қадрдонӣ мешаванд. Ин кашфиёти донишмандон барои “рушди таҳқиқот дар бахши дорусозӣ ва сабзтар шудани илми кимиё” мусоидат мекунад. Читать дальше...

Дар Туркманобод даҳҳо касро бо гумони ҳамҷинсгароӣ боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар вилояти Туркманободи Туркманистон наздики 25 касро бо гумони ҳамҷинсгароӣ боздошт кардаанд. Ин афрод дар пайи боздошти як марди сартарош дар поёни моҳи август яке паси дигар боздошт шудаанд. Миёни боздоштшудаҳо кормандони пулис, мақомоти оташнишонӣ ва сартарошҳо низ ҳастанд. Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар соли 2020 як ровии машҳур бо гумони ҳамҷинсгароӣ боздошт шуда буд. Қонунгузории Туркманистон ҳамҷисгароиро ҷиноят медонад.

Сарбозони пойгоҳи 201 барои тамрин ба наздикии марзи Афғонистон рафтанд

Ozodi.org 

Неруҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми октябр, барои тамрин ба размоишгоҳҳои “Ҳарбмайдон” ва “Мумирак” дар наздикии марзи Афғонистон рафтанд. Қарор аст рӯзҳои наздик дар ин ду размоишгоҳ тамрини навбатии неруҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шавад. Дафтари матбуоти ҳавзаи марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия гузориш дод, ки неруҳои пойгоҳи 201 аз қароргоҳҳои доимиашон аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар озими рамзоишгоҳҳо шудаанд. Қарор аст аз 10 то 23 октябр дар минтақаҳои наздик ба марзи Афғонистон... Читать дальше...



Мудири як бонк дар Қазоқистон мурда дарёфт шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Павлодари Қазоқистон парвандаи марги мудири намояндагии бонки RBK таҳқиқ мешавад. Дар ин бора пулис ба расонаҳо иттилоъ додааст. Ба иттилои пулис, ҷасади зани соли таваллудаш 1972 субҳи 5-уми октябр пайдо шудааст. Ба иттилои тафтишот, зан аз ошёнаи 8 худро ба замин партофтааст. Парванда бо моддаи "ба худкушӣ расонидан" таҳқиқ мешавад.

Марзбони қирғиз ба ифшои сирри давлатӣ муттаҳам аст

Ozodi.org 

Сардори пешини гузаргоҳи марзии "Кадамҷой"-и Қирғизистон, сарҳанг Р.Д. баъди ошкор шудани сирри давлатӣ ва низомӣ аз сӯи вай аз мақом барканор шуд. Мақомоти Қирғизистон моҳи июли соли 2021 таҳқиқ анҷом дода ва дар моҳи сентябр Р.Д. барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯро ибтидо бо моддаи "омодасозии ғайриқонунии маводи мухаддир" гумонбар мекарданд. Айни замон нисбати вай бо чанд моддаи дигар парванда кушода шудааст. Гузаргоҳи марзии "Қадамҷой" дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон, дар марз бо Узбекистон ҷойгир аст.

Исми барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон шуд

Ozodi.org 

Ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши кимиё ё химия ба Бенҷмин Лист ва Девид МакМиллан “барои рушди органокатализи ноҳавор” тақдим мешавад. Соли 2020  донишманди фаронсавӣ Эммануэл Шарпентйе ва муҳаққиқи амрикоӣ Ҷеннифер Дудна барандаҳои  ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё барои корашон дар самти таҳрири геном шуданд.  Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё аз сли 1901 то имрӯз 113 дафъа тақдим шудааст. Дар вебсайти расмии ин ҷоиза омадааст, донишманд Фредерик Сангер танҳо нафаре буд, ки ҷоизаи Нобел дар бахши кимиёро... Читать дальше...

Се нависандаи зиндонии эронӣ ҷоизаи PEN America-ро гирифтанд

Ozodi.org 

Созмони ҳомии озодии баён PEN America се нависандаи зиндонии эрониро  дар маросиме дар шаҳри Ню-Йорк бо ҷоизаи солонаи барои озодии баён - PEN/Barbey Freedom to Write Award қадрдонӣ кард. Дар изҳороти созмони PEN America рӯзи 5-уми октябр омадааст: “Бактош Обтин, Кейвон Боҷон ва Ризо Хандон Моҳободӣ барои навиштан, дифоъ аз озодии баён ва эътирози сулҳомезашон ба сензураи давлатӣ аз ҷониби мақомоти эронӣ зиндонӣ шуданд”. Ин се нависанда барои узвияташон дар Анҷумани нависандагони Эрон аз 3 то 6 сол ҳабс шудаанд. Читать дальше...

Талаби қазоқтаборон барои раҳоии пайвандонашон аз Шинҷон

Ozodi.org 

Рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон гуруҳе аз қазоқтаборон, ки талаби раҳоии пайвандонашонро аз Шинҷони Чин доранд, вориди бинои порлумони Қазоқистон шудаву муроҷиатномаеро ба вакилон тақдим карданд. Дар ин муроҷиатнома онҳо аз вакилон хостаанд, ки дар амри раҳоии хешовандонашон аз Шинҷон ва тарк кардани Чин кӯмак расонанд. Ин қазоқтаборон пештар аз ин ба дастгоҳи президент, вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ба ваколатдорони ҳуқуқи инсон ва созмонҳои байналхалқӣ бо чунин мазмун муроҷиат карда буданд. Читать дальше...

Додситони кулли Молдова  бо иттиҳоми фасод боздошт шуд

Ozodi.org 

Додситони кулли Молдова, ки аз ҷониби мухолифон таъин шуда буд, бо иттиҳоми фасод боздошт шуд. Додситони кулл Александру Стояногло рӯзи 5-уми октябр баъди дафтари кориву хонааш кофтукоб шудан аз ҷониби афроди ниқобпӯш боздошт ва ба як муассисаи нигаҳдории муваққатии шаҳри Кишинёв интиқол дода шуд. Виктор Фуртуна, додситони ҷиноятҳои коррупсионӣ гуфт, Стояногло дар сӯиистифода аз мақом, фасод ва изҳороти дурӯғин гумонбар мешавад. Президент Майя Санду раиси ҷумҳурии пешини рӯ ба Маскав Игор Додонро... Читать дальше...

Раиси бонки Украина баъди ҳамла ба журналистон муваққатан ба истеъфо рафт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар  Украина раиси як бонки давлатӣ барои ҳамла ба журналистони барномаи “Схеми” узрхоҳӣ кард ва гуфт, ки то замони анҷом ёфтани тафтиши ҷиноии ин ҳодиса аз мақомаш истеъфо медиҳад. Евҳен Метшер, раиси "Укрэкзимбанк" дар ин бора дар як изҳороте рӯзи 6-уми октябр, ду рӯз баъди ҳамла ба журналистон навишт.  Ҳодисаи ҳамла ба журналистонро матбуот, сиёсатмадорони маҳаллӣ ва президент Владимир Зеленский маҳкум карданд. Метшер гуфт, ки дар замони тафтиши шурӯъшуда аз ҷониби полиси миллӣ  ва ҳам санҷиши... Читать дальше...

Расонаҳо аз даргирии "Толибон" бо Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер хабар доданд

Ozodi.org 

Бархе расонаҳо аз задухурди шадид байни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва гуруҳи “Толибон” дар Панҷшер хабар доданд. Шабакаи “Афғонистон интернешнл” рузи чоршанбе аз қавли манобеаш гуфт, “ин даргирии шадид шаби гузашта дар деҳаи Замонкури ноҳияи Аноба рух додааст.” Ба навиштаи расона, задухӯрд ду соат давом карда, дар бораи талафоти эҳтимолӣ хабари дақиқ нест. То ҳол Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва гуруҳи “Толибон” дар ин бора расман хабар надодаанд. “Толибон” рӯзи 15-уми август шаҳри Кобулро бидуни ҷанг тасарруф карда... Читать дальше...

Идомаи кашмакаш. Озарбойҷон созмон ва масҷиди марбут ба Хоманаиро дар Боку баст

Ozodi.org 

Рӯзи 5-уми октябр, чанд рӯз баъд аз он ки Озарбойҷон дар наздикиҳои марзаш бо Эрон машқҳои низомӣ барпо кард, Боку инчунин дари як масҷид ва созмонеро баст, ки ба раҳбари олии Эрон рабт доранд.

Қирғизистон гуфт, канадагиҳо дар "Қумтор" меъёрҳои муҳитзистиро вайрон мекардаанд

Ozodi.org 

Ширкати "Қумтор Голд Компанӣ"-и Қирғизистон рӯзи 5-уми октябр хабар дод, ки дар кони тилои Қумтор ҳолатҳои "вайронсозии меъёрҳои қонунгузории муҳитзистии Қирғизистон ва стандартҳои муҳитзистии байналхалқӣ"-ро ошкор кардааст. Ширкат хабар медиҳад, "солҳои тӯлонӣ партовҳои кон дар ивази коркард шудан, танҳо зери хок карда мешуданд". Ин партовҳоро танҳо бо ёрии коргарони кон пайдо кардаанд, зеро дар ҳеч кадом ҳисобот ва ҳуҷҷатҳо аз онҳо ёд нашудааст. "Дар партовҳо моддаҳои заҳролуд, чархи мошинҳо... Читать дальше...

Як зодаи Тоҷикистонро ба латту кӯби зани рус муттаҳам мекунанд

Ozodi.org 

Нашрияи "Московский Комсомолетс" аз боздошти як зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петерург бо гумони латту кӯб ва талоши рабудани зани рус хабар медиҳад. Ному насаби ин зодаи Тоҷикистон нашр нашудааст ва маълум нест, ки худи ӯ дар ин бора чӣ назар дорад.  Ба навиштаи нашрия, зани 52-сола ба пулис шикоят бурдааст, ки баъди шиносоӣ дар шабакаи иҷтимоӣ бо марди 40-сола як маротиба вохӯрда, дигар аз суҳбат бо ӯ худдорӣ кардааст.  "Аз чунин посух муҳоҷир ба хашм омада, занро латтукӯб ва бо зӯр ба мошини... Читать дальше...

Новости России
Москва

Шапки женские вязаные на Wildberries, 2024 — новый цвет от 392 руб. (модель 466)


Мақомоти тоҷик хабари интиқоли барқ ба Қирғизистонро рад карданд

Ozodi.org 

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабари ҷониби Қирғизистон дар бораи фурӯши барқ ба он кишварро рад кардаст. Ин ниҳод дар изҳороташ, ки рӯзи 4-уми октябр пахш шуд, мегӯяд пешниҳоди содироти барқ аз ҷониби мақомоти қирғиз сурат гирифтааст, на аз Тоҷикистон. Пештар ҷониби Қирғизистон гуфта буд, Тоҷикистон ба ин кишвар барқи худро пешниҳод кардааст.  Аммо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, як ҳафта пеш ширкати "Барқи Тоҷик" аз Қирғизистон нома дарёфт кард, ки дар он пешниҳод гардид... Читать дальше...

Дидори мақомоти тоҷику қазоқ барои ворид кардани сӯзишворӣ

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки бо Қазоқистон масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро матраҳ карданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дидори мақомоти тоҷику қазоқ дар ин бора рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот раҳбарони ширкатҳои қазоқии "КазМунай газ" ва "Тенгиз Шевройл" иштирок намудаад. "Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо... Читать дальше...

Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Рӯзи 5-уми октябр дар Тошканд президентони Узбекистон ва Туркманистон Шавкат Мирзиеёв ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. Хадамоти матбуоти президенти Узбекистон изҳор намуд, ки дар музокирот ду раҳбар ҷонибдории худ аз назму суботи Афғонистонро ҳамчун калиди рушди давомдори тамоми Осиёи Марказӣ баён карданд. Узбекистон ва Туркманистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд ва дар шимоли Афғонистон шумораи бузурги узбекҳову туркманҳо ба сар мебарад. Дар моҳи август баъди... Читать дальше...

Ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони вилояти Хатлон

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ваъда кардааст, ки дар чор соли оянда барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон беш аз 7 миллиард сомонӣ ҷудо мешавад. Раҳмон ин нуктаро рӯзи 5-уми октябр зимни як чорабинӣ дар шаҳри Кӯлоб баён кард. Раиси ҷумҳур гуфт, соли ҷорӣ татбиқи лоиҳаи барқарорсозии шабакаи оби нӯшокӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 101 млн сомонӣ оғоз гардид. Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз 69 сола шуд, чанд рӯз инҷониб бо сафари корӣ дар ҷануби Тоҷикистон қарор дорад. Мақомот... Читать дальше...

Аз Русия дар бораи заҳролудкуни Навалний пурсиданд

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз 45 кишвар, аз ҷумла ИМА, Бритониё ва Олмон аз созмони нозири силоҳҳои кимиёӣ талаб карданд, ки Русияро барои посух додан дар бораи заҳролудкунии сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалний водор кунад.  Рӯзи 5-уми октябр дар ҷаласаи Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ кишварҳои ғарбӣ феҳристи саволҳоеро барои посухгӯ кардани Русия пешкаш карданд. Дар изҳороти Департаменти давлатӣ омадааст: “Муддати дароз ИМА ва дигар аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар заминаи талоши куштори ҷаноби Навалний бо силоҳи кимиёӣ... Читать дальше...

То се сол зиндон. Тоҷикистон ҷазо барои "таълими ғайриқонунии динӣ"-ро сахттар кард

Ozodi.org 

Қонунгузорони Тоҷикистон барои таълими динӣ тавассути интернет, ҷазои сахттар ҷорӣ карданд. Бар асоси тағйироти нав дар Кодекси ҷиноятӣ, ҳамакнун ҷазо барои таълими ғайриқонунии динӣ то се сол зиндонро дар бар мегирад. Ин тарҳ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон фиристода шуд ва Нусратулло Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амниятии миллӣ рӯзи 6-уми октябр онро дар назди вакилон муаррифӣ кард. Ӯ гуфт, ки бар асоси таҳлилҳои онҳо, 95 дарсади афроде, ки ба гурӯҳу созмонҳои тундгарон гаравидаанд, таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Россиянин Сафиуллин потерял четыре места в рейтинге ATP






Некультурные зрители: сибирячка поделилась печальным опытом посещения театров

В Свердловской области цены на загородном рынке растут несмотря на снижение спроса

А. Новак провел совещание по поставкам нефтепродуктов на внутренний рынок железнодорожным транспортом

Совсем чужие близкие. Что происходит между поколениями?