Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 29.10.2021

"Чароғи сабз"-и Тоҷикистон ба сохтмони пойгоҳе бо пули Чин. Душанбе ва Пекин чӣ мехоҳанд?

Ozodi.org 

Душанбе ба сохтмони пойгоҳе дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон (наздик ба сарҳади Афғонистон) бо пули Чин “чароғи сабз” нишон дод. Пойгоҳи навро дар пасманзари ба дасти “Толибон” гузаштани Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳо аз кишвари ҳамсоя месозанд.

"Гуфтанд, ки бо салафиҳо ош хӯрд." Норозигии пайвандони як зиндонии маъюб. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандони як ҷавони маъюб иддао доранд, ки фарзандашон "бегуноҳ зиндонӣ шудааст" ва дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд "азият мекашаду ба кумак ниёз дорад". Абдукамол Аҳадовро моҳи июли имсол бо гуноҳи узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол ҳабс маҳкум карданд.

"Гуфтам, ки ош хӯрдан ҷиноят аст?"

Ozodi.org 

Пайвандони Абдукамол Аҳадов иддао доранд, ки ин ҷавони 30-солаи маъюбро барои қабули як оши хайрия аз ҷониби дӯстонаш боздошт ва зиндонӣ кардаанд. Ӯро чаҳор моҳ пеш бо гуноҳи узвият дар гуруҳи "Салафия" ба панҷ соли зиндон маҳкум намуданд.

Раиси ҷумҳури Амрико рафтори низомиёнро дар Судон танқид кард

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, табаддулоти низомиро дар Судон “шикасти ҷиддӣ” номид. Ӯ гуфт, кишвараш дар канори эътирозгарон меистад, ки барои пуштибонӣ аз раҳбарони маданӣ ё ғайринизомӣ ба кӯчаҳо баромадаанд.

Нархи бензину керосин дар Тоҷикистон боз боло рафт

Ozodi.org 

Ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дигарбора сокинонро ба ташвиш овардааст. Агар рӯзи 18-уми октябр як литр сӯзишвории дизелӣ 10 сомонӣ буд, 29-уми октябр ба 11 сомониву 20 дирам расид. Бензини серистифодаи навъи 92 дар ин муддат аз 11 сомонӣ то 11 сомониву 50 дирам гарон шуд.

Байден сафарашро ба Аврупо аз Итолиё оғоз кард

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамсараш Ҷилл Байден сафари чандрӯзаро ба Аврупо аз Итолиё оғоз карданд. Қарор аст, Ҷо Байден дар нишасти сарони Гуруҳи 20 (G20) ё 20 кишвари саноатии ҷаҳон дар Рум ширкат кунад.



"Ба дафни наздикон ҳам рафта наметавонӣ." Ҷаҳиши дигарбораи нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дигарбора сокинонро ба ташвиш овардааст. Агар рӯзи 18-уми октябр як литр сӯзишвории дизелӣ 10 сомонӣ буд, 29-уми октябр ба 11 сомониву 20 дирам расид. Бензини серистифодаи навъи 92 дар ин муддат аз 11 сомонӣ то 11 сомониву 50 дирам гарон шуд.

Имсол ба Тоҷикистон сайёҳон кам омадаанд

Ozodi.org 

Cафари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон имсол низ зиёд нашудааст. Дар 9 моҳи имсол ба кишвар ҳудуди 184 ҳазор ҷаҳонгард омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 58 дарсад камтар аст.

Тазоҳурот ба зидди карикатураҳои паёмбари Ислом

Ozodi.org 

Дар натиҷаи бархӯрди тазоҳургарон ва пулис дар Покистон 4 афсари пулис кушта ва 260 тани дигар захмӣ шудаанд. Тазоҳургарон, ки тарафдорони як ҳизби тундрави исломӣ ҳастанд, ба зидди нашри карикатураҳои Муҳаммад, паёмбари Ислом, дар Фаронса эътироз доштанд.

Пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов дар аввалин рақобаташ дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Сербия

Ozodi.org 

Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар нахустин рақобати худ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Белгради Сербия дар вазни беш аз 92 кило бар намояндаи Кения Элли Очола бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Рақиби Ҷаҳон дар даври навбатӣ, ки 31-уми октябр доир мегардад, Наренда аз Ҳиндустон мебошад. Ба ҷуз аз Ҷаҳон Қурбонов, рӯзи 28-уми октябр боз ду муштзани тоҷик дар даври муқаддамотӣ рақобат карда, ноком шуданд. Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило аз Йилмар Гонзалез (Колумбия) ва Саидикром... Читать дальше...

Фурӯшгоҳҳои Туркманистон нонро дар торикӣ мефурӯшанд

Ozodi.org 

Фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон нонро субҳи барвақт мефурӯшанд, то дар торикӣ навбатпоии сокинон нанамояд. Дар видеое, ки дастраси Бахши туркмании Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, садҳо сокини пойтахти Туркманистон, аз ҷумла кудакон соати 5 субҳ, 2,5 соат пеш аз тулуи офтоб барои харидани нон дар пушти дари фурӯшгоҳи давлатӣ навбат мепоянд. Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон нонро назар ба фурӯшгоҳҳои хусусӣ чандин баробар арзон мефурӯшанд. Ин иқдом дар шароити буҳрони... Читать дальше...

Соҳибкорони узбек акнун метавонанд то $1 млн қарз гиранд

Ozodi.org 

Соҳибкорони Узбекистон акнун метавонанд то 1 миллион доллари амрикоӣ қарз гиранд. Дар ин бора дар қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев "Дар бораи тадбирҳои иловагии коҳиши сарбории соҳибкорон роҷеъ ба иҷрои уҳдадориҳои қарзии худ бо асъори хориҷӣ" аз 27 октябр гуфта шудааст. Тибқи қарор, бонкҳо қарзро бо пули миллӣ ба соҳибкорон хоҳанд дод. Дар қарор ҳамчунин омадааст, қарзҳои ҷалб кардаи ҳукумати Узбекистон аз созмонҳои молии байналмилалӣ ва ниҳодҳои молии расмии кишварҳои хориҷӣ барои... Читать дальше...

Сухангӯи президенти Қирғизистон: Ҳарфҳои Ҷабборов дар бораи марз "таҳриф" шудаанд

Ozodi.org 

Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев ба вокунишҳо дар бораи суханҳои раисҷумҳур Содир Ҷабборов роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба марзи ин кишвар бо Тоҷикистон посух гуфт. Ба гуфтаи Султонбоев, баъзе аз доираҳои манфиатдор гӯё суханҳои Содир Ҷабборовро роҷеъ ба марзи Қирғизистону Тоҷикистон таҳриф мекунанд. "Онҳо бо мақсади ангехтани низоъ миёни ду ҷониб видеоҳои сохтаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, ки дар онҳо матни навиштаи худашон баён шудааст. Бешак, мушкили марзӣ танҳо ба нафъи як ҷониб ҳал карда намешавад. Читать дальше...

"Фейсбук" ба "Meta" тағйири ном мекунад

Ozodi.org 

Марк Зукерберг, раиси шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" аз тағйири номи ширкат ба "Meta" хабар додааст. Ӯ рузи панҷшанбеи 28-уми октябр гуфт, ки ин ширкат дар талош барои таҳқиқи воқеиятҳои маҷозӣ, номи худро ба "Meta" тағйир медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин кор гирдиҳам овардани нармафзор ё апликешанҳои мухталифи ин ширкат, яъне "Фейсбук", "Инстаграм" ва Ватсапп" зери номи ягона аст. Тағйири номи "Фейсбук" дар ҳоле сурат мегирад, ки ин шабака дар солҳои ахир ба хотири афзоиши қудраташ дар дунёи маҷозӣ ва шеваҳои тасмимгириаш... Читать дальше...

Эрдуғон мегӯяд, "сабри Туркия ба поён расид"

Ozodi.org 

Баъди ҳамла дар як минтақаи таҳти назорати Туркия дар Сурия, раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон таҳдид кардааст, ки дар Сурия амалиёти нави низомиро ба роҳ мемонад. Дар ин ҳамла се афсари пулиси Туркия кушта шуданд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Ига Свёнтек

Свёнтек: я чувствую, что с каждым годом получаю всё большую поддержку






Омбудсмен Подмосковья Фаевская встретилась с жителями Белгородской области

Радио Romantika приглашает погрузиться в мир киномузыки

Лучших сварщиков определили в Подмосковье в рамках конкурса профмастерства

Возрождение большого футбола на Смоленщине. Василий Анохин встретился с Президентом Российского футбольного союза