Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 26.10.2021

Падари як сарбоз даъво дорад, ки писарашро куштаанд

Ozodi.org 

Падари сарбози узбекистонӣ Асадбек Файзуллоев, ки дар сарҳади кишвараш бо Афғонистон кушта шуд, дигарбора талаб кард, ки дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ кушоянд. Ӯ бовар дорад, ки писарашро куштаанд.

Баҳси Мурғоб. Як ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба даъвои Содир Ҷабборов вокуниш кард

Ozodi.org 

Як ҳизби сиёсии Тоҷикистон даъвои раиси ҷумҳурии Қирғизистонро дар мавриди дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ноҳияи Мурғоби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бепоя донист.

Дар Тоҷикистон аз Мирзиёев хостанд, "ба робитаҳои хуб идома диҳад" ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони Хуҷанд интизор доранд, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, дар 5 соли дигари раҳбарӣ ҳамчунон робитаҳои хуб бо Тоҷикистонро идома медиҳад. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, Мирзиёев дар интихоботи рӯзи 24-уми октябр беш аз 80 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва пирӯз шудааст. Нозирони байнулмилалӣ интихоботро ба сабаби набудани рақобати воқеӣ танқид карданд. Мухолифони узбек дар хориҷа “дурӯғин” номиданд. Фарзон Муҳаммадӣ дар Хуҷанд аз раҳгузарон хост, ки назарашонро доир ба сиёсатҳои Шавкат Мирзиёев бигӯянд.

Мардум ҳарчӣ зиёдтар қарз мегиранд

Ozodi.org 

Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар як соли ахир пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ дар кишвар аз сӯи муассисаҳои қарзӣ 80 дар сад афзоиш ёфтааст.

"Тиллои скифҳо" ба Украина дода мешавад. АКС

Ozodi.org 

Додгоҳи таҷдиди назари Амстердам ҳукм кард, ки осори тиллоии замони скифҳо, ки аз осорхонаҳои Қрим берун бурда шудааст, ба  Украина баргардонида шаванд. Намояндагони осорхонаҳои ҷойгир дар нимҷазираи Қрим, ки Русия онро аз соли 2014  ишғол кардааст, пойфишорӣ мекарданд, ки тилло бояд ба Қрим баргардад. Намоишгоҳи  “Қрим – тилло ва асрори Баҳри сиёҳ” он солҳо дар Нидерланди ҷараён дошт ва   аз соли 2014 баҳси атрофи мансубияти ин осор дар додгоҳҳои маҳаллӣ шурӯъ шуд. Ҳукумати Украина осори қадимаи... Читать дальше...



Тарс аз "Толибон" ва ҷангу бекорӣ. Паноҳандаҳои афғон гуфтанд, ки чаро ба Тоҷикистон фирор карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Беҳрӯз Усмонӣ, намояндаи пешини раисҷумҳури барканоршудаи Афғонистон дар умури ҷавонон ва пизишки бемористони Ҳирот, дар Тоҷикистон паноҳанда шудааст. Ӯ дигар бо беморон кор намекунад, балки барои рӯзгузаронӣ дар дӯконе дар шаҳри Бохтар фурӯшанда аст.

Паноҳҷӯёни афғон дар Бохтар чӣ кор мекунанд?

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ин дам 15 ҳазор афғонистонӣ дар кишвар паноҳанда шуданд. Даҳҳо нафари дигар шикоят доранд, ки моҳҳо боз дар марз ҳастанд, вале иҷозаи дохил шудан ба Тоҷикистонро надоранд.

"Давоми ҷавонӣ" --консерти онлайнии Ҷӯрабек Муродов. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик бори аввал шоми 22-юми октябр дар "Ютюб" консерти онлайн баргузор кард. Барномааш бо номи “Давоми ҷавонӣ” бахшида ба шастсолагии фаъолияти эҷодиаш буд. Вай дар оғози барномааш гуфт, ду соли охир ба сабаби бемории ҳамагир консерт надошт ва аз дидори мухлисон маҳрум буд. Ҷӯрабек Муродов афзуд, "ман бори аввал бе тамошобин суруд хондам. Хеле азоб кашидам. Чунки ҳамеша дар барномаҳоям бо тамошобин дар гуфтугӯ будам. Вале чаро баномаро ба ин шакл пешниҳод кардем? Читать дальше...

Ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон ҷаласа хоҳанд кард

Ozodi.org 

Рӯзи 27-уми октябр дар Теҳрон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад ва дар кори он ширкати намояндагони Тоҷикистон ҳам дар назар аст.  Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, қарор аст дар ин нишаст раиси ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисӣ суханронӣ кунад. ТАСС навишт, ки дар ин нишасти Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ мекунад. Бори нахуст кишварҳои ҳамсояи Афғонистон рӯзи 8-уми сентябр дар як нишасти маҷозӣ мулоқот карда буданд. Читать дальше...

Чину Покистон хостории ёрии изтирории байналмилалӣ ба Афғонистон шуданд

Ozodi.org 

Рӯзи 26-уми октябр дар як муроҷиати муштараки раҳбарони Чину Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо шудааст, ки дар пешорӯи зимистони сард ва камбуди шадиди ғизову маводи дорувор ба Афғонистон кӯмаки изтирории башариву иқтисодӣ расонида шавад. Дар изҳороте гуфта мешавад, ки нахуствазири Покистон Имрон Хон ва президенти Чин Сӣ Ҷинпин дар як сӯҳбати телефонӣ вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд ва ба ин назаранд, ки мардуми ниёзманд ба хотири “коҳиши эҳтиёҷоту пешгирӣ аз бесуботӣ дар кишвар”, ки баъди тарки... Читать дальше...

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Сербия ҳашт варзишгар намояндагӣ мекунад

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон, ки 25-уми октябр дар Белгради Сербия шуруъ шуд ва то 6-уми ноябр идома меёбад, ширкат доранд. Ба иттилои сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳавскорӣ (AIBA) дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 650 варзишгар аз 105 кишвар аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо рақобат мекунанд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардон дар Белград ҳашт варзишгар шомил аст: Хусравхон Раҳимов (57 кг), Абдураҳмон Ёқубов (60 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг)... Читать дальше...

Эрдуғон “аз ҷаҳлаш” гашт?

Ozodi.org 

Як рӯз баъди таҳдиди президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ихроҷ кардани сафирони даҳ кишвари ғарбӣ аз ин қаламрав лаҳни танишҳои сиёсӣ каме поин омадааст. Рӯзи 25-уми октябр дар як ҷаласаи ҳукуматӣ, ки ба масъалаи манъи кори  дипломатҳо рабт дошт,  Эрдуғон гуфт, ин ҳодиса барои дипломатҳо “дарс шуд ва акнун онҳо боэҳтиёт хоҳанд шуд”. Сӯҳбатҳои Эрдуғонро телевизиони давлатӣ ҳам нишон дод. ИМА ва чандин кишвари дигари нигарон аз таҳаввулоти ахир изҳороти бо ҳам монанде нашр карда гуфтанд, ки дипломатҳои... Читать дальше...

Дар ИМА COVID-19 коҳиш меёбад. Ба эмкунии кӯдакон омода мешаванд

Ozodi.org 

Дар ИМА шумори сокинони олудашаванда ба COVID-19 дар ҳоли кам шудан аст, вале ба бовари мутахассисони тиб, бо шурӯи эмкунии кӯдакони 5 то 11-сола вазъ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Энтони Фаучи, мутахассиси калони бемориҳои сироятӣ дар ҳукумати ИМА гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд аз нимаи аввали моҳи ноябр имкони эмкунии кӯдакон ҳам фароҳам хоҳад шуд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки то охири соли ҷорӣ шумори зиёди кӯдакони то 11-сола бар зидди COVID-19 эм карда мешаванд. Мақомоти Идораи ғизову дорувори ИМА, ки... Читать дальше...

Дар Покистон чор нафарро рабудаанд

Ozodi.org 

Мардони ношиноси силоҳбадаст рӯзи 26-уми октябр дар шимолу ғарби Покистон чор нафареро рабудаанд, ки барои ҳукумат кор мекарданд.

Интиқодҳои нав аз Facebook   

Ozodi.org 

Рӯзи 25-уми октябр шабакаи иҷтимоии Facebook мавриди интиқоди нав қарор гирифт. Матбуоти амрикоӣ ин шабакаро барои он танқид карданд, ки ин пойгоҳ муваффақияти молиро аз амнияти хусусии корбарон боло бурдааст. Баъди фошкориҳои корманди пешини Facebook   Франсис Ҳоуген созмонҳои матбуотии Амрико  ба  бастаи санадҳое даст ёфта бар асоси он гузоришҳои худро нашр мекунанд. Сенатори амрикоӣ Ричард  Блументал дар Twitter гуфт, ки ин санадҳо собит мекунад, ки “раҳбарияти Facebook нигарониҳои дохилиро пайваста нодида гирифта... Читать дальше...

Новости России
Москва

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)


Наврӯзгоҳи Душанбе ба иди палав табдил мешавад

Ozodi.org 

Дар Душанбе ҷаншнвораи навбатии «Оши палав» баргузор мешавад. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, ин чорабинӣ 30-юми октябр дар Наврӯзгоҳ ташкил мешавад. Барои ширкат дар ҷашнвора ошпазҳо аз чаҳор ноҳияи пойтахт, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ даъват шудаанд. Ҳамчунин иштироки ошпазҳо аз Узбекистону Афғонистон ва Русия дар назар аст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, оше ки дар ҷашнвора пухта мешавад, ба кӯдакистонҳо ва хонаҳои пиронсолон тақсим мегардад. Соли 2016 UNESCO - Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид... Читать дальше...

Арзиши патент дар бархе минтақаҳои Русия боло меравад

Ozodi.org 

Нархи патенти корӣ барои муҳоҷирон дар вилояти Омск баланд бурда мешавад. Хабаргузориҳои русӣ менависанд ки парлумони вилоятӣ дар ин маврид лоиҳаи қонунро тасвиб намудааст, ки тибқи он аз соли 2022 коргарони хориҷӣ бояд барои патент беш аз 4 ҳазор рубл пардохт кунанд. Дар ҳоле ки имсол арзиши патент дар вилояти Омск 3890 рублро ташкил медиҳад. Ҳамингуна нархи патент дар вилояти Тюмен, аз 5 896 ба 6 203 рубл афзуда, дар Новосибирск ҳам ба арзиши патент дар соли оянда 247 рубл илова хоҳад шуд. Ҳамасола... Читать дальше...

АП: Вазорати беҳдошт хуруҷи зардпарвин дар Тоҷикистонро рад кард

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи хуруҷи бемории зардпарвин дар кишварро рад кардааст. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ ба хабаргузории "Азия-плюс" гуфтааст, вазъи эпидемиологӣ дар кишвар муътадил буда, асосе барои ташвиш надорад. Қаблан овозаҳое пайдо шуд, ки гӯё дар қаламрави Тоҷикистон хуруҷи ин вирус мушоҳида мешавад.  Ҷаъфаров гуфт, ки бемории зардпарвин мавсимӣ буда, бештар аз ҳама  кӯдакони синни аз 3 то 14-сола дар баробари ин вирус осебпазир ҳастанд.

Зани олмонӣ барои аз об маҳрум кардани кӯдаки язидӣ ба зиндон маҳкум шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Мюнхени Олмон  зани олмониеро, ки иҷоза додааст  як духтараки язидӣ аз ташнагӣ бимирад, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Ӯ ба узвият дар гуруҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқ, талош барои куштор, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят ба зидди башарият гунаҳкор дониста шудааст. Муҳокимаи ӯ рӯзи 25-уми октябр сурат гирифт. Муфаттишони олмонӣ мегӯянд, муттаҳами 30-сола ба ҷиноятҳо бо номи Ҷениффер ба бераҳмии шавҳараш - як ҷангҷӯи ДОИШ чашм пӯшидааст, ки духтараки панҷсолаи язидиро барои тар кардани ҷойи хобаш зери офтоби сӯзон баста мондааст. Читать дальше...

Дар Тоҷикистон нархи дизел бо безин баробар шуд

Ozodi.org 

Нархи cӯхти дизелӣ дар Тоҷикистон бо бензин баробар шудааст. Ба навиштаи хабаргузории «Спутник»,  дар чанд рӯзи ахир арзиши солярка 60 дирам афзуда, ба 10 сомониву 80 дирам расидааст. Нархи бензин низ 20 дирам зиёд шуда, вобаста ба навъаш аз 10 сомониву 80 дирам то 11 сомониву 20 дирам баробар шудааст. Марҳила ба марҳила болоравии нархи маводи сузишворӣ дар кишварро ҳафтаи гузашта ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» низ огоҳ карда буд. Ин ширкати калони таъминкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон сабабашро... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Камбэком обернулся матч вундеркинда из России перед стартом Еленой Рыбакиной в Мадриде






Выставка «Россия» на ВДНХ – личное впечатление

Эксперты дали советы по выбору идеального района для семейной жизни в Москве

Путин скоро шокирует всю элиту, вытащив мощный козырь — Хазин

Более 1,2 тысячи горожан получили квартиры по реновации для людей с ОВЗ