Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 28.10.2021

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба дарвозаи Непал 6 голи беҷавоб зад

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” тими Непалро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод.

Муҳоҷире, ки ногаҳон дар Русия даргузашт, ба хок супурда шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи гузашта дар оромгоҳи Душанбе ҷасади ҷавонеро ба хок супориданд, ки чанд рӯзи пеш ба таври ногаҳонӣ дар ҷоий кораш дар Русия ба ҳалокат расид. Наворе, ки дар он Сафари 22-сола, ҳангоми ҷобаҷогузории бор дар яке аз мағозаҳои Маскав, эҳтимолан бо сабаби якбора аз кор мондани дилаш, ба замин мефтад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Барои интиқоли тобути ӯ ба Душанбе муҳоҷирон маблағ ҷамъ кардаанд. Ба гуфтаи онҳое, ки Сафарро мешинохтанд, марҳум се соли охир дар муҳоҷират буд. Субҳи рӯзи 27-уми октябр ҷасади ӯ ба дасти пайвандонаш расид. Читать дальше...

Дар Душанбе 100 кӯдаки беморро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд

Ozodi.org 

Наздики 100 кӯдакро, ки бемории модарзодии қалб доранд, дар шаҳри Душанбе ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ин ҷарроҳиҳо аз сӯи пизишкони маҳаллӣ ва 12 кишвари хориҷӣ сурат мегиранд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бо пуштибонии молии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат амалӣ мешавад. Бархеҳо ҷарроҳӣ шудаанд. То имрӯз 30 пизишк аз 12 кишвари хориҷӣ бештар аз 40 ҷарроҳии пӯшида ва 20 ҷарроҳии боз анҷом додаанд. Ҳамарӯза дар беморхонаи "Истиқолол"-и... Читать дальше...

Дар Русия теъдоди зиндониёни сиёсӣ дар панҷ соли охир 5 баробар афзудааст

Ozodi.org 

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Русия ҳадди ақал 420 зиндонии сиёсӣ мавҷуд аст. Ин нисбат ба 5 соли пеш 5 баробар бештар аст. Иттилои мазкурро сомонаи "Медуза" бо такя ба маркази ҳифзи ҳуқуқи "Мемориал"-и Русия нашр кардааст. Аз 420 зиндонӣ 360 тани онҳо бо ангезаҳои динӣ зиндонӣ шудаанд. Ин зиндониён асосан мусалмон ҳастанд, ки бо айби ширкат дар созмонҳои мамнуъ ҳабс мешаванд. Созмони "Мемориал" гуфтааст, натиҷаи таъқибҳои сиёсӣ буд, ки мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний зиндонӣ ва чанде аз ёрони вай боздошту ҳабс шуданд. Читать дальше...

Русия гуфт, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба Амрико иҷозаи ҳузур надиҳанд

Ozodi.org 

Русия аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хост, ки ба нерӯҳои низомии кишварҳои ғарбӣ иҷозаи сохтани пойгоҳ дар қаламравҳояшонро надиҳанд. Пештар мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки бо Тоҷикистон ва Узбекистон барои иҷозаи истифодаи пойгоҳи низомӣ дар қаламравашон музокира мекунанд.

"Тири воқеӣ чӣ гуна ба дасти синамогарон афтод?" Идомаи таҳқиқи куштор бо ширкати Алек Болдуин

Ozodi.org 

Дар доираи тақиқи қазияи кушта шудани наворбардори синамо Ҳалина Ҳатчинси украинитабор ҷузъиёти ба дасти синамогарон афтодани тирҳои воқеӣ таҳқиқ мешавад. Ӯ ҳафтаи гузашта аз ҷониби ҳунарпешаи Ҳолливуд Алек Болдуин дар лаҳзаҳои наворгирии филме кушта шуд. Таҳқиқи пешакӣ нишон дод, ки дар силоҳе, ки ӯ дар даст дошт, тири воқеӣ буд ва ҳамин як тир аз бадани наворбардор гузашта коргардони филмро ҳам захмӣ кардааст. Фоҷеа ҳангоми наворгирии филме бо номи “Зангбаста” рух дод, ки дар бораи моҷароҳои қарни 19 қисса мекунад. Читать дальше...



Рекордҳои нави олудашавиҳо ба коронавиврус дар Русияву Украина

Ozodi.org 

Русия як рӯзи рекордии дигари олудашавӣ ба коронавирусро пуштисар кард. Ин кишвар, ки дар остонаи карантини 11-рӯза қарор дорад, дар 24 соати гузашта шоҳиди олудашавии 40,096 нафар ва марги 1159 шахси дигар аз COVID-19 шуд. Аз замони шурӯи пандемия дар Русия 235 ҳазор нафар ҷон додаанд ва ин чорумин баландтарин нишондод дар ҷаҳон баъдии ИМА, Бразилия ва Ҳинд будааст. Рӯзи 28 октябр  Маскав қисман баста шуд ва танҳо нуқтаҳои тиҷоратии бисёр зарури мисли дорухонаву дӯконҳои ғизофурӯшӣ боз монданд.... Читать дальше...

Дар Пиҷим чӣ гузашт? Мақомот хушунат бар асоси адовати қавмиро рад мекунанд

Ozodi.org 

Полиси вилояти Алмаато дар Қазоқистон гуфт, ки дар паи бетартибиҳои ҷавонон дар деҳаи Пиҷими ноҳияи Панфилов, ки шаби 27 ба 28-уми октябр рух дод, аз рӯи моддаи “авбошӣ” парванда боз шудааст. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, шоми чоршанбе нахуст хабар расид, ки дар як мактаби деҳа миёни хонандаҳои синфҳои болоӣ занозанӣ рух дод ва дар натиҷа, як навраси 16-сола ба беморхона интиқол ёфт. Дар ин ҳодиса чанд нафари дигар осеб диданд. Бар асоси иттилои мухталиф, дар занозаниву бетартибиҳо ҳудудан 30 нафар иштирок кардааст. Читать дальше...

Пурсиш аз мардум: Оё аз Толибон метарсед?

Ozodi.org 

Қариб се моҳ аст, ки Толибон дар Афғонистон ҳукумат мекунанд. Дубора баргаштани ин гуруҳ ба қудрат нигарониҳои зиёдеро дар заминаи ҳуқуқи инсон ва таҳдид ба кишварҳои минтақаро ба миён овардааст.

Ҳаракати мунтазами автобусҳои Тошканд-Хуҷанд-Тошканд барқарор шуд

Ozodi.org 

Ҳаракати мунтазами автобусҳои Тошканд-Хуҷанд-Тошканд барқарор гардид. Ба навиштаи вазорати нақлиёти Узбекистон, равуо тавассути ин масир аз ҷониби автобусҳои ширкати «Узавто транс сервис»  ҳамарӯза сурат хоҳад гирифт. Нархи роҳкиро аз пойтахти Узбекистон ба маркази вилояти Суғд 100 ҳазор сӯми узбекӣ, муодили 105 сомонӣ тайин шудааст. Ёдовар мешавем, ки баъди якуним соли танаффус бо сабаби пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳои Тоҷикистону Узбекистон, рӯзи 18-уми октябр ҳаракати мусофирбарҳо дар роҳи Хуҷанд-Тошканд-Хуҷанд дубора оғоз шуд.

Вазорат: наздики нисфи аҳолии Тоҷикистон эм шудаанд. Шубҳа рафъ нашудааст

Ozodi.org 

Мақомоти вазорати беҳдошт мегӯянд, ки дар саросари Тоҷикистон беш аз 45 фойизи аҳолӣ бар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то 20-уми октябри соли ҷорӣ дар кишвар зиёда аз 2 миллиону 600 ҳазор афроди аз 18-сола боло моякубӣ шудаанд. Дар шаҳри Душанбе нақшаи ваксинзанӣ беш аз 100 фойиз иҷро шудааст. Вале омори расмӣ шубҳаву гумонҳоеро эҷод кардааст. Бахусус инки дар муддати ним сол чӣ гуна қариб 2,5 миллион нафар эм карда шудаанд.Тоҷикистон то ин дам панҷ навъи ваксина ... Читать дальше...

Муҳоҷири дар ҷои кор даргузаштаро дар Душанбе ба хок супурданд

Ozodi.org 

Рӯзи гузашта дар оромгоҳи Душанбе ҷасади ҷавонеро  ба хок супориданд, ки чанд рӯзи пеш ба таври ногаҳонӣ дар ҷоий кораш дар Русия ба ҳалокат расид. Наворе, ки дар он Сафари 22-сола, ҳангоми ҷобаҷогузории бор дар яке аз мағозаҳои Маскав эҳтимолан бо сабаби якбора аз кор мондани дилаш ба замин мефтад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Барои интиқоли тобути ӯ ба Душанбе муҳоҷирон маблағ ҷамъ кардаанд. Ба гуфтани онҳое, ки Сафарро мешинохтанд, марҳум се соли охир дар муҳоҷират буд. Субҳи дирӯз ҷасади ӯ ба дасти пайвандонаш расид. Читать дальше...

Пешбиниҳо аз афзоиши шумори муҳоҷирон дар Русия

Ozodi.org 

Ҳукумати Русия дар соли 2021 афзоиши шумори муҳоҷиронро интизор аст. Тибқи пешгӯӣ, соли ҷорӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар метавонад тахминан 400 ҳазор нафар зиёд шавад, ки дар 25 соли охир рекордӣ маҳсуб меёбад. Нашрияи «Известия» бо такя ба Девони вазирон менависад, бо вуҷуди вуруди зиёди муҳоҷирон, аҳолии Русия то соли 2025 метавонад 1 миллиону 600 ҳазор нафар кам мешавад. Бо ин ҳол, афзоиши муҳоҷират ба ин кишвар дар охири соли 2020-ум 106 ҳазор ва дар ҳафт моҳи имсол 161 ҳазор касро ташкил додааст. Читать дальше...

Генерали амрикоӣ озмоиши мушаки гиперсоникро аз ҷониби Чин тасдиқ кард

Ozodi.org 

Генерал Марк Миллей – як афсари олирутбаи Амрико тасдиқ кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин аввали имсол як мушаки гиперсоник ва ё моваросавтиро озмоиш кардааст, ки мояи нигаронии ҷиддӣ аст. Мушаки мазкур, ки суръаташ аз суръати садо панҷ маротиба тезтар аст ва дар як соат то 6 ҳазор километр парвоз мекунад, дар атрофи Замин як маротиба чарх задааст. Марк Миллей рӯзи 27-уми октябр гуфт, ки “озмоиши мушаки моваросавтӣ як ҳодисаи бисёр чашмгир ва мояи нигаронии ҷиддӣ аст.” Ӯ озмоишро баробар ба партоби нахустин моҳвораи шӯравии Спутник ба фазо номид... Читать дальше...

Тавофуқ барои пешгирӣ аз муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Мақомот дар Исфараву Бодканд ба созиш расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз муноқишаҳои марзӣ чоранадешӣ намоянд. Рӯзи 27 октябр дар деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Абдукарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Бодканд музокирот намуданд. Дар пайи ин дидор тасмим гирифта шуд, ки ҳама гуна сохтмон дар наздикии "сарҳади шартӣ" қатъ шуда, чорвои ба ҳудуди тарафҳо воридгардида ба ҳамдигар баргардонида мешавад ва барои пешгирӣ аз қочоқ тадбирҳои муштарак амалӣ мегардад. Читать дальше...

Ҷопон ба паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон кӯмак мекунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Ҷопон ба паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон кӯмаки бебозгашти фаврӣ хоҳад кард. Дар хабарномаи сафорати ин кишвар дар Душанбе омадааст, аз ёрии ҳукумати Ҷопон кишварҳои  Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон, Эрон ва Узбекистон бархӯрдор хоҳанд буд. Маблағи умумии кӯмак аз 65 миллион доллар иборат буда,ба Тоҷикистон тариқи Раёсати Комиссариати олии умури паноҳандагони СММ 700 ҳазор доллар дода мешавад. Манбаъ меафзояд,Ҷопон кумакҳои башардӯстонаро тавассути ҳафт созмони байналмилалӣ барои таъмин бо манзил... Читать дальше...

Новости России
Москва

Улан-Удэнский ЛВРЗ подвел производственные итоги первого квартала 2024 года


Ҷаласаи Теҳрон: Даъват ба таъсиси ҳукумати фарогир ва роҳ надодан ба нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон

Ozodi.org 

Вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон ҷамъ омада ва роҳҳои таъмини сулҳи пойдор дар он кишвари зери ҳукумати Толибонро баррасӣ карданд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар нишаст, дигарбора мавқеи кишварро такрор кард ва аз вазъи башарӣ дар Панҷшер изҳори нигаронӣ кард.   Дар нишаст вазирони Покистону Туркманистон ва Узбекистон ҳузур доштанд ва ҳамтоёни онҳо аз Чину Русия тавассути иртиботи онлайнӣ дар нишаст суханронӣ карданд. Читать дальше...

Байден пеш аз парвоз ба G20 мехоҳад тарҳи буҷа қабул шавад

Ozodi.org 

Рӯзҳои истироҳат раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи бистгонаи пешрафтаи иқтисодӣ ё G20 дар нахустин мулоқоти ҳузурие дар давраи пандемияи COVID-19 ҷаласа мекунанд. Дар ҷаласае, ки дар шаҳри Руми Итолиё мегузарад, президенти ИМА Ҷо Байден  ҳам иштирок хоҳад кард. Пеш аз парвоз ба Аврупо Байден ният дорад рӯзи 28-уми октябр дар миёни демократҳои Маҷлиси намояндагон тарҳи буҷаро баррасӣ ва ба қабули он пойфишорӣ кунад. Раҳбарони демократҳо гуфтаанд, ки шонси қабули ин санад зиёд аст. Дар миёни хароҷоти аслии буҷа маблағгузории барномаҳои сиҳҳатӣ... Читать дальше...

Лоиқ Раҷабов аз Рауш Манфиои бразилӣ шикаст хӯрд ва аз $ 1 млн маҳрум шуд

Ozodi.org 

Лоиқ Раҷабови 30-сола, варзишгари шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL (Professional fight league) дар вазни сабук аз Рауш Манфиои 29-солаи бразилӣ шикаст хӯрд ва аз 1 миллион доллар маҳрум шуд. Сабқати мазкур шаби 28-уми октябр дар Ҳолливуди Амрико, дар толори Hard Rock Hoteland Casino, доир гардид. Мусобиқа панҷ раунд давом кард ва дар охир ҳамаи доварон якдилона ғалабаро ба Рауш Манфио доданд (48-46, 48-46, 49-46). Ин ғалабаи 15-уми размикори бразилӣ дар сабқати ММА ба шумор меравад... Читать дальше...

"Аз озодии Исмоилов метарсанд, чун гуфтааст, камбудҳоро фош мекунад" 

Ozodi.org 

Ҳашт сол пеш, 28-уми октябри соли 2013, рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоиловро бо гуноҳи "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" даҳуним сол зиндонӣ карданд. Дар ин муддат дар Тоҷикистон се бор қонуни афв қабул шуд, вале аз муҳлати ҳабси ӯ ҳамагӣ як солу чор моҳ кам шуд.

Дар Узбекистон муовини декан бо гумони озори ҷинсии донишҷӯ дастгир шудааст

Ozodi.org 

Муовини декани Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Тошканди Узбекистон бо гумони озори ҷинсии донишҷӯи курси севум дастгир шудааст. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Узбекистон Шохрух Ғиёсов хабар додааст. Бино ба навиштаи тарҳи Nemolchi, донишҷӯй М.К. барои пешниҳоди номзадияш ба ҷоизаи Зулфия, ба назди муовини декан оид ба умури ҷавонон рафта, аз ӯ хостааст, ки барояш тавсифнома диҳад. Муовини декан ба донишҷӯдухтар дастдарозӣ кардааст. Вале баъди фарёд задани духтару тақ-тақ шудани дар ӯро аз тиреза ба замин партофтааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Кто отец Дианы Джокович?






Митап с дизайнером "Амбассадор бренда: кто это и как начать сотрудничество"

В Москве на Портале поставщиков провели более 150 тысяч закупок с начала года

От Розановой до Боголюбова. «Культура» о самых интересных выставках мая

Меры по обеспечению надежного электроснабжения введут в Подмосковье в праздники