Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 24.10.2021

Тарҳи қонуни асосии иттилоот: маҳдудиятҳои кӯҳна, вале дар қолаби нав  

Ozodi.org 

Тарҳи “Кодекси иттилоотии ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати додани посухи мақомоти давлатӣ ва масъулони ниҳодҳои дигарро аз 3 рӯзи дар қонуни "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" таъингардидаро то 30 рӯз дароз кардааст.

“Нони ҳалол” дар Душанбе намоиш дода шуд

Ozodi.org 

“Нони ҳалол”, филми кутоҳе аз рӯзгори ду ноболиғ аст, ки дар намоишгоҳи “Филмбардорӣ дар 48 соат” дар Душанбе намоиш дода шуд. Дар ин филм саҳнаи зиндагии ду ноболиғ намоиш дода мешавад, ки яке бо роҳи дуруст ва дигаре бо роҳи нодуруст пул дарёфт мекунанд.

Дабири кулли СММ гуфт, аз ҳаққи занону духтарони афғон ҳимоят мекунад

Ozodi.org 

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ба талошҳояш барои таҳсили духтарони афғон ва ҷалби занон ба кор дар Афғонистон идома медиҳад. Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ рӯзи 23-уми октябр дар саҳифаи Твитераш навишт, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мемонад ва ба дифоъ аз ҳаққи занону духтарон пойфишорӣ мекунад. Толибон, ки рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд, ба занону духтарон иҷозаи кору таҳсил намедиҳанд. Фишорҳо ба Толибон аз сӯи ҷомеаи Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалӣ... Читать дальше...

Амрико аз Куриёи Шимолӣ хост, озмоиши мушакҳоро қатъ кунад

Ozodi.org 

Як дипломати амрикоӣ аз Куриёи Шимолӣ хостааст, ки озмоиши мушакҳояшро қатъ кунад. Сунг Ким, намояндаи Амрико дар умури Куриёи Шимолӣ аз ин кишвар хостааст, ки ба мизи музокирот баргардад. Ин дипломат, ки бо мақомоти Куриёи Ҷанубӣ гуфтугӯ дошт, аз Куриёи Шимолӣ хостааст, то аз фаъолиятҳои бесуботкунанда даст кашад. Дар гузашта Доналд Трамп, президенти собиқи Амрико ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ бо ҳам дидор доштанд. Дар ин дидорҳо масъалаи барномаҳои мушакии Куриёи Шимолӣ матраҳ шуда буд... Читать дальше...



Дар Олмон 1,2 миллион коргар намерасад

Ozodi.org 

Агентии федеролии меҳнат дар Олмон аз норасоии 70 навъи мутахассисон дар ин кишвар хабар додааст. Ба навиштаи хабаргузории "Мавҷи Олмон", дар ин кишвар 1,2 миллион коргар намерасад. Маркус Йергер, як мақомдори Олмон гуфтааст, ки норасоии коргарон ва мутахассисон ба иқтисод зиён мерасонад. Ӯ даъват кардааст, ки аз кишварҳои дигар бояд мутахассисонро бештар барои кор даъват кунанд. “Дар Олмон омӯзонидани 390 касб ҷараён дорад, вале касбомӯзон кам ҳастанд”,--гуфтааст ӯ. Ба иттилои Донишгоҳи иқтисодии Олмон... Читать дальше...

Эрдуғон фармон дод, ки 10 сафири кишварҳои ғарбӣ аз Туркия хориҷ шаванд

Ozodi.org 

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш додааст, ки сафирони даҳ давлати ғарбиро аз ин кишвар берун кунанд. Ба навиштаи нашрияи “Daily Sabath”, дар ин миён сафирони ИМА, Олмон ва Фаронса низ ҳастанд. Ин хабар дар ҳоле пайдо шуд, ки сафирони панҷ кишвари аврупоӣ ба озодии Осмон Кавал, тоҷири шинохтаи турк, ки бо иттиҳоми даст доштан дар табаддулоти давлатӣ дар боздошт аст, садо баланд карданд. Додситонии Истамбул ӯро дар кушиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июли соли 2016 айбдор ва боздошт кардааст. Читать дальше...

Дар Узбекистон барои интихоби президенти оянда овоз медиҳанд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон имрӯз, 24-уми октябр, маъракаи овоздиҳӣ ба интихоботи президентии ин кишвар оғоз ёфт. Яке аз номзадҳои калидӣ ба мақоми прзидентӣ Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии кишвар аст, ки бори дуюм дар ин маърака иштирок мекунад. Рақибони ӯ чандон чеҳраҳои шинохта нестанд ва бештар тарафдори президенти кунунӣ ҳастанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, онҳоро танҳо барои намоиши демократия вориди майдон кардаанд. Узбекистон, ки 35 миллион аҳолӣ дорад, аз замони истиқлолият, дар сӣ соли пеш... Читать дальше...

“Мо бесарнавиштем”. Муҳоҷирони афғон аз кори СММ дар Тоҷикистон шиква карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар авҷи фирор аз Афғонистон паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз кори дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе норозигӣ мекунанд, вале намояндагии ин созмон мегӯянд, вазифаи кумакрасонии худро ба гурезаҳо анҷом медиҳанд.

"Ду бародарамро куштанд, худам овораам"

Ozodi.org 

Дар авҷи фирор аз Афғонистон паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз кори дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар Душанбе норозигӣ мекунанд, вале намояндагии ин созмон мегӯянд, вазифаи кумакрасонии худро ба гурезаҳо анҷом медиҳанд. Пас аз суқути ҳукумати Афғонистон бо дасти Толибон ва фирори садҳо гуреза ба Тоҷикистон, ин шабу рӯз назди дари Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон корафтодагон бештар ба назар мерасанд. Баъзе паноҳҷӯёни афғон мехоҳанд бо мусоидати ин созмон ба кишвари сеюм раванд... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Самсонова победила Осаку и вышла в третий круг турнира WTA 1000 в Мадриде






Жители Хакасии могут принять участие в конкурсе «Слава России»

Концерт «Стихи войны и мира. Баллада о своих»

Мурманский проект стал лауреатом Международного профессионального конкурса НОПРИЗ на лучший проект – 2023

Пассажир авиарейса из Москвы в Барнаул устроил на борту дебош и был задержан