Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Матбуот: ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш меёбад

0
Матбуот: ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш меёбад

Тобистони соли ҷорӣ интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик ба ватан афзудааст. Оҷонсии иттилооти "Прайм" бо такя ба маълумоти низоми интиқоли пулии "Контакт" менависад, ки фиристодани маблағ аз Русия дар давоми моҳҳои июн ва август дар муқоиса бо баҳори соли ҷорӣ 30 дарсад зиёд шудааст. Ҳаҷми умумии пули интиқолёфта аз Русия ба Тоҷикистон нашр намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки ба ҳисоби миёна як нафар  16 ҳазор рубл фиристодааст.

Ин омор дар ҳоле нашр мешавад, ки равуои мунтазами ҳавоӣ байни Душанбеву Маскав аз 1-уми апрел оғоз шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон баъди тақрибан як соли баста будани марзҳо имкон ёфтанд, ба Русия сафар кунанд. Соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода буданд. Бисёре аз онҳо дар авҷи паҳншавии коронавирус бино бар ҷорӣ шудани карантин бекор ва бемаош монданд ва натавонистанд ба оилаҳояшон пул фиристанд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Рублёв поднимется на шестое место в рейтинге ATP после победы на «Мастерсе» в Мадриде






Путин поручил повышать МРОТ опережающими темпами

Полицейский проиграл квартиру на ставках и совершил самоубийство в Москве

Президент Кубы Диас-Канель прилетел в Москву для участия в торжествах Дня Победы

ТЕСТ для настоящих любителей фильма "Москва слезам не верит"