Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

"Толибон" ҷаласаи аввалин ҳукумати худро барпо карданд

0

Рӯзи 4-уми октябр аввалин ҷаласаи ҳукумати муваққати ”Толибон” аз замони ишғоли Афғонистон дар моҳи августи соли ҷорӣ баргузор шуд. Дар ин бора сухангӯйи ”Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дода, афзуд, ки маъмурияти ин ҷунбиши исломӣ нашри шиноснома ва корти ҳуввияти шаҳрвандони Афғонистонро аз сар хоҳад гирифт. Моҳи гузашта дар паи беруншавии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ”Толибон” ҳукумати худро таъсис доданд. Ягон кишвари олам ҳукумати онҳоро эътироф накардааст ва маълум нест, ки шиносномаҳо ва кортҳои ҳуввияти аз тарафи ”Толибон” нашршударо касе эътироф хоҳад кард ё не.

 Дар нишасти рӯзи 4-ми октябр ”Толибон” боз чанд нафарро ба мақомҳои вазир ва фармондеҳи низомӣ таъйин намуданд. Ҳамин тариқ, рӯйхати 38 мансабдори тоза таъиншуда, ки мегӯянд, аз тарафи пешвои ”Толибон” мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода ба мақомҳояшон пешбарӣ шудаанд, интишор гашт. Аксари кулли онҳо рӯҳонӣ ва намояндаи қавми паштун буда, пешниҳодҳои ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони қавму миллатҳои гуногун ва аз ҷамла занонро  нодида гирифтааст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублев о победе на "Мастерсе" в Мадриде: у меня нет слов






В Москве задержали ульяновцев, разводивших на деньги столичных бабушек: видео

В Зарайске открыли «Парту героя» в честь летчика-истребителя ВОВ Василия Хряева

Осипов: «На бумаге «Балтика» далеко не фаворит в Кубке России»

Умерла бывшая глава Департамента образования Москвы Любовь Кезина