Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Гурҷистон ва идомаи гуруснанишинии Саакашвили

0
Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Гурҷистон ва идомаи гуруснанишинии Саакашвили

Дар интихоботи маҳаллии Гурҷистон, ки рӯзи 3-юми октябр баргузор шуд, ҳизби ҳоким ғалаба кард. Нозирони беруна гуфтанд, ки овоздиҳӣ хуб ташкил шуд, аммо аз қонуншиканиҳо орӣ набуд. Рӯзи овоздиҳиро ҳабси президенти собиқ Михаил Саакашвили хадшадор кард. Рӯзи 4-уми октябр тарафдорони Саакашвилӣ бо талаби озодии ӯ таҷаммӯъ карданд. Ҳизби “Орзуи Гурҷистон” тавонист бемушкил пирӯз шавад ва зарурате барои баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ намемонад,  ки дар борааш дар созиши ҳукумат ва мухолифон бо миёнҷигии беруна ба хотири пешгирӣ аз бӯҳрони сиёсӣ гуфта шудааст.

Рӯзи 4-уми октябр баъди ҳисоб кардани ҳамаи раъйҳо Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки “Орзуи Гурҷистон” 46,7 дарсади овозҳоро бурдааст. Ҳизби асосии мухолифон – Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ 30,7 дарсади овозҳоро бурдааст.

Михаил Саакашвили – муассиси ин ҷунбиш баъди бозгашт аз Украина ба Гурҷистон дар боздоштгоҳ гуруснанишинӣ эълон кард. Рӯзи душанбе садҳо нафар дар пушти дарҳои боздоштгоҳи Рустави, ки дар ҷанубушарқи шаҳри Тифлис ҷойгир аст, ҷамъ шуданд.

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми октябр гуфт, ки таҳаввулоти Гурҷистонро аз наздик мушоҳида мекунад ва аз мақомоти ин кишвар хост, ки бо Саакашвили муносибати одилона шавад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

WTA огорчила Елену Рыбакину после турнира в Мадриде






Начнёт ли Путин чистку элиты после инаугурации, рассказал Хазин

Сотрудники Росгвардии пресекли хулиганские действия группы граждан в Подмосковье

В условиях непогоды аэропорты Москвы работают штатно

Во Владивостоке суд арестовал американского военного за избиение женщины и кражу