Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Ҳунарпешаҳои рус барои филмгирӣ ба кайҳон парвоз карданд

0
Ҳунарпешаҳои рус барои филмгирӣ ба кайҳон парвоз карданд

Ҳунарпешаи маъруф ва коргардони ҷоизадори синамо Русия субҳи 5-уми октябр савори киштии  "Союз МС-19" ба кайҳон парвоз карданд. Ҳадафи ин тими чорнафара, ки ду нафарашон кайҳоннаварди касбӣ мебошанд, наворгирии филми тахайюлӣ мебошад.

Юлия Пересилд ва Клим Шипенко аз пойгоҳи кайҳонии Байконури Қазоқистон парвоз карданд. Интизор меравад, ки дар поёни имрӯз онҳо ба истгоҳи кайҳонӣ мерасанд. Дар кайҳон пораҳое аз филми “Чолиш” («Вызов») сабт мешаванд. Қисса дар бораи сафари як ҳайати табибон ба кайҳон аст, ки дар мадор амалиёти ҷарроҳии дилро анҷом  медиҳанд.

Продюсерони ин филм раҳбари Роскосмос Дмитрий Рогозин ва Шабакаи якуми ТВ-и Русия мебошанд. Онҳо дар бораи 12 рӯзи ҳузури тими синамогарон дар кайҳон филми ҳуҷҷатӣ мегиранд. Пересилд яке аз ҳунарпешаҳои муваффақи 10-15 соли охири синамои Русия буда, ҷоизаи Беҳтарин ҳунарпешаи занро ҳам бурдааст. Шипенко соли 2017 барои филме дар бораи фоҷеа дар кайҳон ҷоиза гирифтааст. Русия дар бораи нияти филмгирӣ дар кайҳон замоне эълон кард, ки НАСА – оҷонсии кайҳони ИМА гуфт, мехоҳад бо ширкати Том Круз филми бадеие дар кайҳон бардорад. Ҳоло маълум нест, ки ин нақшаи онҳо кай амалӣ мешавад.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки соҳаи кайҳони Русия ҳамоно бар пояи фанновариҳои даврони шӯравӣ амал карда, дучори чандин мушкилот, аз ҷумла,  моҷарои фасод шудааст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублев оставил загадочное послание после победы в Мадриде






Песков: Путин может предложить кандидатуру премьера уже сегодня

Архитектурная подсветка современных ЖК: проблемы и решения

Снегопад из Москвы надвигается на Владимирскую область

В сети вышел танцевальный трек к мультсериалу «Живой гараж»