Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Дидори мақомоти тоҷику қазоқ барои ворид кардани сӯзишворӣ

0
Дидори мақомоти тоҷику қазоқ барои ворид кардани сӯзишворӣ

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки бо Қазоқистон масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро матраҳ карданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дидори мақомоти тоҷику қазоқ дар ин бора рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот раҳбарони ширкатҳои қазоқии "КазМунай газ" ва "Тенгиз Шевройл" иштирок намудаад.

"Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистонӣ дар самтҳои мазкур, инчунин имконияти татбиқи меъёри сифрии хироҷҳои гумрукиро зимни анҷоми амалиёти дахлдори тиҷоратӣ баррасӣ намуданд",-хабар медиҳад сомонаи ВКХ.

Қазоқистон аз таъминкунандаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон аст, ки 80 дарсади ронандагони тоҷик аз он истифода мебаранд. Чанд моҳи охир қимати гази моеъ ва дигар намуд сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафт ва нигаронии сокинонро ба миён овард. Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ, роҳкиро ҳам боло рафт.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублёв стал победителем «Мастерса» в Мадриде






Bloomberg: ЕС введёт санкции против РИА Новости, "Известий" и других СМИ

Посол РБ в РФ Крутой: страна заинтересована в программах России по беспилотникам

Акции «М.Видео» упали на 10% на планах компании увеличить уставной капитал путем SPO

В метро Москвы запустили поезд ко Дню Победы