Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

0
Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Рӯзи 5-уми октябр дар Тошканд президентони Узбекистон ва Туркманистон Шавкат Мирзиеёв ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. Хадамоти матбуоти президенти Узбекистон изҳор намуд, ки дар музокирот ду раҳбар ҷонибдории худ аз назму суботи Афғонистонро ҳамчун калиди рушди давомдори тамоми Осиёи Марказӣ баён карданд. Узбекистон ва Туркманистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд ва дар шимоли Афғонистон шумораи бузурги узбекҳову туркманҳо ба сар мебарад. Дар моҳи август баъди ишғоли Кобул аз тарафи Толибон кишварҳои Осиёи Марказӣ аз амният ва убури марз аз сӯйи фирориёни эҳтимолӣ аз Афғонистон дар ташвиш буданд. Баъди суҳбат бо Бердимуҳаммадов,  Мирзиёев ба хабарнигорон гуфт, Узбекистон ва Туркманистон кумак ба мардуми афғон дар таҳкими сулҳу суботро идома дода, тасмим гирифтаанд, татбиқи барномаҳои байналмилалии марбут бо ин кишварро такмил кунанд. Ин ду президент ба фарқ аз ҳамсояашон – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо “Толибон” дар муколама ҳастанд. Раҳмон гуфтааст, ки ба ҳеҷ сурат  ин гурӯҳи ҷангиро эътироф нахоҳад кард.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Ига Свёнтек

«Ну и кто сказал, что женский теннис — это скучно?» Свёнтек — после матча с Соболенко






Сына замминистра МВД России отправили в колонию

Путин примет участие в юбилейном заседании Высшего Евразийского экономического совета

«Русские витязи» и бронеавтомобиль «Линза»: Что ждет россиян на параде Победы?

Победительница конкурса провела онлайн-урок русского языка для студентов Коломны