Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Дидори Раҳмон бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва баррасии вазъи Афғонистон

0
Дидори Раҳмон бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва баррасии вазъи Афғонистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сафараш ба Брюселл бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо мулоқот кардааст. Ба гуфтаи мақомот, равобити Душанбе бо ин созмон ва вазъи Афғонистон мавзӯъҳои асосии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо буд.

Дафтари матбуоти президент рӯзи 11-уми октябр хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Шарл Мишел, Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин дидор масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, гидроэнергетика  ва омода намудани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ баррасӣ шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо “ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хоса намуданд.”

Тоҷикистон аз камтарин кишварҳои минтақа аст, ки мухолифи ҳукумати Толибон садо баланд кардааст. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, наметавонанд ба вазъи ҳамсоякишвар бетафовут бошанд.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар дидораш бо Ҷозеп Борелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳам вазъи Афғонистонро баррасӣ намуд. Раҳмон ва Борел “ бахусус ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон” таъкид кардаанд.

Рӯзи 11-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Элиан Тилйё, Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия дидор карда, равобити ду кишварро баҳс карданд.

Дар назар аст, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Порис бо ҳамтои фаронсавиаш Эммануел Макрон дидор кунад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Швентек отыграла у Соболенко три матчбола и стала самой молодой теннисисткой с 20 титулами с 2012-го






Мэр Москвы поздравил жителей столицы с Пасхой

Прием заявок на субсидию для производства овощей стартовал в Подмосковье

Сервис на mos.ru поможет спланировать досуг в Москве

"Динамо" обыграло "Сочи" в матче РПЛ и догнало "Краснодар" и "Зенит"