Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Додгоҳи ҳакамӣ даъвои "Penwell"-ро зидди ҳукумати Қирғизистон рад кард

0
Додгоҳи ҳакамӣ даъвои

Маркази намояндагии додгоҳии Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки додгоҳи ҳакамӣ 8-уми октябр даъвои ширкати "Penwell Business Limited"-ро дар бораи пардохти ҷуброн ба маблағи 298 миллион доллар рад кард.

Додгоҳ қарор кардааст, ки "даъвогар ҳангоми сармоягузорӣ дар Қирғизистон борҳо ба воситаи шарикони маҳаллӣ ва бевосита даст ба лоиҳаҳои коррупсионӣ задааст".

Ба огаҳии марказ, ин бори нахуст аст, ки дар таърихи истиқлоли Қирғизистон даъвои сармоягузори хориҷӣ бар асоси таҷрибаҳои коррупсионӣ рад карда мешавад. Ҳукумати Қирғизистон ба ин пирӯзӣ баъди кирояи ширкати ҳуқуқии "Willkie Farr & Gallagher LLP" ноил шудааст.

Ширкати офшории "Penwell Business Ltd" моҳи июли соли 2017 ҳукумати Қирғизистонро ба мусодираи сармояҳои худ дар ширкати "MegaCom" айбдор карда, зиддаш ба додгоҳӣ ҳакамӣ шикоят бурд.

Ширкати "Мегаком" соли 2006 дар асоси ширкати "БиМоКом" таъсис ёфт, ки бо сармояҳои "Penwell" ташкил шуда буд. Писари президенти пешин ва фирории Қирғизистон Максим Боқиев соли 2008 саҳмияҳои "Penwell"-ро дар "БиМоКом" дар пайи як "ғасби рейдерӣ" ба номи худ гузаронд. Ҳукумати муваққати Қирғизистон баъди ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 ва фирори падари Максим ширкатро давлатӣ гардонид.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Первая ракетка мира расплакалась после финала турнира с участием Рыбакиной






Объявлением в розыск Россия послала Зеленскому четкий сигнал

Тюкавин назвал гол в ворота «Сочи» одним из лучших в карьере

РЕН ТВ: один человек пострадал в результате стрельбы в Калуге

Коллекционер из Германии обнаружил в куске янтаря из Мьянмы осу возрастом 100 млн лет