Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Додгоҳи Аврупо баргардонии иҷбории Ҷумадурдиевро ба Туркманистон манъ кард

0
Додгоҳи Аврупо баргардонии иҷбории Ҷумадурдиевро ба Туркманистон манъ кард

Додгоҳи аврупоӣ дар умури ҳуқуқи инсон рӯзи 11-уми октябр мақомоти Русияро огоҳ кард, ки Аҳмад Ҷумадурдиев, шаҳрванди 26-солаи Туркманистон набояд, то анҷоми мурофиаҳои додгоҳӣ иҷборан ба Туркманистон фиристода шавад.

Дар ин бора рӯзи 11-уми октябр Маркази ҳомии ҳуқуқи "Мемориал" хабар дод.

Ҷумадурдиев ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Русия боздошт шуд. Вай мехост, аз Русия ба Эстония фирор кунад. Мақомоти Русия вуруд ва ҳузури ӯро то соли 2055 манъ карданд.

Ҷумадурдиевро дар Туркманистон бо айби "тундгароӣ" дар пайгард қарор додаанд.

Ин шаҳрванди Туркманистон дар Донишкадаи техникиву гуманитарии Ивангород таҳсил мекард. Соли 2017 ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт карданд. Ҷумадурдиев 1 сол баъд аз боздошт раҳо шуд.

Вай аз Русия ва Эстония дархости паноҳандагӣ карда буд. Русия дархости ӯро рад кард.

Ҷумадурдиев рӯзи 26-уми июли соли ҷорӣ ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Русия бо Эстония боздошт шуд. Марзбонони Эстонию ӯро дубора ба Русия ирсол карданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Рублёв поднимется на шестое место в рейтинге ATP после победы на «Мастерсе» в Мадриде






Росія планує диверсії по всій Європі, – ЗМІ

Гештальт-психолог Саморукова напала на сотрудницу отеля в Москве

РЕН ТВ: один человек пострадал в результате стрельбы в Калуге

Адвокат Тимура Иванова хочет обжаловать решение суда для смягчения приговора