Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Тарҷумони афғон, ки Байденро наҷот дода буд, Афғонистонро тарк кард

0
Тарҷумони афғон, ки Байденро наҷот дода буд, Афғонистонро тарк кард

Амон Халилӣ, мутарҷими афғон, ки бо артиши амрикоӣ ҳамкорӣ дошт, ҳамроҳ бо хонаводааш аз Афғонистон берун бурда шуд. Онҳо ба Покистон ва аз он ҷо ба кишвари дигари амне интиқол меёбанд, хабар дод ABC News.

Дар соли 2008 Халилӣ президенти кунунии ИМА Ҷо Байденро наҷот дода буд. Байден он замон сенатор буд. Байден ва ду ҳамроҳи дигараш ба Афғонистон омада буданд. Чархболи онҳо нишасти изтирорӣ анҷом дод. Чанд кас, аз ҷумла Халилӣ ба наҷоти Байдену ҳамроҳонаш рафтанд. Бо талоши Халилӣ ва дигар наҷотдиҳандагон сенаторҳои амрикоӣ аз минтақаи хатарнок наҷот ёфтанд.

Дар моҳи августи соли 2021, замоне, ки низомиҳои амрикоӣ хориҷ бурдани ҳамкорони маҳаллиашонро аз Афғонистон шуруъ карданд, Халилӣ натавониста буд, ки визаи махсуси муҳоҷират дарёфт кунад. Вай тавассути чанд расонаи амрикоӣ аз Байден хоста буд, ки ӯро ҳамроҳ бо хонаводааш ба хориҷ барад. "Ман ва хонаводаамро наҷот диҳед. Маро инҷо фаромӯш насозед", - навишта буд мутарҷим.

Низомиёни амрикоӣ қариб 20 сол дар Афғонистон буданд.  Охирин ҳавопаймои амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро рӯзи 30 августи соли 2021 тарк кард. Баъди ин ҳаракати "Толибон" аз анҷоми ҷанг ва "пирӯзӣ" дар он хабар доданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Швентек отыграла у Соболенко три матчбола и стала самой молодой теннисисткой с 20 титулами с 2012-го






Зарема Салихова: в чемпионате "Спартаку" ловить нечего

Отказ США от российского урана может ударить по ...

Замминистра обороны Иванов просит отпустить его из СИЗО на Рублёвку: Не шутка, а ходатайство по делу

Адвокат Тимура Иванова хочет обжаловать решение суда для смягчения приговора