Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Чину Покистон хостории ёрии изтирории байналмилалӣ ба Афғонистон шуданд

0
Чину Покистон хостории ёрии изтирории байналмилалӣ ба Афғонистон шуданд

Рӯзи 26-уми октябр дар як муроҷиати муштараки раҳбарони Чину Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо шудааст, ки дар пешорӯи зимистони сард ва камбуди шадиди ғизову маводи дорувор ба Афғонистон кӯмаки изтирории башариву иқтисодӣ расонида шавад. Дар изҳороте гуфта мешавад, ки нахуствазири Покистон Имрон Хон ва президенти Чин Сӣ Ҷинпин дар як сӯҳбати телефонӣ вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд ва ба ин назаранд, ки мардуми ниёзманд ба хотири “коҳиши эҳтиёҷоту пешгирӣ аз бесуботӣ дар кишвар”, ки баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ  ба раҳбарии ИМА ва сари қудрат омадани  “Толибон” дар моҳи август эҷод шудааст, ба кӯмак ниёз доранд.  

Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар Қатар бо намояндагони “Толибон” масоили марбут ба ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад.

Чин аз “Толибон” хост, ки гузаргоҳҳои марзиро боз нигаҳ доранд ва ба Афғонистон дар ҳаҷми 31 миллион доллар ёрии башарӣ ва 3 миллион дона воксинаи зидди COVID-19 тақдим кард.

Чин, ки давоми солҳои дароз мухолифи ҳузури нирӯҳои байналмилаливу НАТО дар Афғонистон буд, дари сафораташро дар Кобул боз нигаҳ доштааст. Вале айни замон ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст. Чин аз “Толибон” эҷоди ҳукумати фарогирро тақозо намуд. Покистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки дороиҳои пулии Афғонистон дастрас шаванд, то ки Кобул ба хотири пешгирӣ аз амиқрафти бӯҳрон ба пулҳои худ дастрасӣ дошта бошад. “Толибон” ҳоло аз дастрасӣ ба тахминан 9 миллиард доллар пулҳое, ки қисми асосиаш дар ИМА мебошанд, маҳрум аст.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Стало известно, с кем сыграет Вероника Кудерметова во втором круге турнира WTA-1000 в Риме






За ЖКХ пустующих квартир теперь заплатят соседи: новые правила расчета

График поездов на МЦД-4, Киевском и Горьковском направлениях изменится 11 мая

Свыше 35 километров дорог отремонтируют в Можайске в 2024 году

Свыше 200 фасадов жилых домов отремонтировали в Подмосковье