Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Эрдуғон “аз ҷаҳлаш” гашт?

0
Эрдуғон “аз ҷаҳлаш” гашт?

Як рӯз баъди таҳдиди президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ихроҷ кардани сафирони даҳ кишвари ғарбӣ аз ин қаламрав лаҳни танишҳои сиёсӣ каме поин омадааст. Рӯзи 25-уми октябр дар як ҷаласаи ҳукуматӣ, ки ба масъалаи манъи кори  дипломатҳо рабт дошт,  Эрдуғон гуфт, ин ҳодиса барои дипломатҳо “дарс шуд ва акнун онҳо боэҳтиёт хоҳанд шуд”. Сӯҳбатҳои Эрдуғонро телевизиони давлатӣ ҳам нишон дод. ИМА ва чандин кишвари дигари нигарон аз таҳаввулоти ахир изҳороти бо ҳам монанде нашр карда гуфтанд, ки дипломатҳои онҳо мутобиқ бо эъломияи СММ дар бораи адами дахолат ба умури дохилии кишвар амал мекунанд.

Моҷаро баъди он сар зад, ки сафоратҳои ИМА, Олмон, Канада, Дания, Финляндия, Фаронса, Нидерланди, Зеландияи Нав, Норвегия ва Шведсия бо нашри изҳороти муштарак озод кардани як марди саховатманди зиндонӣ Усмон Каваларо талаб карданд. Кавалаи 64-соларо бидуни иттиҳоми расмӣ барои ширкаташ дар намоишҳои эътирозии соли 2016, ки онро мақомот талоши кудато номиданд, ба чор соли зиндон маҳкум карданд.  Худи ӯ гуфт, ки ҳеҷ кори ғайриқонунӣ накардааст ва ҳукумати Эрдуғонро барои саркӯби дигарандешон интиқод кард.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Александр Зверев

Александр Зверев раскритиковал график соревнований в туре






Премьер Армении обсудит с Путиным вопросы безопасности в закрытом режиме

Великобритания выслала российского военного атташе. В российском МИД обещают дать «адекватный ответ»

Фестиваль «Московская весна» приглашает детей на мастер-классы

Киноэксперты назвали пять военных фильмов, которые стоит пересмотреть