Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2021

Новости за 11.10.2021

Даври нави гуфтугӯи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи марз

Ozodi.org 

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи ду кишвар, ҷаласаи навбатиро баргузор кардаанд. Ин музокирот аз 5- ум то 9 -уми октябр дар шаҳри Исфанаи Қирғизистон баргузор шудааст. Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, тарафҳо дар поёни гуфтугӯ протокол имзо карданд. Ҷузъиёти ин санад ифшо карда нашудааст ва дақиқ нест, ки ҷонибҳо ба кадом созише даст ёфтанд ё не? Тибқи нақша мулоқоти навбатӣ дар Тоҷикистон сурат мегирад. Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад,... Читать дальше...

Табиб гуфт, Саакашвили бояд дар беморхона муолиҷа шавад

Ozodi.org 

Собиқ президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили, ки аз 1-уми октябр ба ин сӯ гуруснанишинӣ эълон кардааст, ба гуфтаи духтураш, бо сабабаи бад шудани саломатиаш бояд дар шароити беморхона муолиҷа шавад. Саакашвили баъди ҳашт соли дурӣ аз Гурҷистон ба ватан баргашт ва ҳамон рӯзи 1-уми сентябр боздошт шуд. Ӯро дар муассисаи нигаҳдории муваққатии Рустави дар канори шаҳри Тифлис нигаҳ медоранд. Ӯ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ зад. Соли 2018 додгоҳе дар Гурҷистон Саакашвилиро дар ғайбаш ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум кард. Читать дальше...

ИМА гуфт, муколама бо “Толибон” “самимиву касбӣ” гузашт

Ozodi.org 

Мақомоти ИМА дар нахустин шарҳи расмӣ баъди ду рӯзи гуфтугӯҳо  бо намояндагони «Толибон» дар шаҳри Давҳаи Қатар гуфтанд, ки ин мулоқот  «самимиву касбӣ» гузашт, тамаркуз сари масоили амниятиву терроризм ва дигар нуқоти калидии марбут ба Афғонистон буд. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 10-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, дар ин гуфтугӯҳо инчунин масъалаҳои марбут ба «ҳуқуқи башар, аз ҷумла, ширкати пурмазмуни занону духтарон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии Афғонистон» матраҳ шуд. Прайс афзуд... Читать дальше...

Ҳушдори ИМА ва Бритониё аз таҳдидҳои амниятӣ дар Кобул

Ozodi.org 

ИМА ва Бритониё аз шаҳрвандонашон хостанд, ки аз меҳмонхонаҳои шаҳри Кобул, ба вижа аз ҳотели “Серена”, ки дар миёни хориҷиҳо бисёр маъруф аст, худро дур бигиранд. Дар ҳушдоре, ки ҳукуматҳои Амрикову Бритониё субҳи 11-уми октябр нашр карданд, аз “таҳдидҳои амниятӣ” ёдовар шуданд. Меҳмонхонаи амнияташ пурра таъмини “Серена” дар Кобул то замони ишғоли Афғонистон аз ҷониби “Толибон” дар моҳи августи имсол яке аз маъруфтарин макони таҷаммӯи хориҷиҳо ба шумор мерафт. Аз моҳи август ба ин сӯ масъулияти... Читать дальше...

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Италия ноком шуданд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни навҷавонони то 21-сола, ки аз 6-ум то 10-уми октябр дар шаҳри Олбияи Италия доир гардид, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар дар чаҳор вазн намояндагӣ карда, ноком шуданд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Узбекистон бо Гулнора Каримова мулоқот кардааст

Ozodi.org 

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Узбекистон Фирӯза Эшматова хабар дод, ки бо духтари президенти пешини ин кишвар Гулнора Каримова дар маҳбаси занонаи Зангиотаи вилояти Тошканд мулоқот кардааст. "Ман бо ӯ мулоқот кардам. Вақте вохӯрдем, ҳама чи хуб буд. Мо боз мулоқот мекунем. Зеро вазъро баъди таҳлил дубора месанҷем", - изҳор дошт Эшматова 8-уми октябр ба рӯзноманигорон. Ин изҳороти Ваколатдори ҳуқуқи инсони Узбекистон баъди шикояти духтари Гулнора Каримова -- Имон аст, ки гуфта буд, ба ӯ иҷозат намедиҳанд, то бо модараш мулоқот кунад. Читать дальше...

Гурезаи туркмантабор соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Ozodi.org 

Табиби туркмантабори Афғонистон Салима Раҳмон соҳиби ҷоизаи ба номи Нансении Дафтари комисари олии СММ дар умури паноҳандагон шуд. Дафтари комисари олии СММ дар умури паноҳандагон 29-уми сентябр эълом кард, ки Салима Раҳмон барандаи ҷоиза шуд. Салимаи 29-сола дар Покистон ба ҳайси пизишки занона кор мекунад. Ба огаҳии СММ, Салима Раҳмон барои "фидокорӣ, далерӣ дар иҷрои вазифаи касбии худ дар давраи пандемияи коронавирус ва талошҳо ба хотири беҳтар кардани таълими духтарон" соҳиби ҷоиза гаштааст. Читать дальше...

Парвандаи қатли Руфайдаро паси дарҳои баста баррасӣ мекунанд

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз се моҳи қатли Руфайдаи 8-сола ба баррасии ин парванда оғоз кард.  Валиҷон Иноятов, падари Руфайда 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, нахустин муҳокимаи қатли духтараш имрӯз баргузор мешавад. Ба гуфтаи Иноятов, сарфи назар аз дархости онҳо, ҷаласаи додгоҳ паси дарҳои баста ҷараён мегирад. Куштану пора кардани ҷасади Руфайда рӯзи 4-уми июли имсол дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ соати 14-и он рӯз “барои қазои ҳоҷат ба манзили бибиаш рафт” ва ҳамин тавр нопадид шуд. Читать дальше...

Таркиш дар анбори аслиҳаи Қазоқистон. "Ин бор касе осеб надид"

Ozodi.org 

Вазорати дифои Қазоқистон хабар дод, ки 10-уми октябр дар анбори муҳимоти муҳандисӣ- ҷангӣ дар деҳаи "Сарикемер"-и вилояти Ҷамбили он кишвар таркиш рух додааст. "Ҳангоми таркиш дар гирду атроф одамон набуданд. Биноҳои атроф низ осеб надидаанд. Вазъ дар минтақа ором аст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати дифои Қазоқистон, ки рӯзи якшанбе нашр шуд. Масъулони вазорат гуфтаанд, эҳтимоли рух додани таркишҳои ҳамсон дар оянда низ вуҷуд дорад. Зеро мутахассисони ин ниҳод дуболи маҳви бозмондаҳои таркиши нахустин ҳастанд. Читать дальше...

Сафари вазири умури хориҷии Ҳиндустон ба Қирғизистон

Ozodi.org 

Субрахманиям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷии Ҳиндустон аз 10 то 13-уми октябр ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон сафарҳоеро анҷом медиҳад. Ба иттилои расонаҳои Ҳиндустон, вазири умури хориҷии ин кишвар 10 октябр вориди Бишкек шуда, қарор аст, дар ҷараёни сафараш бо вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев мулоқот кунад. Ӯ рӯзи 11-уми октябр нахуст ба Қазоқистон ва сипас ба Арманистон сафар мекунад. Дар ҷараёни сафар баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва имзои як қатор созишномаҳо дар назар аст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Мария стала соперницей Азаренко на турнире WTA в Мадриде






Столичный промкомплекс освоил производство элемента для защиты кабелей

Проспект «Красноярский рабочий» перекроют для репетиции шествия ко Дню Победы на час позже

Стало известно о работе полиции в «Институте кроссовок и любви» в Москве

Десятки тысяч нижегородцев написали «Диктант Победы»