Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 02.08.2020

Мақомоти тоҷик фавти 61 нафарро аз коронавирус тасдиқ карданд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шумораи фавтидагон аз коронавирус дар кишвар ба 61 нафар расид. Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 22-юми июл номи беш аз 440 нафарро дарҷ кардаанд. Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 2-уми август хабар дод, ки дар як рӯзи охир 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирусро сабт кардаанд ва як нафар низ фавтидааст. Тоҷикистон охири моҳи апрел сирояти сокинон ба коронавирусро эътироф кард. Читать дальше...

Дар Дубай неругоҳи ҳастаӣ сохтанд

Ozodi.org 

Иморати Мутаҳидаи Араб аз баҳрабардории нахустин истгоҳи неруи ҳастаии “Баракаҳ” хабар дод, ки дар ҷаҳони араб беназир будааст.  Шайх Муҳаммад бини Рашид ал Махтум, шаҳрдори Дубай дар саҳифаи Твитераш рӯзи 1-уми август дар ин бора хабар дод ва зикр кард, ки “имрӯз мо аз истифодаи бомуваффақияти сулҳомези Истгоҳи неруи ҳастаии Имороти Мутаҳидаи Араб дар ҷаҳони араб эълом додем”.  Вай хабар дод, ки “ҳадаф ба истифода додани чаҳор ниругоҳи ҳастаӣ мебошад, то як чаҳор неруи мавриди ниёзи кишварро бароварда кунад”. Читать дальше...

Чаро пул ва бозореро дар марзи Тоҷикистон ҳашт сол боз ба истифода намедиҳанд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки бозори наздимарзӣ ва пули иртиботӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ин ноҳия расман кай боз мешавад. Ин пул 180 метр дарозӣ дорад ва бо кӯмаки молии Олмон бо маблағи 3 миллиону 100 ҳазор доллар 8 соли пеш сохта шудааст. Қарор буд, дар назди ин пул бозори муштараки марзӣ низ фаъол шавад. Мақомоти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз он нигаронанд, ки бозори сохташуда дар деҳаи Шоҳони ноҳия, ки дар рӯ ба рӯи ноҳияи Хоҳони Афғонистон қарор дорад... Читать дальше...

Нашрияе дар Эрон гуфт, раҳбари гуруҳи "Тундар" дар Тоҷикистон боздошт шудааст

Ozodi.org 

Як нашрияи марбут ба “Сипоҳи посдорон”-созмони низомии Эрон иддао кардааст, ки Ҷамшед Шормаҳд, як мухолифи фаъоли ҳукумати ҷумҳурии исломӣ дар Тоҷикистон боздошт шудааст. Ҷамшед Шормаҳд, раҳбари гуруҳи “Тундар” аст, ки мақомоти Эрон ӯро “террорист” ва дар даҳҳо таркишу қатлу куштор  гумонбар медонанд. Коршиносон иддаои ҷониби Эронро бештар таблиғот барои саркуби дигарандешон меноманд. Рӯзномаи “Ҷавон” марбут ба “Сипоҳи посдорон” навиштааст, ки ӯро рӯзи 31-уми июл дар Тоҷикистон боздошт ва баъдан ба Эрон интиқол додаанд. Читать дальше...

Раҳбари СҶТ даъват кард, ки ба пандемияи “давомдор” омода бояд шуд

Ozodi.org 

Тедрос Гебрейесус, раҳбари Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки пандемияи коронавирус эҳтимолан хусусияти «давомдор» касб кунад ва таъсири он даҳсолаҳо эҳсос шавад. Кумитаи зудамали СҶТ рӯзи 1-уми август вазъиятро дар шаш моҳи гузашта, пас аз он, ки коронавирус аз марзҳои Чин дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, баррасӣ кард. Сирояти коронавирус ба сокинони дигар кишварҳои ҷаҳон охири моҳи январ ба вуҷуд омад. Бархе коршиносон ва сиёсатмадорон, аз ҷумла Доналд Трамп, президенти Амрико СҶТ-ро барои... Читать дальше...

Боздошти ҳудуди 70 эътирозгар дар Русия

Ozodi.org 

Дар шаҳрҳои мухталифи Русия рӯзи 1-уми август ҳудуди 70 нафар эътирозгарро боздошт карданд. Онҳо бо пуштибонӣ аз сокинони вилояти Хабаровск, ки наздики як моҳ боз барои раҳоии Сергей Фургал, губернатори ин вилоят эътироз мекунанд, ба кӯчаҳо баромада буданд. Ҳамоиши эътирозӣ дар 20 шаҳри Русия баргузор шуд. Онҳо аз ҳукуматдорон норизоӣ карданд. Ин ҳамоишро расман иҷозат надода буданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки барои "кабутаронро дон додан" ба майдони марказии шаҳр рафтанд. Читать дальше...

Мақомоти афғон аз кушта шудани як раҳбари ДОИШ хабар доданд

Ozodi.org 

Мақомоти иктишофии Афғонистон хабар доданд, ки рӯзи 1-уми август як раҳбари гуруҳи ДОИШ-ро дар ин кишвар куштанд. Ба гуфтаи мақомот, Асадуллоҳ Оракзай, нафаре, ки дар куштори даҳҳо низомӣ ва ғайринизомӣ даст дошт, дар наздикии шаҳри Ҷалолобод кушта шуд. Кушта шудани як раҳбари ДОИШ дар ҳолест, ки миёни гуруҳи Толибон ва давлати Афғонистон барои таҷлили Иди Қурбон оташбаси се рӯза эълон шуда буд. Дар Афғонистон солҳо боз миёни давлат ва гуруҳи Толибон, ки онро мухолифон низ меноманд, ҷанг идома дорад. Читать дальше...

Чаро футболбозони тоҷик ба дастаҳои бузург роҳ намеёбанд?: шарҳи мутахассис

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Фаридун Салиев, котиби матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро футболбозони тоҷик аз ҷониби клубҳои ҷаҳонӣ бо арзиши воқеии худ харида намешаванд ва ҳамзамон ба он дастаҳо роҳ намеёбанд



Баҳси сокинон бо соҳибкор дар деҳаи Мирзочули Рӯдакӣ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Гуруҳе аз сокинони ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ мегӯянд, як соҳибкор ба хотири ҳосили фаровон аз заминҳояш даҳҳо тонна ахлоти паррандаро ба деҳа оварда мардумро дар ҳолати ногувор гузоштааст. Иддаое, ки худи соҳибкор рад мекунад ва мегӯяд, вазъ ба он ҳадде нест, ки сокинон тасвир мекунанд. Видеоро ин ҷо бубинед. Сокиноне, ки ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, гуфтанд, бо вуҷуди ин ки аз бӯи бади ахлот дар гармои тобистон ҳол надоранд, ҳамчунин маҷбур ҳастанд, аз обе, ки аз дохили ин заминҳо ба рудхона (канал) ҷорӣ мешавад... Читать дальше...

Лукашенко мегӯяд, гуруҳи боздоштшуда "ҳадафи дигар"  дошт

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, президенти Белорус гуфтааст, ки кишвараш омодаи ҳамкорӣ бо Русия дар робита ба боздошти 33 шаҳрванди ин кишвар аст. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС хабар додааст. Ҳафтаи гузашта дар Белорус 33 шаҳрванди Русияро боздошт карданд, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, онҳо дар остонаи интихоботи президентӣ ҳадафи тахрибкорӣ доштанд. 9-уми август дар Белорусия бояд интихоботи президентӣ баргузор шавад. Хабаргузории белорусии БЕЛТА навиштааст, ки Александр Лукашенко ҳисоботи раҳбари... Читать дальше...

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Усмон Тошев гуфт, ки дар ин мавсим ҳамаи бозингарон барои муайян кардани сатҳи омодагии худ санҷишҳои махсуси тахассусӣ гузаштанд


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Вторая ракетка Казахстана опустилась в чемпионской гонке WTA






В Киров хотят запустить туристические вагоны

Спрос на новостройки в столице упал на 44%, но цены продолжают расти

В подмосковном ЖК «1-й Южный» построят пешеходный бульвар

В Солнечногорске начался прием заявок на фестиваль вокально‑хоровых коллективов