Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 17.08.2020

Дар бемористони Данғара беш аз 1100 нафарро ҷарроҳии пластикӣ кардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар чаҳор соли ахир дар бемористони ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара беш аз 1100 ҷарроҳии пластикӣ анҷом додаанд. Пизишкон мегӯянд, ҷарроҳӣ бепул аст ва довталабон бештар биниву рӯй, пӯст ва бахшҳои дигари бадани худро тағйир додан мехоҳанд.



Дар бемористони Данғара дар 4 сол беш аз 1110 ҷарроҳии пластикӣ анҷом шудааст

Ozodi.org 

Рост кардани бинии шикаста, бартараф кардани ожангҳои рӯй, ҷудо кардани пӯстҳои часпида ва ҷарроҳии олоти мардона, аз аввалин амалиётҳои пластикӣ дар Бемористони ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара будааст, ки тайи чаҳор соли ахир анҷом шудаанд.  Маъмурияти Донишгоҳи тиббии Хатлон мегӯянд, чаҳор нафар устодони донишгоҳ бо роҳбарии ректор микроҷарроҳиҳоро анҷом медиҳанд. Дар чаҳор соли фаъолияти донишгоҳ, онҳо 1123 ҷарроҳии пластикӣ анҷом додаанд.  Шодмон Аҳмадов, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи тиббии Хатлон гуфт... Читать дальше...

Оғози таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон. Э.Раҳмон таътили тӯлониро кори дуруст номид. АКС

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, эълони таътил дар мактабҳои Тоҷикистон дар моҳи апрел имкон дод, аз сирояти васеи коронавируси нав дар байни муҳассилон ва омӯзгорон пешгирӣ шавад.

Александр Лукашенко гуфт, омода аст, салоҳиятҳояшро тақсим кунад

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус гуфт, ки интихоботи нав баргузор нахоҳад шуд, ҳарчанд ӯ ҳозир аст, салоҳиятҳояшро тақсим ва Қонуни асосиро ислоҳ кунад. Ӯ айни замон афзуд, ки ин корро зери фишори тазоҳургарон нахоҳад кард.

Аз вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико хостанд, ба кор баргарданд

Ozodi.org 

Бинобар нигарониҳо аз маблағузорӣ дар Хадамоти Почтаи Амрико ва нақши он дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 3-уми ноябр аз вакилони Маҷлиси намояндагон хостанд, ба ҷаласа баргарданд. Ненси Пелоси, раиси маҷлис ва вакили Ҳизби демократ рӯзи 16-уми август гуфт, дар ҷаласа санадеро барои раъйгирӣ мегузоранд, ки иҷоза намедиҳад, дар Хадамоти Почтаи Амрико тағйирот ва ислоҳоте анҷом дода шавад. Раиси ин хадамот, ки яке аз шарикони наздики Доналд Трамп аст, ислоҳотеро анҷом доданист ва ба эътирозҳо аз тарафи демократҳо рӯ ба рӯ шудааст.

Лукашенко ба назди коргарони корхонаи тракторсозӣ рафт ва чӣ шунид?

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус гуфт, ки интихоботи нав баргузор нахоҳад шуд, ҳарчанд ӯ ҳозир аст, салоҳиятҳояшро тақсим ва Қонуни асосиро ислоҳ кунад. Ӯ айни замон афзуд, ин корро зери фишори тазоҳургарон нахоҳад кард. Видео ба забони русӣ аст.

Коронавирус ба иқтисоди Ҷопон ва интихоботи Зеландияи нав "осеб" расонд

Ozodi.org 

Баъди хуруҷи коронавируси нав дар Аукланд, бузургтарин шаҳри Зеландияи нав, ҳукумат рӯзи 17-уми август эълон кард, ки интихоботҳои кишварро ба таъхир меандозад. Айни замон Ҷопон гуфт, ки пандемия сабаб шудааст, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз моҳи апрел то июн ба ҳадди рекордии 27.8 коҳиш ёбад. Ҷесинда Арден, нахуствазири Зеландияи нав гуфт, ки интихоботи порлумонӣ рӯзи 17-уми октябр баргузор мешавад. Баъди сабти 50 мавриди сирояти коронавируси нав дар Аукланд, аҳзоби мухолифи давлат талаб карданд, ки интихобот ба таъхир андохта шавад. Читать дальше...

"Истиқлол" ба дарвозаи "Хуҷанд" чаҳор голи беҷавоб зад

Ozodi.org 

Рӯзҳои 15-16-уми август бозиҳои даври 12-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Бозии марказии даври 12-ум рӯзи шанбе, 15-уми август, миёни пешсафони мусобиқа - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд - дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Мизбонон ба дарвозаи меҳмонон чаҳор голи беҷавоб заданд. Чаҳор бозии дигари даври дувоздаҳум рӯзи якшанбе, 16-уми август, баргузор шуд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Юные керамисты школы №2120 выиграли три Гран-при конкурса «Мир дому твоему!»


Узбекистон барои бекор кардани таҳримҳо ба зидди пахтааш ним миллион доллар додааст

Ozodi.org 

Оҷонси пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон барои бекор кардани таҳримҳои эътилофи Cotton Campaign, ки ба зидди пахтаи узбекӣ эълом шудаанд, ширкати махсуси таблиғотиеро киро кардааст.

Тихановская мегӯяд, омода аст, раҳбарии Беларусро бар дӯш бигирад

Ozodi.org 

Светлана Тихановская, сиёсатмадори мухолифи давлати Беларус мегӯяд, омодаи раҳбарии кишвараш аст ва хост, чаҳорчӯби нави қонунӣ барои баргузории интихоботи нави одилона таҳия шавад. Тихановская, дар як муроҷиати видеоӣ, ки рӯзи 16-уми август дар Ютуб нашр шуд, гуфт:  “Ман омодаам, масъулияти раҳбарии кишварро бар дӯш бигирам, то кишвар ором шавад ва ба зиндагии маъмулӣ баргардад.” Ӯ афзуд, ки агар афсарони ниҳодҳои амниятӣ ва пулис аз ҳукумати президент Лукашенко рӯ гардонанд, рафтори гузаштаи онҳоро мебахшад. Читать дальше...

Мухолифати Фаронса ва Австралия ба озодсозии бархе зиндониёни Толибон

Ozodi.org 

Мақомоти афғон мегӯянд, ки монеаҳои наве дар роҳи оғози музокироти байни афғонҳо ба миён омадааст ва ҳукумат талош дорад онҳоро бартараф кунад ва кишварҳоеро, ки мухолифи озодсозии шуморе аз зиндониёни Толибон ҳастанд, қонеъ созанд. Фаронса ва Австралия аз ҳукумати Афғонистон хостаанд он Толибонеро, ки дар қатли сарбозони фаронсавӣ ва австралияӣ даст доранд, озод накунад. Фаридун Хузун, сухангӯи Шӯрои олии мусолиҳа дар сӯҳбат бо расонаҳо таъйид кардааст, ки бар асоси мухолифати бархе кишварҳо,... Читать дальше...

Футболбози тоҷик дар Премйер-лигаи Русия бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Муҳаммад Султонови 27-сола, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар дастаи «Ротор»-и Волгоград дар ду бозии аввали мавсими нави Премйер-лигаи Русия муқобили “Зенит”-и Санкт-Петербург ва “Динамо”-и Маскав ба майдон омад. “Ротор” дар даври аввал 11-уми август дар майдони худ аз “Зенит”, қаҳрамони феълии Русия, бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Нимҳимоятгар Муҳаммад Султонов дар ин бозӣ дар ҳайати “Ротор” то дақиқаи 82-юм дар майдон буд. Ӯро ҳашт дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Бека Микелтадзе иваз намуд. Бозии дувуми... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Камбэком обернулся матч вундеркинда из России перед стартом Еленой Рыбакиной в Мадриде






Сменив имидж, Иван Ургант подрабатывает на корпоративах у российских бизнесменов

Более 300 многодетных семей Сергиева Посада получили электронное удостоверение

В парке Долгопрудного дети посадили «Общественный огород»

В Жуковском высадили деревья в рамках акции «День добрых дел» и «Лес Победы»