Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2020

Новости за 25.08.2020

Раиси "Қирғизистон" гуфт, рақибон талоши аз саҳна берун кардани онҳоро доранд

Ozodi.org 

Канатбек Исоев, раиси Ҳизби "Қирғизистон"-и ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки намояндаи ҳизбаш барои иштирок дар интихоботи порлумонии тирамоҳи соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳоро дар фурсати муайяншуда супоридааст.

Нигоҳе ба ашъори муаллифи "Аз ин Авасто" то "Охири Шоҳнома", ки 30 сол пеш даргузашт

Ozodi.org 

Аз даргузашти як шоири маҳбуб дар Эрон ва ҳам Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд. Меҳдӣ Ахавони Солис рӯзи 24-уми августи соли 1990 даргузашт ва фавти уро талафоти азиме барои адабиёти навини форс медонанд.

Дар Сӯх чӣ мегузарад? Боздоштҳои паёпай баъди се моҳи муноқиша

Ozodi.org 

Ба зидди панҷ сокини ноҳияи Сух бо гумони иштирок дар низои байни деҳаҳои наздимарзии Узбекистону Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Муноқиша рӯзи 31-уми май сар зада буд. Ба қавли сухангӯйи ҳукумати вилояти Фарғона, Муҳаммадҷон Обидов, гумонбарон дар ҷараёни тафтишот дар ҳабс мемонанд.



Ғолибони давраи сенздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон муайян шуданд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

23 август ду бозии даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардиданд, ки дар ҳарду вохӯрӣ ғолиб муайян нагардид ва бозиҳо бо натиҷаи мусовӣ тамом шуданд

Русия ба Белорус зиреҳпӯш ва чархболҳои ҷангӣ медиҳад

Ozodi.org 

Русия ба Белорус чанд адад нақлиёти зиреҳпӯш ё БТР ва чархболҳои ҷангии Ми-35М медиҳад. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" бо такя ба манобеи худ дар вазорати мудофиаи Белорус хабар дод. Ду кишвар дар ҷараёни форуми байналхалқии "Артиш-2020" дар ин бора шартнома бастаанд. Шартнома ду "БТР-82А" ва чаҳор чархболи ҷангии навъи Ми-35М дар бар мегирад. Вазорати мудофиаи Белорус дар пайи эътирозҳои мардумӣ эълом кард, ки чанде аз қисмҳои низомӣ омодагии ҷангӣ гирифта ва афсарони эҳтиётиро ба хизмат даъват кардаанд. Читать дальше...

Помпео умедвор аст, кишварҳои арабӣ бо Исроил "рафиқ" мешаванд

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико бо оғози сафари панҷрӯзае ба Ховари Миёна гуфт, умедвор аст, ки кишварҳои дигари арабӣ бо пайравӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо Исроил робитаҳои дипломатӣ барқарор мекунанд.

Раҳбари Тува мегӯяд, COVID-19 дуввумин бор ба ӯ сироят кардааст

Ozodi.org 

Раҳбари ҷумҳурии Туваи Русия гуфт, баъди се моҳи гирифторӣ ба COVID-19 дигарбора коронавируси нав ба ӯ сироят кардааст. Шолбан Караол рӯзи 24-уми август бо нашри як видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Дар Мексика дарс аз тариқи телевизионро таҷриба мекунанд

Ozodi.org 

Дар Мексика рӯзи 24-уми август таҷрибаи дарс аз тариқи телевизион ба 30 миллион муҳассили мактабҳои миёнаро оғоз карданд. Дар ҳамсоякишвари Мексика дар Амрико нахустин рӯзи дарси онлайнии миллионҳо муҳассил аз тариқи вебсайти Зум (Zoom) ба мушкилӣ печид. Ин вебсайте, ки дар аҳди пандемияи коронавирус барои гуфтугуҳои видеоӣ, ҷаласаҳои ширкатҳо ва омӯзиш аз тариқи Интернет васеъ истифода мешавад, дуввуним соат аз кор монд. Zoom сабаби аз кор мондани хадамоташро нагуфтааст, вале мушкилӣ пойбандии... Читать дальше...

Боздошти мухолифон дар Белорус бештар шудааст

Ozodi.org 

Мақомоти Белорус чанде дигар аз созмондиҳандагони тазоҳуротро дастгир ва теъдоде дигареро барои бозпурсӣ ба идораҳои тафтишотӣ даъват кардаанд. Айни замон вазорати дифо эълон кард, баъзе аз воҳидҳои низомӣ ба ҳолати омодабоши комил даромаданд ва сарбозони эҳтиётӣ низ ба артиш даъват шудаанд. Амалкардҳои ахири ҳукумати Белорусро аломати дигаре аз он медонанд, ки раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ҳеҷ азми рафтан аз қудратро надорад. Ӯ, ки бештар аз 25 сол боз раиси ҷумҳур аст, ба хашми ҷомеа дучор омадааст. Читать дальше...

Сокинони ҷазирақаламрави Сӯхро бо айби ширкат дар беназмиҳо боздошт карданд

Ozodi.org 

Нисбат ба панҷ сокини ноҳияи Сӯхи Узбекистон, ки дар низои байни деҳаҳои наздимарзии Узбекистону Қирғизистон рӯзи 31 майи соли ҷорӣ ширкат доштанд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, дар ҷараёни тафтишот ҳамаи онҳо дар ҳабс боқӣ мемонанд. Сокинони ноҳияи Сӯх гуфтанд, ки мақомот рӯзҳои 22, 23 ва 24 август дар чанд деҳаи ноҳия дар маҷмуъ 12 касро боздошт карданд. Яке аз сокинони ноҳияи Сӯх, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳамаи боздоштшудаҳоро дар иштирок дар бетартибиҳои оммавии рӯзи 31 май айбдор мекунанд. Читать дальше...

Новости России
Москва

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week


Садоҳои баландро дар Душанбе "паст" мекунанд, вале на садои сохтмонҳоро

Ozodi.org 

Ҳукумати Душанбе бо ташкили як комиссия кори марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла клубҳои шабонаро, ки бархе сокинон аз садои баландашон изҳори нигаронӣ кардаанд, ба танзим дароварданист.

Дар Белорус барандаи ҷоизаи Нобел Светлана Алексиевичро бозпурсӣ мекунанд

Ozodi.org 

Барандаи ҷоизаи Нобел, нависанда Светлана Алексиевичро ба ҳайси шоҳиди парвандаи ҷиноии марбут ба таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози Белорус ба бозпурсӣ даъват карданд. Вай вазифадор шудааст, ки нисфирӯзии 26 август дар идораи Кумитаи тафтишотии Белорус ҳозир шавад. Светлана Алексиевич - яке аз ҳафт узви раёсати Шӯрои ҳамоҳангсоз аст. Алексиевич бино ба вазъи сиҳатиаш наметавонад, дар кори раёсат ширкат варзад, вале бо аъзои дигари Шӯро пайваста дар иртибот аст. То ин замон дар доираи парвандаи мазкур чанд аъзои раёсат бозпурсӣ шудаанд. Читать дальше...

Мақомоти Узбекистон санаи барӯйхатгирии аҳолиро муайян карданд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон аз 1 то 25 ноябри соли 2025 барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора ҳукумати он кишвар фармон содир кард. Ин бори аввал аст, ки дар замони мустақилии Узбекистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида хоҳад шуд. Дар он кишвар бори охир соли 1989 аҳолиро ба рӯйхат гирифта буданд. Мақомоти он кишвар тасмим доранд, ки барои озмоиш дар моҳи ноябри соли оянда аҳолиро ба рӯйхат гиранд. Дар фармони ҳукумати он кишвар омадааст, ки афроди воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ин кор ҷалб карда хоҳанд шуд. Читать дальше...

"Истиқлол" дар меҳмонӣ ва "Хуҷанд" дар майдони худ пирӯз шуданд

Ozodi.org 

Рӯзҳои 23-24-уми август бозиҳои даври сездаҳуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дар як бозӣ мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва се бозӣ бо натиҷаҳои мусовӣ хотима ёфт.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Елена Рыбакина рассказала о проблемах на турнире в Мадриде






Столичные росгвардейцы поздравили ветерана Великой Отечественной войны со 100-летним юбилеем

Песков: возможное изъятие активов РФ будет солидным гвоздем в гроб западной экономики

Обниматель для детей назван самой необычной вакансией с высокой зарплатой

МТС предлагает выкупить акции иностранцев со скидкой